ЛИБОСИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН -ИФОДАГАРИ АРЗИШҲОИ ВОЛОИ ИНСОНӢ


ЛИБОСИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН -ИФОДАГАРИ АРЗИШҲОИ ВОЛОИ ИНСОНӢ

Мусаллам аст, ки либос агар, аз як тараф, инсонро ҳамчун мавҷуди бошараф, бомаданият, боҳайё, соҳибақл, соҳибахлоқ муаррифӣ намояд, аз тарафи дигар, вай олами маънавии ӯ, мушаххасан орзую омол, ҳадаф, завқи эстетикӣ, муносибати ӯро ба зиндагӣ, ба олам, ба табиат, ба инсонҳои дигар ба маъраз мегузорад. Дар марҳилаҳои ибтидоии рушди ҷомеа либос аслан вазифаҳои навъи аввалро иҷро менамуд. Яъне, ҳадафи асосии либос пӯшонидани шармгоҳи инсон, бад-ин тариқ ӯро аз ҳайвонот фарқ кунонидан, ӯро ҳамчун соҳибмаърифат ва намояндаи мавҷуди олӣ муаррифӣ намудан буд.

         Тадриҷан чун инсон соҳибфарҳанг мегардаду муносибаташ ба табиат, ба инсони дигар ва олами арзишҳо тағйир меёбад, тавассути либосаш вай шахсияти худро ифшо сохтан мегирад. Яъне, ба василаи либос "Ман"-и «дуюми инсон аз худ дарак медиҳад. Дар ин «Ман»-и дуюм ҳам дониш, ҳам маърифат, ҳам ҷаҳонбинӣ ва ҳам завқи зебопарастии ӯ ифода меёбад. Аз ин нуқтаи назар, ҳангоме либосро чун муаррифгари донишу маърифат ва ҷаҳонбинию завқи зебопарастии шахс арзёбӣ менамоем, пас либос низ бо тағйирёбии сифатҳои зикршуда тағйир ёбад. Мо мехоҳем ё намехоҳем, ҳангоме ҷаҳонбинию завқи зебопарастии шахс ҳамчун маҳсули пешрафти ҷомеа тағйир ёфт, вай ҳатман тағйири либосро ногузир мегардонад.

         Дар робита ба масоили зикршуда агар ба моҳият ва ҳадафи оятҳои қуръонии марбут ба сару либос таваҷҷуҳ намоем, мебинем, ки ин оятҳо ҳамчун вокуниш ба муҳити ҷомеаи ибтидоӣ, дақиқтараш муносибатиҳои қабилавӣ – авлодӣ фиристода шудаанд. Масалан, ояти 31 аз сураи «Нур» талаб менамояд, ки занҳои мусулмон бояд чашмҳои худро аз дидани номаҳрам нигоҳ доранд, шармгоҳи худро ҳифз кунанд ва зебогии худро нишон надиҳанд». Ду амри баёншуда дар ояти 30-юми сураи мазкур дар нисбати мардон низ гуфта шудааст. Таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва амиқ ба мундариҷаи дуояти зикршуда моро ба чунин хулоса меорад, ки ҷомеа, чун ҷомеаи ибтидоӣ будаасту муносибатҳои қабилавӣ-авлодӣ пурра ҳукмрон будааст, аз ин рӯ, беҳайёӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, фаҳшу фосиқӣ амали маъмулӣ гардида будааст. Ҳақиқати хулосаи мазкурро сабаби фурудойии оят низ собит месозад. Дар «Тафсири Ибни Касир» аз номи Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ оварда шудааст, ки Асма бинти Марсад аз қабилаи Бани Ҳарис дар хона будааст. Ин ҳангом занҳое чанд ба хотири фахр аз занҷирбандҳои пойҳои худ ба назди ӯ бидуни қисми поёнии либос ворид мешаванд. Ин занҳо ҳамчунин баҳри пӯшонидани пеши бар ва мӯйҳои худ либосе ҳам надоштаанд. Онҳоро дида Асма мегӯяд: «Чӣ гуна нафратовар аст!». Баъд аз ин оятҳои фавқуззикр, ки мазмунашон баён гардид, фуруд меоянд.

