МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ
Дар ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд рў ба рў гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое ки мегўянд, терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тўли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест. Решаҳои терроризм хеле амиқ буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ - фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд.
Терроризм ҳамчун падидаи таърихӣ бо решаҳои худ аз давраҳои қадим ибтидо мегирад. Аз рўи бавуҷудоии худ истилоҳи лотинии «терроро» маънои «тарс, ҳарос» -ро дорад. Лекин ҳамчун падидаи иҷтимоӣ он то пайдо кардани номи худ низ вуҷуд дошт. Дар таърихи инсоният аз ҳама гурўҳи машҳури террористӣ – гурўҳи сиккориҳо дониста мешавад.
Дар асри XX то оғози ҷанги якуми ҷаҳонӣ терроризм ҳамчун нишонаи ҳаракати чап, ҳизбу ҳаракатҳои сотсиалистӣ дониста мешуд. Аммо муборизон барои озодӣ ва соҳибистиқлолии кишвари македония, ирландия ягон иртибот бо ҳаракати чапи таъиноти сотсиалистӣ дошта надоштанд. Баъди ҷанги якуми ҷаҳонӣ ташкилотҳои террористӣ дастгирии худро дар симои гурўҳҳои ҷудоихоҳ, масалан, ҳаракати озодихоҳи хорватӣ дастгирии худро аз тарафи Италия ва Венгрия меёфтанд.
Терроризм инчунин дар доираи ҳаракатҳои фашистӣ рушд карда буд. Мисоли он ҳаракати руминии «гвардияи пулодин» ба ҳисоб меравад.
Солҳои 30-40-уми асри XX терроризмро ҳамчун олоти барои истифода гурўҳҳои эстремистии хусусияти тарафи роста дошта, ба монанди «Бародарони мусулмон» ва ё «Мисри ҷавон» мегиранд.
Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон кирдори террористон ба дараҷаи дуюм паст фаромад. Мақоми онро ҷангҳои хусусияти локалӣ ва ё шиддатнокиаш паст, масалан, ҷанг дар Корея ва ё Ветнам ишғол менамояд.
Аз ҳама амалҳои террористии овозадор маҳз дар даҳсолаи охирони асри XX рух додааст. Дар ҳамин давра стратегияи терроризми муосир коркард шуда, усули баргузории он сайқал дода мешавад. Террористон ба иттиҳодияҳои байналмилалӣ «гурўҳои муттаҳида» сарҷамъ гардида, ба хизмати худ дастовардҳои беҳтарини илм ва техникаро омода менамоянд.
Дар сад соли охир падидаи терроризм ба тарафи манфӣ тағйир ёфт. Терроризм як омиле маҳсуб меёбад, ки бо он ҳамаи ҳукуматҳо чӣ дар сиёсати дохилии худ ва чӣ дар сиёсати берунаи худ бархурдор шуда, онро ба инобат мегиранд.
Қудратнокии терроризм алалхусус солҳои 60 –уми асри XX баланд гардид ва дар натиҷа минтақаҳои калони олам бо фаъолнокии гурўҳҳои террористӣ фаро гирифта шуда буд. Дар давраи муосир дар арсаи байналмилалӣ тақрибан 500 ташкилотҳои ғайриқонунии террористӣ вуҷуд дорад.
Ҷомеаи имрӯзаро гурӯҳҳои ифротгаро низ дар зери ниқоби дини Ислом халалдор месозанд ва мутассифона, аз ин хуни касони бегуноҳ мерезад. Дар асл дини Ислом покиву росткорӣ ва худшиносӣ аст, қатлу куштор ва хиёнатро маҳкум мекунад.
Яке аз муаммоҳои асосии муносибатҳои байналхалқӣ ин мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ ба ҳисоб меравад, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ омодагии худро барои дастаҷамона нест кардани он эълон менамоянд. Лекин инро баъзе давлатҳо ҳамчун баҳона барои васеъ ва мустаҳкам намудани мавқеи геополитикии худ истифода мебаранд. Бахусус, баъд аз ҳодисаҳои 11 сентябри соли 2001 ин гуна муроҷиатҳои дастаҷамъона несту нобуд сохтани терроризм ва экстремизм ба як сатҳи баланди худ расид. Аммо бо вуҷуди зидди терроризм мубориза бурдани ҷомеаи ҷаҳонии имрўза он натанҳо пурра несту нобад карда нашуд, балки террористон барои худ ҳудудҳои нав, аз он ҷумла давлатҳои аъзои СММ- ро аз қабили Ироқ ва Сирия ишғол намуда, давлати бо ном исломиро ташкил намуданд. Ба терористон натанҳо муяссар шуд, ки давлати худро ташкил намоянд, балки тули қариб ҳафтсол зиёдтар мешавад, ки боқимондаҳои онро нигоҳ дошта, амалҳои зишти худро давом диҳанд. Ҳайратовараш он аст, ки дар ҳудудҳои ишғолнамудаи онҳо ягон корхонаҳои истеъсоли яроқ вуҷуд надорад, вале то ба имрўз ҷанги онҳо давом карда истодааст.
