ИСТИҚЛОЛИЯТ – ДАСТОВАРДИ ПУРАРЗИШИ МИЛЛАТ


ИСТИҚЛОЛИЯТ – ДАСТОВАРДИ ПУРАРЗИШИ МИЛЛАТ

Санаи 7-уми сентябри соли 2024 дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” аз ҷониби ассистентони кафедра Разоқова К.Р. ва Муродов Ғ.З. дарси кушод дар мавзӯи: “Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” инчунин бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ гурӯҳҳои 37-ум ва 59-ум гузаронида шуд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳҳои номбурда пурмазмун пешкаши ҳамагон намуданд.

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо — тоҷикон ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳаммияти калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву ҳар шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон буда, ноил гаштан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад. 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди бузургу хуҷастае ба вуқуъ пайваст – Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти худро эълом намуд ва ҳамчун давлати мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид.  Ва маҳз аз ҳамин давра сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муҳимтарин давраи ҳаёти сиёсӣ ба шакл гирифтан оғоз намуд. Дар солҳои  истиқлолият асосҳои конститутсионӣ ва қонунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пойдор гардид, самтҳои сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, роҳу равиши робитаҳои хориҷӣ вусъат ёфт, ҳувияти миллӣ, эҳсоси худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ боло рафт, озодии виҷдон ва фаъолияти созмону ташкилоти ҷамъиятӣ дар доираи қонун ба низом даромад. Истиқлолият неруи бузурги созандагӣ ва бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандони моро хеле ва хеле боло бурд. Маҳз  истиқлолият моро ба решаҳои тавонои давлату давлатдории чандҳазорсолаамон пайваст намуд ва аз шоҳраги он ба ҷисму ҷони давлати соҳибистиқлоли миллиамон қувваи тоза ва неруи солим дамид.

Истиқлолият барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳое гардид, ки ҳадафҳои бузурги он ба тақдири наслҳои оянда вобаста мебошанд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва таҳти роҳнамоиҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тақдири Ватану давлати аҷдодии худро ба дасти худ гирифта, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳу равиш ва симои хосса пайваст. Ба шарофати истиқлолият Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса пайдо намуда,  тaшaббусҳои ҷумҳурии мо бa хотири тaъмини зиндaгии шоистaи тaмоми сокинони сaйёрa дaр сaтҳи ҷaҳонӣ пaзируфтa шудaнд. Мардуми тоҷик имкон пайдо намуд, ки Ватани худро соҳибӣ, давлатдории миллии худро барпо, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё, ормонҳои деринаи халқро амалӣ ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монад.

«Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан, тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


07.09.2024 678

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php