33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО САЗОВОР ПЕШВОЗ МЕГИРЕМ
МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” ба хотири сазовор истиқбол гирифтани 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ чорабиниҳои назаррасро амалӣ намуда истодааст. Дар баробари гузаронидани маҳфилҳои сиёсиву маърифатӣ ва илмию адабӣ корҳои ободониву хуррамгардонӣ низ бо маром ҷараён дорад.
Санаи 7-уми сентябри соли ҷорӣ низ гирду атрофи биноҳои таълимӣ тозаю озода карда шуда, сабзаву гулҳо ва дарахтон шодоб гардонида шуданд. Кӯчаҳои ҳамшафати Донишгоҳ ва ҷӯйборҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Утоқҳои корӣ, синфхонаҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва долонҳои кафедраҳо ба тартиб дароварда шуда, омодаи фаъолияти корӣ ва таълимӣ шуданд. Чунин корҳои ободонӣ дар Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, Маркази таълимӣ, илмӣ ва клиникии “Стоматология”, Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”, Маркази ташхисию табобат ва хобгоҳҳо низ ба таври муташаккилона доир карда шуд.
Атрофи биноҳои таълимӣ бо парчамҳои давлатӣ оро дода шуда, шиору овезаҳои идона ва навиштаҷотҳо ба тариқи баннер ва дар шакли электронӣ гузошта шудаанд. Корбарӣ дар ин самт минбаъд низ идома дода мешавад.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ
ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