СЕМИНАРИ ИЛМӢ ДАР КАФЕДРАИ ТАЪЛИМИ АСОСҲОИ БЕМОРИҲОИ КӮДАКОНА


СЕМИНАРИ ИЛМӢ   ДАР   КАФЕДРАИ   ТАЪЛИМИ АСОСҲОИ БЕМОРИҲОИ   КӮДАКОНА

       Дар кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдаконаи МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” санаи 5 сентябри соли 2024 семинари илмӣ дар мавзуи: “Фалаҷи асаби рӯй” аз ҷониби ординатори клиникӣ Сайдалиев Ш. таҳти роҳбарии духтури шуъбаи неврологии кӯдаконаи МД “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” Хокироев Д. баргузор гардид. Дар маърӯза ХАФ асаби рӯй, нишонаҳои клиникӣ, ташхис, ташхиси фарқкунанда, табобат, пешгӯи ва пешгирӣ   пешниҳод карда шуд. Дар маърӯза шаклҳои олоҳидаи фалаҷи рӯй оварда шуданд, ки онҳо идиопатикӣ (фалаҷи Белл), отогенӣ (отит, мастоидит), сирофтӣ (синдроми Хант), ки сабаби пайдошавиаш V. Herpes Zoster нишон дода шуд.

       Дар охири презентатсия ҳолати клиникии бемор С.А., 7 сола, ки дар шӯъбаи неврологии кӯдаконаи МД “МТ Истиклол” бо ташхиси “Фалаҷи асаби рӯй” табобат гирифтааст, пешниход карда шуд.

      Дар ҷамъбаст, бо назардошти аҳамияти ин патология дар кӯдакон, як қатор саволҳо дода шуданд, ки ба онҳо посухҳои ҳамаҷониба дода шуданд.

                                             Кафедраи таълими бемориҳои кӯдакона


07.09.2024 450

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php