ХИМИЯ ВА Ё КИМИЁ?
Вобаста ба пайдоиши истилоҳи “Кимиё” ва “Химия” дар маъхазҳои сершумор фикру ақоиди зиёде дар баъзе мавридҳо ҳатто ба ҳам зид мавҷуданд. Шояд сабаб ин бошад, ки дар забонҳои гуногун ҳангоми номгӯй кардани истилоҳи кимиё ибораҳои ҳархела истифода мешаванд. Масалан, истилоҳи кимиё дар забонҳои инглисӣ-кемистрӣ, олмонӣ-хемӣ, фаронсавӣ-ляшимӣ, лотинӣ-хумус ва русӣ-химия истифода мешавад. Истилоҳи химияи дар забони русӣ истифодашаванда аз забони олмонӣ гирифта шудааст.
Дар юнони қадим истилоҳи кимиё аз калимаи химос гирифта шуда буд, ки маънояш «шарбати рустанӣ» аст. Истилоҳи кимиё дар байни форсизабонон дар асарҳои Ҷобир ибни Хайём (асрҳои 7-8) мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин кимиёгари шаҳир истилоҳи «ҳума»-и зардуштиро ба «кимиё» иваз намуд, ки маънои он «сирру асрор» аст. Арабҳо бошанд, ба ибораи «кимиё» пешванди ал-ро ҳамроҳ намуда, онро «алкимиё» номиданд.
Пеш аз он, ки истилоҳҳои асосии дар кимиё истифодабарандаро шарҳ дихем, мо бояд маънои калимаи истилоҳро дарк намоем. Истилоҳ (термин) аз калимаи лотинии terminus гирифта шуда, маънояш интиҳо ва ё сарҳад аст, бинобар ин «истилоҳ» дар аксар мавридҳо ҳамчун натиҷаи ниҳоии муҳокимаронӣ ва ё хулоса истифода бурда мешавад.
Дар бобати истифодаи истилоҳоти илмии кимиё чунин мулоҳизаро дастгирӣ мекунем: Чи хеле, ки дар боло тазаккур додем сарчашмаи пайдоиши вожаҳои «Кимиё ” ва “Химия», русӣ ва тоҷикӣ нест, балки ба забонҳои олмонӣ, юнонӣ, хитоӣ, инглисӣ ва фаронсавӣ марбут аст. Аз ин хотир, вобаста ба мавқеи ҷо ба ҷо гузории калима истифодаи муштараки вожаҳои «Кимиё» ва «Химия» аз манфиат холӣ нест. Масалан, кинетикаи кимиёӣ ва суръати реаксияи химиявӣ ва ё таҳқиқи кинетика ва механизми реаксияҳои кимиёӣ дар равандҳои химиявӣ, истилоҳи кимиёгар на химик ва ғайра.
Имрӯз аксари вожаю калимаҳои байналмиллалӣ ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд, ки ин ҳусни забон ва тарзи баёнро ба хонанда мушкил мегардонад. Масалан, калимаи реаксия(лотинӣ) ба таомул, ки ҳарду истилоҳ маънии аксуламалро дорад, компонентаи лотинӣ ба ҷузъ, метал ва ғайриметал ба филизу ғайрифилиз, мураккаб ба муғлақ, яъне моддаи мураккаб ба моддаи муғлақ, хосияти интенсивӣ ба хосияти бо ҷадал, эквиваленти лотинӣ, ки маънии баробарқимматро дорад ба муодил, ҳодисаҳои химиявӣ ва физикавӣ ба табдилёбии химиявӣ ва физикавӣ, кислотаи русӣ ба ҳомуз ва ё тезоб, раванди ихтиёрӣ ба раванди худ ба худӣ, банди химиявӣ ба робитаи химиявӣ, конденсатсия ба калимаи арабии тарокум, сублиматсия ба тасхир ва табхири арабӣ, буғи сер ба буғи машбӯъ, фишори буғҳои сер ба фишори буғҳои машбӯъ, синтези лотинӣ ба тавлифи арабӣ, диаметр ва радиус ба қутр ва нимқутр масалан, радиуси атом ба нимқутри атом, фармакопея ба қарободин, формулировка ба тасвия иваз шудаанд ва хонандаи имрӯзаро водор месозад ба феҳрист рӯй биёрад. Ин аз як тараф барои бой гаштани фонди луғавии донишҷӯ хуб бошад, аз тарафи дигар барои барномаи таълимиро аз худ намудани ӯ мушкилиҳое зиёде меорад ва донишҷӯро водор меесозад ба гурӯҳҳои русӣ шомил гардад. Аз ин рӯ, дар забон истифода намудани истилоҳҳои байналмиллалӣ барои рушди забон ва ба адабиёти ҷаҳонӣ рӯй овардани хонандаи закӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Аз ин хотир зимни навиштани китобу дастур ва тарҷимаи асарҳо ба мавқеъ истифода намудани истилоҳҳои байналмиллалӣ барои оммафаҳм гаштан ва такмил додани дониши донишҷӯ имконият медиҳад.
Ҳамин тавр, агар мо тамоми рукнҳои қонуни забонро ба назар гирифта амал кунем, дигар мушкилоте дар ин самт боқӣ намемонад. Аз ин лиҳоз, имрӯз ҳар як фарди тоҷикистониро мебояд ва мешояд дар рушд ва ғанӣ гардонидан ва баландтару баландтар бардоштани мавқеъ ва мартабаи забони волою ширини тоҷикӣ ҳиссагузорӣ намояд.
Раҷабова Д.У. -ассистенти кафедраи кимиёи фарматсевтӣ ва заҳршиносӣ