“ШОҲНОМА” ВА ЗАБОНИ МУОСИРИ ТОҶИКӢ
Забони форсӣ-дарӣ тайи садсолаҳо дар таърихи таҳаввули худ ба дигаргуниҳои зиёд рӯ ба рӯ шудааст. Бо вуҷуди гирудорҳои сиёсии замон – сари ҳокимият омадани ҳукуматҳои арабӣ, туркӣ-муғулӣ ва дигарон забон аз имтиҳони таърих бо сарбаландӣ гузашта, руҳияи худро на танҳо ҳифз намуд, балки ба тадриҷ рушд намуда, аз зумраи забонҳои қудратмандтарин гардид.
Донишмандон олимон ва мусташриқони маъруф, аз ҷумла С.Айнӣ, Б.Ғафуров, Е.С.Бертелс, А.Н.Болдирев, Н.М.Османов, М.М.Дяков, Муҳаммад Тақии Баҳор, Муҳаммад Муин, Парвиз Нотили Хонларӣ ва як зумра дигарон ҳангоми пажуҳиши масаъалаҳои умдатарини таърих, фарҳанг, маданият ва тамаддуни халқҳои Эрону Мовароуннаҳру Хуросон, инчунин забону адаби форсӣ-тоҷикӣ дар бораи бурду бохт, латофату назокати забон, устувориву шавкати забони тоҷикӣ дар алоҳидагӣ ва дар намунаи ашъори адиби алоҳида андешаҳои арзишнок баён намудаанд. Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ аз ин миён дар канор намондаст. Оид ба “Шоҳнома” паҳлуҳои гуногуни ин асар, ҳамчун намунаи забони ноби тоҷикӣ аз устод Айнӣ сар карда, то имрӯз муҳақққону донишмандони бешумор бо забонҳои мухталиф пажуҳишҳои арзишманде анҷом додаанд ва имрӯзҳо низ ин ҷараён идома дорад, ки он барои вусъат бахшидани соҳоти фаъолияти забони тоҷикӣ мусоидат намуда, дар мукаммал гардонидани захираи луғавии забон, усулҳои вожасозиву интихоби калимаҳои забони муосири тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.
Таҳқиқи лексикаи “Шоҳнома” ба раванди ташаккулёбӣ ва инкишофи таркиби лексикии забони форсӣ-дарӣ равшанӣ андохта, барои ба таври воқеӣ муайян намудани захираи табиии забон ва қудрати калимасозии онро имконпазир мегардонад. Забони “Шоҳнома”, осори Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Робиаи Балхӣ, Кисоӣ, Шаҳиди Балхӣ, Хусрави Сарахсӣ ва суханварони давр то имрӯз барои ҳар тоҷик фаҳмо боқӣ мондааст ва дар паҳнои таърих қариб ки забоне ба мушоҳида намерасад, ки тули зиёда аз ҳазор сол назокат, лутф ва шевоии худро ба меросбарандагони худ расонида тавониста бошад. Забони тоза ва орӣ аз ҳар гуна вожаҳои қарзии Фирдавсӣ ифодагари забони зиндаи даврони будубош ва гузаштаи ӯ мебошад. Ҳамин аст, ки “Шоҳнома” интиқолдиҳандаи забон ва вожаҳои ройиҷи забони адабиёти классик буда, истифодаи ин забон имрӯз барои пешрафти забони тоҷикӣ мусоидат менамояд.
Калимаҳои роиҷи забони замони Фирдавсӣ, ки дар “Шоҳнома” ба кор бурда шудааст, имрӯз қариб пурра забони адабии тоҷикӣ, хусусан ба сифати истилоҳоти соҳоти гуногуни илм, хусусан тибби амалӣ ва назариявӣ ба кор бурда мешаванд.
Зимни чанд байте, ки шоир дар офарини олам гуфтааст, вожаҳое ба кор бурда шудаанд, ки дар тибби қадим ифодакунандаи моеоти организми инсон ва миҷози одам буда, ки имрӯз низ вожаҳои мазкур дар забони зиндаи мардум роиҷ аст:
Яке оташе баршуда тобнок,
Миён боду об аз бари тирахок.
Нахустин, ки оташ зи ҷунбиш дамид,
Зи гармиш пас хушкӣ омад падид.
В-аз он пас зи ором сардӣ намуд,
Зи сардӣ ҳамон боз таррӣ фузуд.
