ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ҲИФЗИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ


ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ҲИФЗИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

“Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист....Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллист, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки мо дар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем. Ин забони қадиму асил сарвати бебаҳо ва аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мост....Қарзи фарзандӣ ва рисолати инсонии мост, ки забони модариамон, яъне ин забони ширину шоиронаро баробари модари худ азиз шуморем, дӯст дорем, онро мисли модар, ки моро ба дунё оварда, меҳри забонро бо шири поку ҷонбахш ва муҳаббати онро бо аллаи гӯшнавозаш дар ҷисму ҷони мо ҷой кардааст, эҳтирому эҳтиёт кунем ва мисли гаронбаҳотарин сарвати умрамон ҳамеша гиромӣ дорем”[1,5 ]

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид дар ҷумҳурии мо ҳар сол 5 октябр Рӯзи забони давлатии ҶТ таҷлил карда мешавад [2,2].

Дар марҳилаи кунунии рушди таҳсилоти олӣ дар ҷумҳурии мо тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, хусусан табибоне, ки қобилияти дарки босуръати иттилооти илмӣ ва тиббиро доранд, вазифаи асосии муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ мебошад. Муҳим он аст, ки олимони педагогҳои бузурги гузашта нақши омӯзиши забон ва қудрати калимаи бадеиро дар рушди нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ дар раванди таълим ва тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонони донишҷӯ, дар таъсири мусбати ахлоқии он ба инсон, ки то имрӯз ҳаётан муҳим ва муассир боқӣ мондааст, баланд арзёбӣ кардаанд. Омӯзгорони мактабҳои олии ҷумҳурӣ, пеш аз ҳама, бояд дар донишҷӯёни имрӯзаи тиб эътиқод ба ояндаро ташаккул диҳанд, муҳаббатро ба Ватан, инсоният, каломи зебо, забон, инсонпарварӣ, виҷдони пок ва ҷасорату мардонагиро тарбия намоянд.

Ҳамаи ин худшиносии миллии маънавӣ ва ахлоқӣ, эҳсоси муҳаббат ва эҳтиром ба миллати худро ташаккул медиҳад.

Бояд қайд кард, ки раванди тарбияи сифатҳои ахлоқии шахс дар дарси забони модарӣ самараноктар аст, агар он тавассути истифодаи матнҳои бадеии мутобиқшуда бо назардошти забони модарии донишҷӯён амалӣ карда шавад.

Тарбияи сифатҳои ахлоқии ҷавонони донишҷӯ дар тӯли таърихи инсоният ҳадафи муҳимтарин аст, зеро ахлоқ вазифаи асосиро дар ҷомеаи инсонӣ иҷро мекунад, огоҳона дар рафтори худ ба меъёрҳо ва арзишҳои ҷомеа амал мекунад.

Бояд қайд кард, ки осори бою гаронбаҳо ва пурарзиши адибону олимони фарзона, ҳамчун пири ҳакимони замона-чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва садҳо дигарон солиёни зиёд ҷаҳони ботинии инсониятро шаҳомати маънавӣ бахшида, дар масъалаи ба арши аъло расонидани забони тоҷикӣ саҳми муносиб гузоштаанд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ то сардафтари адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, муаррификунандаи ҳақиқии соҳибони худ – миллати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.

Забони тоҷикӣ— ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад

Боиси хушнудӣ аст, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолии миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус бо ташаббуси Сарвари муаззами давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир андешида шуданд. Таърих собит намудааст, ки устуворӣ ва пойдории ҳар миллату давлат пеш аз ҳама забони миллӣ аст.

Тавре, ки Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумӽурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: “Забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст... Мо бояд барои устувор гардонидани забони давлатиамон мунтазам саъю талош намоем, ҷиҳати ғаниву рангоранг сохтани фонди луғавии он кӯшиш кунем, мақоми забони давлатиро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат баланд бардорем. Омӯхтану донистани ин забони ширину шоирона ва ғамхорӣ барои рушд ёфтану фарогир шудани он қарзи ҳар як фарди соҳибмаърифату бонангу номуси миллат ва тамоми соҳибзабонон мебошад... Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон нахуст забони модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд. Дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он, хусусан, забони муошират яке аз муҳимтарин вазифаҳои мо мебошад”.[1,3].

