ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ “ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНИСТ” БАХШИДА БА 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ИШТИРОКИ  ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ ОМӮЗГОРОН  ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР БАРНОМАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ “ДУНЁ ПУР АЗ ҶАВОНИСТ” БАХШИДА БА 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 05.09.2024 омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар МД “Телевизиони Сафина” дар барномаи фарҳангиву сиёсии “Дунё пур аз ҷавонист” иштирок намуданд, ки перомуни масоили дастовардҳои даврони Истиқлол, сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар суханронӣ намуданд.

Дар барномаи мазкур, инчунин, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҳузур доштанд, ки дар якҷоягӣ бо устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино атрофи дастовардҳои замони Истиқлол, ки муҳимтарин он сулҳу дӯстӣ, ваҳдату якдилӣ ва амну осоиштагист, мубодилаи афкор сурат гирифт. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради волои сиёсӣ дар самти таҳким бахшидан ба сулҳу субот тавонист аз як кишвари ба қисматҳо тақсимгашта як давлати воҳиду мутараққӣ табдил диҳад.

 


Муродов Шамсиддин-сардори шуъбаи тарбия


06.09.2024 391

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php