ДАСТАИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ САЗОВОРИ ҶОИ ДУВВУМИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ


ДАСТАИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ  САЗОВОРИ ҶОИ ДУВВУМИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ

Бо ибтикори Вазорати тундутустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи  касабаи кормандони тандурустӣ ва  Федератсияи  футболи  мамлакат бахшида ба  зодрӯзи  олим, файласуф ва  ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷашни 33 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расман эълон гардидани  25 май “Рӯзи ҷаҳонии футбол” аз   санаи 03 июл то 08 августи соли равон   мусобиқаи  ҳаждаҳуми  футболи хурд  байни дастаҳои муассисаҳои  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шуд.

Дар мусобиқаи мазкур  13 даста аз муассисаҳои тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҳам рақобат намуданд.

Маросими ҷамъбастии мусобиқаи мазкур санаи 08 августи соли равон дар майдончаи варзишии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Ахмедов баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Ҷамолиддин Абдуллозода, ректори МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” Гулзода М.Қ., раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода,  раиси Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи  касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Нурхон Хаётзода, аъзои Кумитаи тадорукот, варзишгарон, дӯстдорони футбол  ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар давраи ниҳоӣ барои ишғоли ҷои аввал дастаҳои   Хадамоти  давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино байни ҳам рақобат карданд., ки дар он дастаи Хадамоти  давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ғолиб омада, сазовори ҷои якум ва дастаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино сазовори ҷои дуввум гардиданд. Ҷои сеюм ба дастаи Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” сазовор дониста шуд.

Дастаҳои ғолиб бо Ҷом, медалҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва   Ифтихорномаи  якҷояи Вазорати тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  Тоҷикистон сазовор гардонида шуданд.

 

ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ


12
11
10
9
8
7
6
5
4
3
2
1
08.08.2024 882

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php