Бояд қайд кард, ки, дастоварду муваффақиятҳои кишварамон ба мутахассисони соҳибихтисос ва дар айни замон забондон вобастагии калон дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки яке аз дороии асосии ҳар як  қавму  миллат забони ӯст. Ин аст, ки забонро рукни муҳими давлатдорӣ ном мебаранд.   Забон омили муҳими ташаккули миллат,  баёнгари сарнавишт,    мояи ифтихору сарфарозии  соҳибзабонон  мебошад.     Таърихи ҳар халқу миллат дар забони ӯ таҷассум меёбад.   Аз ин рӯ,   тамоми миллату халқиятҳо ба забон эҳтироми шоиста доранд.   Забон дар ҳаёти инсон нақши бисёр муҳим дошта, барои рушди маънавиёти ӯ хизмат менамояд.

Маълум аст, ки яке аз сарчашмаҳои инкишофи забони модарии ҳар халқу миллатро забони шеваю лаҳҷа ташкил дода, он ҳамчун ганҷинаи бебаҳои халқ барои ғанӣ гардидани таркиби луғавии забон хизмат мекунад. Қобили зикр аст, ки академик Б. Ғафуров дар китоби муқаддаси ”Тоҷикон” доир ба таърихи забони тоҷикӣ чунин қайд намудааст “Шароити ба майдони васеи ҳаёти сиёсӣ ва маданӣ баромадани забони форсӣ ва барои дар хати арабӣ таҷассум кардани он, пеш аз ҳама, дар вилоятҳои шарқии хилофат — дар Мовароуннаҳр, Хуросон, Систон пайдо шуда буд. Маҳз дар ҳамин ҷоҳо аввалин давлатдориҳои мустақили Тоҳириён (821—873), Саффориён (873— 903), Сомониён (875—999) ба вуҷуд омаданд ва аъёну ашрофи феодалии мањаллӣ ва доираҳои тарафдори онҳо забони модарии худ, забони аҳолии маҳаллӣ — забони форсиро ба сифати забони давлатӣ ва адабӣ пешниҳод карда, бо ҳамин роҳ истиқлолияти сиёсӣ ва мадании худро дар назди хилофати араб таъкид менамуданд. Аз ин рӯ, табиист ки аввалин кушишҳои сабти хаттии ин забон ба воситаи алифбои арабӣ дар сарзамини Мовароуннаҳр, Хуросон ва Систон ба вуқуъ пайвастааст...Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ҳануз дар ибтидои асри IX ба­рои тараққии адабиёти нави китобии тоҷик, ки бар асоси эҷодиёти даҳанакии халқ қарор гирифта буд, шароити мусоид фароҳам овард, вале ин шароит самараҳои худро дар вақти Сомониён бахшид. Бинобар ҳамин ҳам давраи Сомониён давраи пайдоиши ада­биёти классикии тоҷику форс ба шумор меравад. Дар айни замон ин ифодаро чунин бояд фаҳмид, ки замони Сомониён аслан на давраи ба вуҷуд омадани адабиёти нави тоҷику форс, балки фақат давраи расман эътироф гардидан, ба шакли хаттӣ зуҳур ёфтан ва нашъунамои ин адабиёт мебошад. Хеле вақт пеш аз барпо гардидани давлати Сомониён тоҷикон бо забони модарии худ лафзан асарҳои бадеӣ эҷод мекарданд”[2,505-511]

Дар ҳақиқат, дар забони тоҷикӣ ҳамчун дар оинаи пурҷило симои миллат ва тамоми дастовардҳои маънавии он инъикос мегардад ва аз ин рӯ, дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он зарур мебошад.

      Ба ифодаи шоири ширинкалом Аскар Ҳаким:

    Аз миллату аз забони худ ёд кунед.

     Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

     То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо.

    Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед. ”[5,2,]

Ҳамин тавр, забони мо сарвати мо ва боигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар кадоми мо - соҳибони ин забон мебошад.