Мумкин баъзеҳо гӯянд, ки онҳо боқимондаҳои яроқу аслиҳаи аз ин давлатҳо гирифтаашонро истифода менамоянд. Ин кор аз ҳақиқат дур нест, лек мо медонем, ки барои ҳар як аслиҳа тир лозим аст вақте, ки тир набошад аслиҳа ба як оҳанпора табдил меёбад. Вале саволе ба миён меояд, ки онҳо аз куҷо ин қадар тирро дастрас менамоянд ва бе ягон сарфакорӣ онҳоро истифода мебаранд. Ҳол он ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди онҳо мубориза мебаранд.
Вазъияти Афғонистонро мисол овардан шарт ва зарур нест, чунки аз соли 2001 то ба имрўз на террористон нест карда шуданд ва на маводи мухаддир, ки яке аз воситаҳои ба даст овардани маблағи террористон ба ҳисоб меравад. Балки миқдори заминҳои кишти маводи мухадир ба маротиб афзудааст.
Идома ёфтани ин раванд натанҳо ба вазъияти дохилии Афғонистон, балки ба амнияти минтақа ва алалхусус давлатҳои ба он ҳамсоя таҳдидовар аст. Инро Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ низ борҳо гуфтаанд, ки вазъияти Афғонистонро на бо воситаи қувва, балки бо роҳи кумакҳои реалии иқтисодӣ мо метавонем тағйир диҳем.
Вазъияти кунунии Афғонистон чуноне, ки дар боло зикр намудем пеш аз ҳама барои амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад. Бинобар ин давлатҳои минтақаро мебояд, ки барои ҳалли ин муаммо муборизаро боз ҳам ҷоннок намуда, онро дар алоҳидагӣ не, балки дастаҷамъона пешгирӣ намоянд. Зеро яке аз нуқтаҳои бархурди манфиатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат маҳз Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин онҳоро мебояд, ки ба ҳар зуҳуроту таҳдидҳои пайдошуда дар минтақа ва давлатҳои алоҳида дастаҷамъона мубориза баранд.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати зидди террористиро пеша кардааст, зеро дар рафти ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 – ум фоҷиаи террористиро аз сар гузаронида, аз даҳшати он хуб хабардор мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 3 апрели соли 2008 дар сессияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор гардид, дар баромади худ қайд карда буданд: «Имрўз халқ шоҳиди он гардидааст, ки чӣ гуна терроризми байналмиллалӣ амалиёти таҷовузкоронаи худро таҳти ливои сиёсии моҷароҷўӣ ва таассуби динӣ амалӣ мегардонад. Тоҷикистон нуқтаи назари онро, ки мубориза бар зидди терроризм, яке аз проблемаҳои муҳимтарин, ки имрўз инсоният дучори он гардидааст, дастгирӣ менамояд. Мо терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ меҳисобем».
Дар Паёмашон Президенти кишвар қайд намуданд: “Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият ин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад”.
Сиёсати пешгирифтаи имрўзаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, рӯз аз рўз боз ҳам беҳтар шуда истодааст. Чунин муносибати дўстонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ гарави амнияту субот дар минтақа мебошад.
Дар ин маврид Президенти кишвар дар Паёмашон оиди ҳалли муаммоҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ва омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли онҳо чунин гуфта гузаштанд: “Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад”.
Бояд қайд намуд, ки дар баробари дастаҷамъона мубориза бурдан бо таҳдиду хатарҳои имрўзаи минтақа ва ҷаҳонӣ нақши ҳар як давлат ва алалхусус шаҳрванди онҳо дар алоҳидагӣ хеле калон ва муҳим аст. Дар чунин вазъият вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки давлату миллати худро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва нагузорем, ки касони нохалаф тинҷиву оромии мамлакати моро рахна созад.
Муборизаи мо ба муқобили ин гуруҳҳо ва созмонҳои экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи мардумамон мебошад. Бинобар ин ҳар фарди ҷомеа, хоса насли ҷавонро, ки фирефтаи чизе шуданаш нисбатан осонтар аст, эҳтиёт ва ҳушдор бояд кард, ки то пеш аз анҷоми ҳар амал аз оқибату натиҷаи он андешад.
Ҷомеаи омӯзгорони донишгоҳи мо нисбат ба ин масъалаҳои доғи рӯз бетараф набуда, дар муассиса мунтазам бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, шахсони касбу корҳои гуногун вохӯриҳо, мизи мудаввар, конфронсҳо ташкил менамоянд.
Дар ҷамъомадҳои умумидонишгоҳӣ, ки барои донишҷӯён баргузор мегардад, омӯзгорони фанҳои гуногун, хусусан фанҳои таърих ва ҳуқуқи инсон оид ба мавзӯъҳое, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш овардааст, экстремизм, терроризм ва ифротгароӣ баромадҳо мекунанд ва суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Мақсад аз ин тадбир тарбия намудани донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ мебошад. Онҳоро ба ҳуввияти миллӣ доштан ҳидоят намуда, барои аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват менамояд.
Имрӯз бояд њар яки мо дастаљамъона тамоми малакаву дониши хешро дар нигањдории ҷомеаи озод аз экстремизму ифротгароӣ равона намуда, баҳри ҳаёти осоиштаи инсоният, дар радифи он ба фазои сулҳу ороми Тоҷикистон ва миллати тољик саҳми босазо гузорем.
Табариён М.С., доктори илмњои тиб, профессори кафедраи физиологияи патологӣ, Шукуров Ф.А., ассистенти кафедраи физиологияи патологӣ.