ДАР ДОНИШГОҲ ШАНБЕГИИ УМУМӢ БАРГУЗОР ГАРДИД


ДАР ДОНИШГОҲ ШАНБЕГИИ УМУМӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Тибқи дастуру супоришҳои ректори МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар саросари Донишгоҳ шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор мегардад. Имрӯз низ чун анъана дар сатҳи факултетҳову кафедраҳои муассиса аз ҷониби кормандону омӯзгорон шанбегии умумӣ ташкил гардида, дастаҷамъона ҳама ба тозаву озода намудани муҳити атроф, синфхонаҳову утоқҳои корӣ, роҳравҳову саҳни кафедраҳо машғул шуда, дар амал татбиқ ва тарғиб намудани Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Соли маърифати экологӣ» эълон гардидани соли 2024 пайваста кор бурда истодаанд.

Бояд гуфт, ки масъалаҳои муҳофизати табиат дар шароити ҳозира вазифаи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Азбаски муҳити зист ҷанбаҳои сиёсиву ватандўстӣ ва ҳуқуқии худро дорад, ҳама бояд дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф саҳмгузор бошад. Чунки яке аз омилҳои муҳими ҳифзи саломатии инсон, ин бешак, дуруст муҳофизат намудани табиат арзёбӣ мегардад.

 

Муовинати тарбия


4
3
2
1
07.09.2024 640

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php