ТЕРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАИ ХАТАРНОКИ ТАҲДИДКУНАНДАИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Дар миёни омилҳои бузурги (хатарноки) таҳдидкунандаи ҷомеаи чаҳонӣ терроризм ва экстремизм мавқеи ба худ хосро касб кардааст. Амалиётҳои хурду бузурги терористие, ки сабаби марги нобаҳангом ва боис ба ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ, инчунин зарари калони иқтисодию иҷтимоӣ дар гушаҳои гуногуни дунё мегардад, шаҳодатдиҳандаи тероризми байналмилалӣ ба шумор меравад, ки ба намояндагони қавму нажод ва динҳои мухталиф тааллуқ дорад.
Терроризм-сиёсати асоснокшудаест, ки ҳадафи асосии он истифодаи мунтазами террор аст. Синонимии калимаи террор (лотинӣ- тарс, ҳарос) таҷовуз, тарсондан, воҳима мебошад. Ин мафҳум тавсифи умумии ҳуқуқи қабулшуда надорад. Дар Руссия мафҳуми терроризм ҳамчун идеологияи таҷовуз ва амалан таьсир кардан ба шуури ҷамьиятӣ дар қабул ба қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ фаҳмида мешавад.
Одамони шомили гуруҳҳои терористӣ аз табақаҳои гуногуни ҷамьиятӣ буда, аксаран худро мансуби ин ё он равияи динӣ ва ҷамьиятӣ хонда, дар симои он манфиатҳои шахсии хешро мавриди истифода қарор медиҳанд. Таҳлилхои охири экспертон нишон дод, ки афроди ба доми фаьолони ин гуруҳҳо афтода ҷавонони синну соли аз 18 боло буда, фориғ аз таҳсил ва касбу кори доимӣ мебошанд. Ё инки надоштани маьлумоти кофӣ нисбати фаьолияти гуруҳи даьватшаванда, паст будани маьлумоти динӣ, аз ҷиҳати руҳиву равонӣ заиф будан, зудбоварӣ ва монанди ин омилҳо таьсири худро мерасонад.
Талоши ҷомеаи чаҳонӣ дар мубориза бар зидди амалиётҳои террористӣ ва гуруҳҳои террористӣ ин ба вуҷуд овардани ҳуқуқу озодӣ барои афроди зери фишор қарор дошта ва муҳаё кардани шароити зиндагии беҳтару хубтар аст. Мақсади ташкил кардани қувваи зиддитеррористӣ ҳимояи шахсиятҳо, ҷамьият ва давлат аз хатар ва зуҳуротҳои террористист. Вазифаҳои асосии ба даст овардани мақсади дар боло зикр шуда иборат аст: аз ошкоркунӣ ва дур кардани омилҳое, ки дар амалишавӣ ва паҳншавии терроризм мусоидат мекунанд; ошкоркунӣ ва пешгирии таьсири шахс ва ё ташкилоте, ки барои омодакунӣ ва иҷрои ҷинояти дорои хусусияти террористидошта равона шудаанд; таьсири мутақобила ба паҳншавии идеологияи терроризм, ба вуҷуд овардани чорабиниҳои фаьоли маьлумотдиҳӣ ва тарғиботи дорои хусусияти зидди террористидошта.
Нақши Чумҳурии Тоҷикистон низ дар мубориза бо омилҳои терроризм ва экстремизм хеле бузург аст. Роҳбарияти он ҳамеша дар конференсияҳои гуногуни байналмилалӣ аз оқибат ва хатари тероризми байналмилалӣ ва минтақавӣ ёдоварӣ намуда, нисбати таьсири он ба амнияти кишварҳои ҷаҳон изҳори нигаронӣ намуда, масьалаи ҳарчи зудтар ва саривақт пешгирӣ ва бартараф кардани падидаи номатлуби замонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дар вохуриҳо ва маҷлисҳои сатҳи ҳукуматӣ бо намояндагони табақаҳои гуногуни ҷамьиятӣ - донишҷуён ва устодон, зиёиён ва ходимони илм, роҳбарони идораву ташкилотҳои ҷамьиятӣ масьалаи зиракӣ ва ҳушёрӣ, босаводӣ ва омузиши забонҳои хориҷӣ, инчунин мутахассиси баланихтисос будани ҷавононро яке аз омилҳои муҳими пешгирии ҷавонон аз даст задан ба ҷиноят ва шомил шудан ба гуруҳҳои ифротӣ ҳисобида ва болобарандаи ҳисси милливу ватандустии ҷавонон мешуморанд.
Ҳасанов Ф.Ҷ., н.и.т., дотсент, мудири кафедраи беҳдошт ва экология,
Одинаева Л.Э., н.и.т., дотсенти кафедраи беҳдошт ва экология.