Чу ин чор гавҳар ба ҷой омаданд,
Зи баҳри сипанҷӣ сарой омаданд.
Забони фасеҳ, вожаҳои аслии тоҷикӣ, байти равоне, ки дар Фирдавсӣ ба чамш мерасад, дар Рӯдакӣ ва ҳамзамони Фирдавсӣ Кисоӣ низ дучор меоянд, яъне бо вуҷуди гузашти садсолаҳо забони баёни онҳо тавассути калимаҳои аслии тоҷикӣ имрӯз низ ба фаҳми хонанда наздик буда, онҳоро ба сифати истилоҳ ба кор бурдан мумкин аст. Масалан, зимни байти зер Рӯдакӣ чунин калимаҳоеро ба кор бурда шудааст, ки онҳоро ҳам дар Кисоӣ ва ҳам дар Фирдавсӣ дучор омадан мумкин аст ва вожаи мазкур имрӯз дар соҳаи тиб, яъне фарматсия низ ба сифати истилоҳ мавриди истеъмол царор дода мешаванд:
Рӯдакӣ: Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арӯс ба ҳино шуда ҳазиб.
Кисоӣ: Омад насими сунбул бо мушку бо қаранфул,
В-овард номаи гул боди сабо ба саҳбо.
Оби кабуд буда чун оина зудуда,
Сандал шудаст суда карда ба май мутарро.
Нору ба норвон бар сори ба настаран бар.
Қумрӣ ба ёсуман бар бардоштанд ово
Фирдавсӣ: Дигар бӯйҳоро хуш овард боз,
Ки доранд мардум ба рӯяш ниёз.
Чу бону чу кофуру чун мушки ноб,
Чу уду чу анбар, чу равшангулоб.
Тавре аз байтҳои фавқ ба мушоҳида мерасад, калимаҳои лола, гулоб, анбар, мушк, кофур, ёсуман, настаран, норвон, нор, судан, сандал, гул, қаранфул, сунбул, ҳино истилоҳоте ҳастанд, ки дар осори тибби классикӣ ба кор бурда шудаанд ва имрӯз низ хусусияти истилоҳии худро дар забони адабии муосири тоҷикӣ аз даст надодаанд. Ҳадаф аз истифодаи вожаҳо, тавре аз баёни ифода ва мазмун бармеояд, мазмуни истилоҳии он набуда, балки барои шарҳи сюжет ва манзара, шарҳи эстетикии табиат ва муҳиту зебоии он, тасвири зебоиҳои зан, баёни эҳсост ва гоҳо муолиҷа ва зуҳуроти хоса мебошад.
Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ҳангоми корбурди вожаҳо эҳтиётро аз даст надода, ба истиснои чанд вожаи иқтибосии ҳазмшуда пурра ба забони фосӣ-тоҷикӣ эҷод мекунад. С.Айнӣ ҳамин мазмунро зимни пажуҳишҳои худ дар бораи забони “Шоҳнома” чунин менигорад: “Забони “Шоҳнома” содатарин ва софтарин забонҳои классикони Эрон аст. Ин забон ҳарчанд (чунон ки тазкиранависон мегӯянд) тамоман беарабӣ набошад ҳам, бо вуҷуди ин ки дар замон истилои араб бар Аҷм навишта шудааст, ба дараҷае ки беарабӣ гуфтан тавон, камарабист”.
Дар ҳақиқат мазмуни мазкурро адабётшиноси маъруф Муҳаммад Ғуломризоӣ зимни “Сабкшиносии шеъри форсӣ: аз Рӯдакӣ то Шомлу” чунин ба қалам додааст: “Вожаҳои арабӣ дар шеъри давраи Сомонӣ камтар аз давраҳои баъд аст ва ин амр хислати умумии забони ин даврон аст, аммо дар мавриди хос дар шеъри шоирон бар теъдоди ин вожаҳо афзун шудааст. Муҳимтарин омили афзоиши вожаҳои арабӣ дар баъзе аз шеърҳои давраи Сомонӣ интихоби баъзе қофияҳост. Дар забони шоирони ин давра низ метавон теъдоди вожаҳои арабӣ ёфт, ки қатъан дар забони муҳовараӣ мутадовул набудааст, аммо дар забони аҳли шеър ва адаб ба кор рафтааст, монанди: хиҷол, мазоҳир, муқатрон, оин ва ғ.”