         Агар ҷомеаи онзамонаи арабро, ки сабаби фурудойии оятҳои фавқуззикр шудааст, бо ҷомеаи имрӯза муқоиса намоем, мо аз замин то осмон тафовутро мебинем. Зани имрӯза соҳиби илму маърифат, ҷаҳонбинии пешқадам, малакаю маҳорати корбарию идоракунӣ ва завқи баланди зебошиносию зебопарастӣ аст. Бар он андешаам, ки агар муҳити имрӯза дар он замон вуҷуд медошт, ҳеҷ гоҳ ояте бо чунин маъно фуруд намеомад. Фуруд омадани оятҳо бозгӯ аз муҳити маҳдуд, пурфисқу фуҷур ва пурфаҳши зиндагист. Шукри Худо, ки муҳити имрӯза аз ҳама ҷониб аз он муҳити тангу тор фарқ дорад. Аз ин нуқтаи назар, муҳити имрӯзаро бо он муҳит ҳамсон ҷилвагар сохта, арзишҳои онро ба мардум таҳмил намудан ифодагари чархи пешрафти фарҳангро ба 1,5 ҳазор сол ба қафо партофтан аст.

         Агар нек андеша намоем, ҳамон мақсадеро, ки оятҳои фавқуззикр дар назар доранд, пурра тавассути либоси миллӣ амалӣ намудан мумкин аст. Миллати соҳибфарҳанг ва тамаддунофари тоҷик таърихан миллати шарафманд ва бономус буда, покии ахлоқиро ҷузъи муҳимтарини ҳаёти худ меҳисобид. Хусусияти фарогирро касб намуда, мақбули ҳамагон гардидани принсипи ахлоқии «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» гувоҳи равшан ва раднопазири гуфтаҳои болост. Принсипи мазкур робитаи ногусастании олами ботинию зоҳирии инсонро равшан ба маъраз мегузорад. Яъне он чӣ инсон мепиндорад, дар андешаи худ ҷой медиҳад, дар рафтораш либоси амалӣ мепӯшад. Аз ин нуқтаи назар, вақте ба либоси миллии тоҷикон баҳо медиҳем, мебинем, ки вай ифодагари олами зебои ботинии ин миллати куҳанфарҳанг аст. Тамоми зебогии табиат, гуногунрангии зуҳури он, муносибати инсон ба табиат, ба зиндагӣ дар шакли рангҳои зебою гуворо дар либоси ӯ акс ёфта, баёнгари олами маънавии бою рангини ӯ мебошанд. Агар нек таваҷҷуҳ намоем, хоҳарону модарон ҳар яке вобаста ба табиату сиришт ва олами маънавии хун ранги матоъ ва гулҳои онро интихоб менамояд, ки чунин муносибат аз гуногунрангӣ ва пурғановатии олами ботинии модарону хоҳарон ҳикоят мекунад. Набояд нодида гирифт, ки ҳамин гуногунрангии либоси модарону хоҳарони мо ба зебогии муҳити табиию иҷтимоии мо пайваста нуру зебогии дигар зам менамояд ва бешак ифодагари фарҳанги зебопарастии миллат маҳсуб меёбад.   

         Арҷ гузоштан ба либоси миллӣ худ ифодагари хештаншиносии миллии мо буда, як навъи эътироз ба бегонапарастист. Дар баробари ин, беэҳтиромӣ ба либоси миллӣ ва арзишҳои миллӣ ҳокӣ аз табиати бардагию моилии мо бегонапарастӣ, ва аз ин ҷо қадам ба изҳори бешарафист!.

Абдухалилзода К.-дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ,

номзади илмҳои фалсафа

        

 


02.09.2024 550

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php