ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛ


ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛ

Таърих гувоҳ аст, ки дар гузаштаи начандон дур халқиятҳои соҳиби забону фарҳанги ғанӣ ва соҳибтамаддун дар тохтутозҳою кашмакашҳои салтанатхоҳони замон рӯ ба инқироз оварда, аз пайи ин асолати хешро ба таври комил аз даст доданд, ки имрӯзҳо номи онҳоро фақат дар сарчашмаҳои таърихӣ метавон диду халос.

         Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки халқи тоҷик дар умқи асрҳо бо тафаккури хештансиносии бемисл ва ворастагӣ аз зердастии қавмҳои аҷнабие, ки дар қатлу куштор ва хунрезиҳои бесобиқа ҳамто надоштанд, бо вуҷуди он ки ҳама тахту тоҷро аз даст дод, вале ҳуввияти хешро побарҷо нигоҳ дошта омадааст. Ин нукта дар «Забони тоҷикӣ» ном шеъри шоири шаҳири тоҷик – Бозор Собир ба сароҳат баён шудааст:

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод
Хитаи Балху Бухоро дошт, дод
Суннати волою девон дошт, дод
Тахти Сомон дошт, дод…
Худ ба худ дар гушаи хоки диёр,
Аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ
Ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,
Лафзи кӯҳистоние бар боду борон ёд дод.
Рӯдҳоро Рӯдакидон кард ӯ,
Бодҳоро Анварихон кард ӯ.
Рузи ноободиаш точик забон обод кард,
Дар забонаш давлати бедавлати бунёд кард.
Давлате аз харфи вазнин,
Давлате аз шеъри рангин,
Аз чунон шеъре, ки хар як мисрааш,
Ҷӯяе аз хоки сарбозони уст,
Торае нуре аз оташи зардуштони уст.
Гӯё чун сайди маҷруҳ
Ӯ ҷароҳатҳои худро
Гаштаву баргашта лесид,
Бо забони худ даво кард…

Аз бузургтарин неъмат ва сарвати гаронмояи бебаҳо, ки халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва худогоҳу худшиноси тоҷик дар тӯли қарнҳо бо ҷоннисориҳои зиёд ба даст овард, ин бешубҳа, Истиқлоли комили давлатӣ аст, ки имрӯз орзуву омоли чандинсолаи халқи тоҷик ҷомаи амал пӯшид.

Маврид ба зикри хост аст, ки баъди пошхӯрии давлати Сомониён давлати мустақили тоҷикон расман 9 сентябри соли 1991 таъсис ёфт. Мусаллам аст, ки заминагузории Истиқлоли миллӣ дар авоили қарни 20-ум бо ҷонбозиҳои бархе аз фарзонафарзандони халқи тоҷик чун Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров ва ғ. ба вуқуъ пайваста буд. Ва, хушбахтона, дар замони Истиқлол бо ташаббуси Пешвои миллат бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни ин абармардони миллат дар роҳи расидан ба озодиву ваҳдатофаринӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Баъди барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ агар аз як тараф Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта бошад, аз тарафи дигар халқи тоҷик Истиқлол ва Сарвари маҳбуби худро пайдо намуд. Президенти мамлакат аз рӯзи нахустини ҳокимияти худ ба майдони сиёсат ворид шуда, бо хиради сиёсии волову маҳорати баланди роҳбарии хеш ба хомӯш намудани оташи ҷанги хонумонсӯз камари ҳиммат баст. Дар пайи таъмин намудани сулҳу субот нафарони гурезаеро, ки аз таъсири љанги «бародаркуш» тарки диёри падарӣ карда буданд, дубора ба Ватан баргардониданд.

Бояд гуфт, ки муҳимтарин ва волотарин арзиши ба дастомада барои халқи тоҷик дар замони соҳибихтиёрии мамлакат ин бевосита ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.

Пешвои миллат ба майдони сиёсат омадан замон дар рушди стратегии Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар қабул намудани Конститутсия, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, пули миллӣ асос гузоштанд. Маҳз, ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистон имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр дорои амнияту сулҳу суботи пойдор шинохта шудааст.

Ҳамзамон, Пешвои миллат масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист, манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гуруҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, конститутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқи қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд.

Дар ҷҳони муосир, ки тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ ҷараён дорад, тақдири имрӯзу ояндаи худро дар даст доштан аз муҳимтарин омили пешрафту побарҷоии мамлакат арзёбӣ мегардад, ки ин раванд Истиқлоли давлатро комилан ҳифз намуда, амнияти мамлакату оромии ҷомеаро таъмин ва манфиатҳои миллатро пуштибонӣ менамояд.

Халқи тоҷик дар симои Пешвои миллат - шахсияти хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои воқеии худро пайдо намуд. Воқеан ҳам, таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлолро бидуни заҳмату талош ва хизматҳои шабонарӯзии Президенти он тассавур кардан имконнопазир аст. Чунки ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо назир надорад.

 

Хушрӯз Рабиқов,

мутахассиси шуъбаи тарбия


10.09.2024 606

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php