АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллатамон аст, ки бо ҳарфҳои заррин дар саҳфаҳои рангини таърихномаи халқи тоҷик сабт гардидааст. Воқеан, 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатӣ ба даст овард, ки он аҳамияти бузурги таърихиро дорост. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналхалқӣ арзи ҳастӣ намуда аз ҷониби давлатҳои зиёди хориҷӣ ба таври расмӣ эътироф гардид. Ҳанӯз 2 - юми марти соли 1992 давлати мо аъзои комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) гардида, то имрӯз аъзои якчанд созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ мебошапд. Маҳз бо шарофати истиқлолият давлатӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати дохилию хориҷиашро мустақилона пеш бурда истодааст. Боиси ифтихормандист, ки имрӯз тоҷикон соҳиби муқаддасоти худ ба монанди парчам, нишон, асъор, артиш ва суруди миллии хешанд.
Бо эълони истиқлолият, чуноне Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, «орзуи ба даст овардани мустақилияти миллӣ амалӣ гашт. Ва дар асл чунин осон ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад».
Умуман, мардуми шарафманди тоҷик бояд истиқлолиятро ҳамчун ҳадяи камназиру арзишманди таърихӣ қадру эътироф намуда, ҷиҳати истиқрору ҳифзи он доимо кӯшиш намоянд. Вазифаи пурмаъсули имрӯзаи омӯзгорон бошад, дар раванди таълиму тарбия ҳидоят намудани донишҷӯён ба дарку қадрнамоии ин неъмати бебаҳо ва такмили ҳисси меҳандӯстиву худшинсову худогоҳии онҳо маҳсуб меёбад.
Нурматова Малика Рустамовна-номзадаи илмхои тарих ассистенти кафедраи фанхои ҷомеашиносӣ