Дарёи Истиқлол
Бимон, бошад равон дарёи Истиқлол,
Ба коми ошиқи шайдои Истиқлол.
Бимон, ҳамвора бошад бпр сари миллат,
Парафшон парчами волои Истиқлол
Дамад ҳар субҳи содиқ аз дили тоҷик,
Хушо, Мешри ҷаҳонорои Истиқлол
Бимон, аз чор суйи ин ватан доим,
Ба гӯи ҷон расад овои Истиқлол
Хиёбонҳои шаҳри мо бувад лабрез,
Ҳамора аз садои пои Истиқлол
Бар онам неъмате дар ин ҷаҳон набвад,
Башарро ҳамбаҳо,ҳамтоии Истиқлол
Дилам хоҳад, ки бошад аз майи ваҳдат,
Лаболаб соғари минои Истиқлол
Абад дар шаҳкитоби қисмати тоҷик,
Бишуд ҳак вожаи зебои истиқлол
Ҳаким Гӯё, ниёиш кун,ки чун имрӯз,
Шавад лабрези фар фардои Истиқлол
Ғафуров Мирзокалон Устоевич
н.и.т., дотсенти кафедраи урология ба номи профессор Осимӣ А.С.