«ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ: НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР ҲАЁТИ ҶАВОНОН»


«ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ: НАҚШ ВА ҶОЙГОҲИ ОН ДАР ҲАЁТИ ҶАВОНОН»

 Аз ҷониби муҳаққиқони ҷавони пойтахт Шоҳзод Раҳимзода, Гулзод Маҳкам ва Абдулхайр Абдураҳмонзода таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстӣ: нақш ва ҷойгоҳи он дар ҳаёти ҷавонон» вобаста ба татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дастури нави таълимӣ ба нашр расид.

Китоб дар доираи татбиқи «Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027», ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, ба нашр расид. Китоб ҳамчун дастури таълимӣ барои муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ пешбинӣ гардида, таҳлили вазъи тарбияи ватандӯстӣ дар байни ҷавонони шаҳри Душанбе низ дар он ҷойгир карда шудааст.

Ҳамзамон дар китоб оид ба тарбия, мафҳум ва моҳияти он, сарчашма ва заминаҳои ташаккули тарбияи ватандӯстӣ, инчунин оид ба мактаби бузурги ватанпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббускори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дар ин замина оид ба салоҳияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон маълумот дарҷ гардидааст.

АМИТ «Ховар»

 


21.08.2024 457

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php