Баргузории шанбегии дастаҷамъонаи кормандони Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ дар ҳудуди хобгоҳ ва гирду атрофи бино
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва роҳбарияти Донишгоҳ санаи 07.09 соли 2024 бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани пойтахт шанбегии умуминоҳиявии бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди хобгоҳ ва гирду атрофи бинои Пажӯҳишгоҳ бо иштироки кормандон ташкил ва баргузор карда шуд. Дар рафти шанбегӣ тамоми роҳравҳо ва хиёбонҳои маҳаллаи мазкур рӯбучин ва аз партовҳо тоза карда шуданд.
Маъмурияти Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