О.Ҳ.Қосимов дар пажуҳиши худ, ки ба хусусиятҳои лексикаи “Шоҳнома” аз мавқеи калимасозӣ бахшида шудааст, зимни боби алоҳидаи он, ки ба “Манзараи олами наботот дар “Шоҳнома”” ном дорад, истифодбарии вожаҳои ифодакунандаи олами набототро чунин шарҳ медиҳад: “Табиист, ки устоди каломи бадеъ Фирдавсӣ ин ё он категорияи воҳидҳои лексикии ифодакунандаи навъҳои растаниро ба ҳар мақсад ба кор бурдааст. Гулҳо, растаниҳои сабз, дарахтони ороишӣ ва ғ.-ро барои нишон додани ҳашамати зиёфатҳои шоҳона, барои маросими тоҷгузории шоҳон бештар набототи даббоғӣ ва хушбӯйкунанда, барои шарҳи маросими дафни аъзоёни оилаи подшоҳон, ашрофзодаҳо ва паҳлавонон ва абзори барои ин ҳадафҳо зарури воҳидҳои лексикии ифодакунандаи моддаҳои хушбӯйкунандаи аслашон табиӣ, дарахтони булутшаклон, ҳангоми шарҳи раванди сохтани шаҳрҳо олами набоботе, ки ба сифати маводи сохмонӣ ва ғ.-ро ба кор мебарад”.
Албатта, Фирдавсӣ вожаҳои ифодакунандаи номи олами набототро, ки ба мақсади тасвири худ - Сари рустанӣ сӯи боло кашид , Гиёҳ руст бо чанд гуна дарахт, Зи каттону абрешиму мӯю қаз, Чу бону чу кофуру чун мушки ноб, Чу уду чу анбар, чу равшангулоб, Ҷуз аз рустаниҳо нахӯрданд чиз, Бад-ӯ - андарун заъфарону гулоб , Зи мушку зи анбар сиришта набуд, Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд, Биёганд мағзаш ба мушку абир, Пур аз мушку кофуру пур заъфарон, Бунафша, гулу наргису арғавон, Суманшоху савсан ба дигар карон, Дарахте, ки тарёки ӯ заҳри мост, Бар ӯ рехта мушки нобу гулоб, Ки дар бӯстонаш ҳамеша гул аст, Ба кӯҳ- андарун лолаву сунбул аст, Ба боло ба кирдори сарви баланд, Лабонаш чу писта, даҳонаш чу қанд, Гулу сунбулу наргису лола кишт, Чи анбар, чи уду чи мушку абир, Ва ё лолаву заъфарон руста шуд, Гулобу маю мушк бо заъфарон, Зи зайтуну аз кавзу аз мевадор, Пур аз наргису себу нору биҳӣ, Бихандид таммуз бо сурхсеб, Биҳиро ниҳоданд бар шодвард, Ҳамон арзану пиставу нордон , Зи зайтуну аз кавзу аз мевадор , Кадуи маю санҷид овард зан, Зи хурмо ҳазору шаккар ҳазор, Сикандар биёмад турунҷе ба даст ба кор бурдааст, имрӯз дар яке аз соҳаҳои тиб – фарматсия ба сифати истилоҳ кор бурда мешаванд.
Аз чанд нуктае, ки ин ҷо баррасӣ гардид, ба хубӣ аён шуд, ки забони зиндаи давраи на танҳо Фирдавсӣ, балки замони Рӯдакӣ ва чанде пеш аз он ҳам бо тамоми лутфу назокат, шавкату шевоии худ то замони мо тавассути осори оламшумули адибоне чун Фирдавсиву Рӯдакӣ, Дақиқӣ ва дигарон чун туҳфаи тақдир ба миллати тоҷик бегазанд расидаанд. Чун мо вожаҳоро аз нигоҳи истеъмоли Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” баррасӣ карда, мавқеи истифодаи онҳоро имрӯз аз нигоҳи илми тиб ба сифати истилоҳ мавриди мушоҳида қарор додем, маълум гардид, ки вожаҳои мазкур аз нигоҳи қонунмандии интихобу сохтани истилоҳ дар забони метавонад ҳамчун истилоҳ на танҳо дар илми тиб, балки дар соҳоти гуногун ба кор бурда шаванд.
Кафедраи забони тоҷикӣ