Шарҳу тавзеҳоти Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ки бо иштирок ва суханронии Пешвои миллат баргузор гардид
Дар кафедраи стоматологияи ортопедии МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, ки бо иштирок ва суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид сӯҳбат – вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он Директори МТИК «Стоматология» н.и.т. Шарипов Х.С., кормандони кафедра ва донишҷӯёни курсҳои 4 –уми факултети стоматологии Донишгоҳ иштириок намуданд. Чорабинии мазкурро мудири кафедра дотсент Зарипов А.Р. ифтитоҳ намуда қайд карданд, ки дар Рӯзи дониш бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти умумии №19-и шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маърӯзаи худ Президенти кишвар қайд намуданд, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷӯҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зинаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҳам аз нигоҳи сифат ва ҳам аз лиҳози шумора куллан дигаргун гардид ва рушду инкишофи бесобиқа пайдо кард. Соли 1991 мо ҳамагӣ 13 мактаби олӣ доштем, ки дар онҳо 69 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекард. Ҳоло шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 47 адад расида, дар онҳо 214 ҳазор донишҷӯён ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ машғул мебошанд. Инчунин, зиёда аз 41 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мо дар беш аз 40 кишвари дунё ба омӯзиши илму дониш машғул ҳастанд.
Бояд гуфт, ки ҳамқадами замон шудан ва дуруст истифода бурдан аз дастовардҳои илму технологияҳои муосир, дар пешрафти онҳо нақш гузоштан, инчунин, муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмилали ба чигунагии муносибат ба илмҳои дақиқу риёзӣ вобастагии зиёд дорад.
Рушди соҳаи маориф дар давраи соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки дар ин марҳала низоми босуботи маориф ба вуҷуд омада, насли бомаърифат, хештаншинос ва ватандӯст ба камол расида истодааст.
Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем. Зеро дар дунёи пурҳаводису ноороми имрӯза бар асари ҷангу низоъҳо, гуруснагиву фақр ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳо садҳо ҳазор кӯдакон имкони ба мактаб рафтану савод омӯхтан надоранд ва ҳазорон нафари дигар ба ҳалокат мерасанд.
Мудири кафедра қайд намуданд, ки дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад. Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд.
Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст. Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад.
Дар охир мудири кафедра маҷлисро ҷамъбаст намуда қайд карданд, ки мо бояд дастурҳои Сарвари давлатамонро сармашқи кори худ намуда, баҳри ободии Ватани азизамон кӯшиш намоем.
Кафедраи стоматологияи ортопедӣ