ИСТИҚЛОЛИЯТ – НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
Халқи меҳнатдӯсту сулҳпарвари тоҷик дар арафаи ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз қарор дорад. Миллати тоҷик хуб огоҳ аст,ки Истиқлолиятро мо бо чӣ гуна машаққатҳо ба даст овардаем ва чи рӯзҳои вазнину ҳодисаҳои мудҳишеро аз сар гузарондаем. Оилаҳои зиёде бе сарпаноҳ мондаву пайвандонашонро аз даст додаанд. Дар ин давра ҳамватанони мо хонаҳои худро тарк карда, дар сарзамини бегона овораву сарсон гаштанд ва миллат пароканда буд. Аммо бо саъю кӯшиш ва ҷоннисориҳои шабонарӯзии Сарвари миллату халқи тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолият пойдор ва мардумро боз ба ҳам ҷамъ оварданд.
Бо шарофати Истиқлолият Ватани азизи мо соҳиби Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, инчунин Артиши миллӣ гардид. Хушбахтона имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 200 кишвари дунё ҳамчун давлати мустаққил мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҷумҳурии мо бо як қатор давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба роҳ мондааст. Ин аст файзи истиқлол, ки бо кӯшишу ғайрати Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва тамоми халқи меҳнатқарини тоҷик соҳаҳои иқтисодиёт, маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ давра ба давра рушд ёфта, мустаҳкам гардида истодааст. Истиқлолият дар инкишофи илму маориф низ таъсири мусбӣ гузошт. Муҳити созандаву созгоре, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино роҳандозӣ шудааст, самараи истиқлолият буда дар масъалаи тарбияи худшиносию хештаншиносӣ нақши арзандаеро мегузорад, ки татбиқи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, омили асосии ноилшавии дастовардҳои таълиму тарбия ва илм дар ин боргоҳи таълиму тарбияи мутахассисони бофарҳанги соҳаи тибби кишвар маҳсуб меёбад.Қайд кардан зарур аст, ки бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳ ҳамаи кафедраҳо ва марказҳои донишгоҳӣ аз таъмири пурра бароварда шуда, бо дастгоҳҳои муосири ташхисию табобатӣ таъмин карда шудааст ва шароити мусоид барои корҳои омӯзишии малакаҳои амалии донишҷӯён,ташхисию табобатӣ ва таълимию илмӣ фароҳам оварда шудааст. Давлат барои донишомӯзии донишҷуён ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ тамоми имконияту шароитҳоро фароҳам овардааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади хеш дар Рӯзи Дониш санаи 1.09.2024 барои амалӣ гардонидани талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардумро арзёбӣ намуданд. Инчуни дар кишвар бояд то 400 мактабу дабистонхо бунёд карда шаванд, чунки сол то сол талабот ба синфхонахои замонавӣ зиёд шуда истодааст. Мардуми тоҷик хусусан ҷавонон, ки дар замони соҳибистиқлолӣ арзандатарин шароити рӯзгорро соҳибанд бояд ҳамеша дар омӯзиш ва талоши ободии кишвар бошанд. Шукронаи истиқлолият халқи тоҷик дар фазои орому осуда кор ва зиндагӣ доранд. Таҳти чунин маърузаи пурмуҳтаво дар кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ суҳбат-вохӯрии мудири кафедра бо донишҷӯён баргузор гардид.
Ёраков Ф М-н.и.т,мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ.