ТЕРРОРИЗМ-ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ҶАҲОНӢ!
«Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ингуна неруҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити имрӯза сиёсисозии ислом ва экстремизми динӣ ба як хатари бузург барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҳоло бисёр ниҳодҳои илмию таҳлилӣ ба омӯзиши заминаҳои пайдоиш ва сабабҳои таҳрикдиҳандаи ин зуҳурот оғоз намудаанд. Табиист, ки чунин падида дар заминаи хушку холӣ ба вуҷуд наомадааст.
Шояд имрӯз давлате вуҷуд надошта бошад, ки онро хатари терроризм таҳдид накунад. Ифротгароӣ ва терроризм яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд. Дар соле, ки сипарӣ шуд, мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Дар воқеаҳои террористии ба наздикӣ дар Брюссели ба қавле «тақдирсози ҷомеаи башарӣ» рухдода дараҷаи чоруми хатар эълон гардид, ки фақат дар замони фашизми гитлерӣ дар Аврупо ин ҳолатҳои бонги хатар ба мушоҳида мерасид. Асоси ҳамаи ин ваҳшату ҳаросҳо танҳо чанд нафар террористе мебошанд, ки Аврупои бузургу пешрафтаро ба таҳлука овардаанд.
Чунин хатарҳои ҳалокатоварро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ҳамасола дар паёмҳои худ ба маҷлиси Олӣ оқибатҳои номусоиди ин амалҳои ғайриинсониро баён менамоянд. Пешвои миллат ҳанӯз соли 2013 дар Паёми худ чунин нуқтаҳоро қайд карда буданд: «Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву таҳқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд».
Бо вуҷуди чунин вазъ, дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Имрӯзҳо аксари мардуми ноогоҳ ва дур аз илму дониш амалҳои ифротӣ ва террористиро танҳо ба мусулмонҳо нисбат медиҳанд ва ифротгароёнро мусулмон медонанду гумон мекунанд, ки ифрот зодаи Ислом аст.
Аслан мо наметавонем терроризмро ба ягон дин ё миллат нисбат диҳем, зеро терроризму экстремизм моли ягон дин ва ё миллат нест. Ин инсонҳоянд, ки аз ноогаҳиву гумроҳӣ ва ё аз рӯи ин ё он сабаб ё манфиат ифротгаро мешаванд. Дастуроти воқеии на дини Яҳудӣ, на Масеҳӣ ва на дини мубини Ислом ҳеҷ яке пайравонашро ба ифроту тафрит даъват накарда буд ва намекунад. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Яъне террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад.
Дар шароити кунунӣ, ки давраи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳост, инсоният ба бисёре аз мушкилоти фаромилӣ рӯ ба рӯ шудааст. Имрӯз ифротгароӣ яке аз масоили мубрам ва актуалии ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ба яке аз мавзӯъҳои доғ мубаддал шудааст ва хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Бахусус, дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани террористони ба ном «Давлати исломӣ», ки баъзе шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ба он шомиланд, вазъро боз ҳам ноором намуда, боиси ташвиши давлатҳои ҳамсоя гардидааст.
Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯии ба бартараф намудани омиҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию носипосӣ нисбати мероси маънавию фарҳангии он шахсро ба бегонапарастию қадр накардани арзиши дастовардҳои миллӣ оварда мерасонад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Дар ин замони муосир, ки муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ душвор гардида истодааст, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан хеле мувофиқ аст.
Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои боз»-ро пеш гирифтааст ва барои робита дари он барои касе пӯшида нест. Ҳама шоҳидем, ки борҳо аз забони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибораи «ҳушёрии сиёсӣ» садо додааст. Ногузир аст, ки мо бояд ин ишораро такрор ба такрор дарк намоем, ки асри равон нозукиҳо ва печидагиҳои мураккаб дорад.
Мо бояд нахуст ба худ эътимод ва қудрати дарки ҳама чизро дар сурати асл дошта бошем. Мабод он рӯз, ки аз ғафлати сиёсии мо ҷомеа ба ин маризӣ гирифтор шавад. Имрӯз дар ҳасрати сулҳу субот зистани мардумони Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои Шарқ беҳтарин сабақ барои мост.
Бинобар ин шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бодарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулиятшинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Тоштемирова З.М. н.и.т., дотсент, мудири кафедраи физиологияи патологӣ.