“Рӯзи Дониш-Дарси сулҳ” дар кафедраи оториноларингология


“Рӯзи Дониш-Дарси сулҳ” дар кафедраи оториноларингология

Чун ҳамасола дар кишвар 1-сентябр Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо тантана ва шукӯҳи хоса ҷашн гирифта шуда, дарси аввали соли хониш аз дарси сулҳ оғоз мегардад. 1-сентябр дар ҳамаи донишкадаҳо ва донишгоҳҳои олии касбӣ Рӯзи дониш таҷлил гардида, бо эҳдои баланд соли нави хониш эълон карда мешавад.

Дар тамоми саросари кишвар ҷамъомади ботантана бахшида ба Рӯзи дониш бо тамошои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ оғоз гардид. Дар толори маҷлисгоҳи кафедраи оториноларингология ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ низ санаи 01.09.24. Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштироки ҳайати кормандони кафедра ва донишҷӯёни Донишгоҳ тавассути оинаи нилгун сурат гирифт.

Дар зимни суханронии худ доир ба рӯзи дониш ва сулҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Мо дар оғози соли таҳсил ҳамчун анъана Рӯзи донишро бо дарси сулҳ оғоз мекунем, зеро ин ду мафҳум, яъне дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд”. Албатта маҳз арзиши сулҳ аст, ки мо ҳамватанон зиндагии орому осоишта умр ба сар мебарем.

            Дар интиҳои нишаст, мудири кафедра н.и.т., дотсент Давронзода М.Д. тамоми кормандони кафедра ва дар умум кормандони клиникаи гӯшу гулӯ ва биниро ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ табрик намуда, ба эшон соли бурдбору бобарорро таманно намуданд.

                                                         Муродов Ш.Д.-ассистент оид ба тарбия


01.09.2024 287

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php