ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ДАР КАФЕДРАҲОИ КЛИНИКИИ ДОНИШГОҲ
Ҳамасола санаи 1-уми сентябр бахшида ба Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф баргузор мегардад. Имсол низ чун анъана Сарвари давлат баъди ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи №19-уми пойтахт бо кормандони соҳа мулоқоти самимӣ анҷом доданд, ки ба аҳли зиёи кишвар нерӯи нав бахшида, дар наздашон масъулиятҳои нав барои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон гузошта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ ва дигар толору синфхонаҳои дарсии Донишгоҳ тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш бо иштироки доираи васеи ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ташкилу баргузор шуд. Ҳамзамон, чунин тамошои дастаҷамъонаи суханронии Сарвари маҳбуби кишвар дар толорҳои лексионии кафедраҳои акушерӣ ва гинекологии № 1, акушерӣ ва гинекологии № 2, эндокринология, бемориҳои кӯдаконаи №2, асабшиносӣ, психиатрия ва психологии ба номи профессор М.Ғ.Ғуломов ва дигар кафедраҳои клиникӣ, ки дар базаи беморхонаҳои шаҳрӣ ҷойгиранд дар сатҳи баланд доир гардид.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ
ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