ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ


ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 6-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

         Баъди садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино”, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ аҳли раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва муҳассилинро ба ин санаи муҳимми таърихӣ табрику муборакбод намуданд. Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ нодиртарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик буда, дар шароити пуртаззоди ҷаҳони муосир ҳифз намудани дастовардҳои он вазифаи ҳар як шаҳрванди соҳибхирад ва ватандӯст мебошад.

         Дар идомаи суханронӣ роҳбарияти Донишгоҳ аз саҳми мардуми шарифи кишвар таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мустаҳкам намудани пойдевори Истиқлолияти кишвар ва рушди бемайлони мамлакат дар давоми 33 соли бунёдкориву созандагӣ ибрози назар намуданд.

         Раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ, номзади илмҳои сиёсӣ Амонзода Сабоҳат Бобишо зимни ироаи маърузаи илмӣ аз мафҳуми истиқлол то аҳамияти таърихию байналмилалии он маълумот дода, атрофи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва роҳҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ изҳори ақида карданд.

         Барномаи фарҳангии таҳиянамудаи дастаи ҳунарии “Шифо” ба чорабинии идона таровати тоза замм намуд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БА ҶОМЕАИ

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


8
6
4
5
3
2
1
06.09.2024 515

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php