ЭЪЛОН!


ЭЪЛОН!

Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд дар доираи шартномаи ҳамкории дуҷониба, бо мақсади рушди мубодилаи академии донишҷӯён 2 нафар донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ба мактаби тобистонаи дарпешистода, ки аз 12 то 17 август баргузор мегардад, даъват менамояд.

Барномаи мактаби тобистона ба рушди касбӣ нигаронида шуда, он барои ҳамбастагӣ ва мубодилаи донишу таҷрибаи мутахассисони ҷавон, ки дар заминаи роҳнамоӣ ва фикру мулоҳизаҳои коршиносони соҳа ва густариши дониш ва малакаҳои касбӣ ба амал меояд, шароити хуб фароҳам меоварад.

Илова бар ин, иштирок дар ин чорабинӣ ройгон буда, хобгоҳ ва экскурсияҳои фарҳангӣ аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд таъмин карда мешавад.

Оиди гирифтани маълумоти бештар ба шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ, ошёнаи 3, ҳуҷраи 318, муроҷиат кунед. тел: +992446003647.


08.08.2024 915

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php