Албатта, ин ҳама пояндагиву боландагӣ ва ҷовидонии забон тавассути ҷонсупориҳои фарзандони шарафманди миллат рӯи кор омадаанд, ки барҳақ, боиси сарфарозӣ ва ифтихори ҳар як фарди худогоҳу худшинос аст. Ба қавли устоди зиндаёд Бозор Собир:
       Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
     То наафтанд аз забони хештан.
     Дар сари сад дор љон доданд шоирҳои ӯ,
    То наафтад бар замин қадри сухан. ”[5,1]

Ҳамин тавр, забони тоҷикӣ имрӯз ба ҳайси як забони комил, меъёрӣ ва дорои махсусиятҳои худ забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Омӯзиши забони адабию поки тоҷикӣ аз зинаҳои мактаби миёна оғоз гардида дар мактаби олӣ низ давом меёбад, ки дар ин масъала саҳми омӯзгори мактаби олӣ бениҳоят бузург аст.

Барои ҳамин дар кафедраҳои   МТД «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар таълими фанҳои забони тоҷикӣ ва дигар фанҳои ихтисосии донишгоҳ омӯзгорон ҳангоми машғулиятҳо ба омўзиши забони тоҷикӣ аҳамияти калон медиҳанд, ки дар љараёни он нақши устодон – муаллимон ниҳоят назаррас аст. Омӯзгори мактаби олии имрӯза бояд донандаи хуби забони тоҷикӣ бошад ва бехато сухан ронда, онро ба шогирдон низ омӯзонад.

Қобили зикр аст, ки замони ҳозира, ки дунёи онро фазои электронӣ фаро гирифтааст, барои омӯзгорон ҳам осонӣ ва ҳам мушкилиҳои зиёд эҷод намудааст. Ҳар фарди худшинос, ки имрӯз касби омӯзгориро интихоб намудааст ва ба тарбияи насли наврас машғул аст, бояд ҳуввияти миллӣ ва зиракии баланди сиёсӣ дошта бошад, ҳамеша манфиати ҷамъиятро аз манфиати шахсиаш боло гузошта тавонад.

Бояд қайд кард, ки донистани забони модарӣ ва фарҳанги нутқи касбӣ дар ҷомеаи муосир ҷузъи зарурии тайёрии касбии кадрҳои баландихтисос мегардад ва ҳалли бомуваффақияти масъалаҳои рушди касбии мутахассисон аз сифати забондонии онҳо вобаста аст.

Ҳамин тариқ, ҷалби таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба забон, фарҳанги халқи худ, решаҳои фарҳангии он пеш аз ҳама зарур аст, зеро он имкон медиҳад, ки арзишҳои умумиинсонӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ воқеан эҳтиром ва қадр карда шаванд. Бо хондани адабиёт бо забони тоҷикӣ донишҷӯён ба ҳаёт ва фарҳанги умумиинсонӣ ба таври махсус ҳамроҳ мешаванд, таҷрибаи муносибатҳо ва эҳсосоти инсонро аз худ мекунанд.

Адабиёт

1 Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.\\Чоп шуд 04\10\2019 redaktorhttps://  www.khf.tj/node/1590

2. Ғафуров Б. Ғ.Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна.Китоби якум. Нашриёти “Ирфон”. Душанбе.1983. С.506-511.

3.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16.04. 2017 majmilli  (АМОҶТ  с.2011, №7-8, мод. 608; с.2012, №7, мод.684; №12, қ.1, мод.1011, 1012; с. 2014, №7,қ.2, мод.401; с.2015, №3, мод.209; №7-9, мод.706; с.2016, №5, мод.371, №7, мод.619; с.2016,№11, мод.878)   

4.Забон сарчашмаи асосии истиқлолияти миллист 04 Октябр 2022, Сешанбе https://parlament.tj/news/1216-zabon -sarchashmai-asosii-isti-loliyati-millis.

5.Забони миллат -пояи миллат// Маъмур: cryosphere  04-10-21  2505

https://cryosphere.tj/2021/10/04/5-oktyabr-ruzi-zaboni-davlatii-jumhurii-tojikiston-zaboni-millat-poyai-millat.

      6.Пешвои миллат ва рушди забони давлатӣ/Published on Tuesday, 06October 2020 10:33http://hakikati-sugd.tj/index.php/culture/12413-peshvoi-millat-va-rushdi-zaboni-davlat./   

Шодиматова Малика Каримовна, муаллими калони кафедраи забони тоҷикии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”,

Камолова Раъно Рахматовна, Султонова Дилрабо Хусанбоевна омӯзгорони кафедраи забони русии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”

Юлдошева Мӯниса Умарҷоновна, ассистенти кафедраи эндокринологияи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” 


01.10.2024 986

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php