ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИР
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 33 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омада буд.
Имрӯз, санаи 7-уми сентябри соли ҷорӣ тамоми кормандони кафедра бо ҳамроҳии гурӯҳҳои донишҷӯёни факултети тиббӣ дар толори ҷаласавии бинои 2-и МДММТҶТ “Шифобахш” ҳамоиш ороста, сараввал мудири кафедра н.и.т., дотсент Давронзода М.Д. тамоми аҳли нишаст ва ширкаткунандагонро бо ин ҷашни бошукӯҳи сиёсию давлатӣ табрику таҳният намуда, рӯ ба донишҷӯён оварданд ва таъкид доштанд, ки ҷавонон ин дастоварди таърихиро, ки аҷдодони мо барои ба даст оварданаш пофишориҳову ҷоннисориҳо карданд, чун гавҳараки чашм қадр ва ҳифз намоянд, илму дониш андӯзанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ба насли минбаъд супоридани ин дастоварди пурарзиш саъю талоши беандоза намоянд.
Сипас, дигар кормандони таҷрибадори кафедра ҷиҳати моҳияти Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
Ассистент оид ба тарбия Шамсиддин Муродов