ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ АРЗИШМАНДИ ТАЪРИХӢ
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо,ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард.Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд.
Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангорангу дилфиреб ва ватани азизамонро ба як макони беназир, бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод. То имрӯз дар муддати 33-соли истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва дигарҳо ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.
Як бахши муҳимми дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро метавон ба соҳаи тандурустӣ марбут донист. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз Ватани маҳбуби мо дар соҳаи илми тиб ва дорусозӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола дар муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи тандурустӣ олимону мутахассисон ва донишмандони зиёдро дар ин самт тайёр мекунад.
Пас мо ҷавононро месазад, ки ба қадри ин ҳама ғамхориҳои ҳукумати кишвар расида, дар ин сарзамини сулҳофарину соҳибистиқлол бо сари баланд ҳамеша дар ободиву озодии ин сарзамини биҳиштосову соҳибистиқлол кӯшиш намоем.
Юлдошева М.У-
ассистенти кафедраи эндокринология