ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ТАҶЛИЛИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ИН РӮЗ


ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ТАҶЛИЛИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ИН РӮЗ

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил гардида, дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат соли нави таҳсил оғоз меёбад. Санаи 01.09.2024 дар мамлакат мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ ва дигар толору синфхонаҳои дарсии Донишгоҳ тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш бо иштироки доираи васеи ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор шуд.

Пас аз тамошои дастаҷамъонаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.т., профессор Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, муовинони ректор, ҳайати профессорону омӯзгорон ва доираи васеи донишҷӯён, дар маҷмуъ, беш аз 1600 нафар чорабинии тантанавӣ гузаронида шуд. Дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи дониш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.т., профессор Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло суханронӣ намуда, оид моҳияти таҷлили Рӯзи дониш бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, вобаста ба аҳаммияти сулҳу оромӣ, мактабу маориф, таълиму тарбия андешаронӣ карданд. Аз ҷумла, чунин иброз доштанд: «Рӯзи дониш беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла, дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ – мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».

Бояд гуфт, ки таҷлили Рӯзи дониш бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи равшани эҳтироми зиёди роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақому мартабаи баланди илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омӯзгорон ва саъю талоши донишҷӯёну хонандагон, яъне, насли ояндасози миллат мебошад.

Дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи дониш ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ баромад карда, аз дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои иҷтимоӣ, хоса, маорифу тандурустӣ ёдовар шуда, қайд намуданд, ки: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба рушду инкишофи маориф ва тандурустӣ ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок ҳамеша диқққату эътибори ҷиддӣ дода, дар ин росто қарору қонунҳои зиёдеро қабул ва роҳандозӣ менамояд». Ҳамчунин, зимни баромади мавсуф зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар 30.05.2024 таъкид намуда буданд, ки: «Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем, зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш аз дастоварду пешравиҳо, натиҷаҳои ислоҳоту навсозӣ, татбиқи консепсияву барномаҳои давлатӣ, сатҳи донишу малакаи донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, мушкилоти дар низоми иҷтимоии аҳолӣ мавҷуда ва нисбат ба бурду бохти соҳаи илму маориф ҳамчун самти ояндасози давлат ва ҳалли масъалаҳои соҳа ёдовар шуда, насли наврасу ҷавонро ба илмомӯзӣ ва омӯзгоронро ба тарбияи дурусти насли ҷавону наврас ҳидоят намуданд. Дар ин рӯз ҳазорон нафар наврасону ҷавонон ба остонаи боргоҳҳои илму маърифат қадам мегузоранд ва дар дарси нахустин оид ба моҳияти илму дониш ва аҳамияти сулҳу субот маълумот гирифта, ба илмомӯзӣ, дӯст доштани зиндагӣ, эҳтироми якдигар ва тарғиби сулҳу субот даъват мешаванд.

Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд, зеро давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне, кадрҳои баландихтисос обод мекунанд. Дар робита ба ин, қайд намудан ба маврид аст, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар омода намудани муттахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ дорад. Имсол аз таъсисёбии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 85 сол пур мешавад. Дар ин муддат ин даргоҳи олиро беш аз 55 ҳазор нафар хатм намуда, ҳамчун табибони соҳибмаълумот дар хизмати халқу Ватананд. Имрӯз хатмкардаҳои Донишгоҳ қариб дар тамоми гӯшаю канорҳои олам фаъолияти пурсамар намуда, бо донишу малакаи баланди касбиашон илми тибби тоҷикро бо ифтихори баланд ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Имрӯз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино на танҳо дар кишвари азизамон, балки берун аз он ҳам ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи илмӣ ва маркази боэътимоди омодасозии мутахассисони олидараҷаи тиб шуҳрати хосаро касб намудааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки сол аз сол сафи довталабони Донишгоҳ аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ меафзояд.

Ҳамин тавр, мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш аз ҳар ҷиҳат ба мафкураи наврасону ҷавонон таъсир расонида, дар рӯҳияи эҳтироми сулҳу оромии мамлакат, илму маърифат тарбия ёфтани онҳо мусоидат хоҳад кард. Ҳар яки мо бояд суннатҳои неки гузаштагонамонро эҳтиром намоем, аз усулҳои муосири таълиму тарбия истифода кунем, доираи донишу маърифат ва камолоти маънавии насли наврасу ҷавони кишварамонро тавсеа бахшем, дар зеҳни онҳо эҳтиром гузоштан ба муқаддасот ва рукнҳои давлатдориро ҷой диҳем ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расонем.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректори Донишгоҳ

 



7
5
4
6
3
1
01.09.2024 537

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php