НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024


НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024

Имрӯз 07.08.2024 дар толори Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино оид ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар нимсолаи якуми соли 2024 бо иштироки 70 рӯзноманигор аз воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ оид ба фаъолият ва дастовардҳои Донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2024 маълумоти муфассал пешниҳоди намояндагони воситаҳои ахбори омма намуданд. Ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ қайд карданд, ки: «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамчун Донишгоҳи эътирофи байналмилалидошта рисолати аслии худро баҳри омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ иҷро намуда, ба ин восита нақши арзандаи худро дар ҳифзи солимии миллат мегузорад». Ҳамчунин, зимни баромади мавсуф зикр гардид, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино барои иҷрои нақшаи омодасозии мутахассисони соҳаи тибби кишвар, инчунин, барои давлатҳои хориҷӣ мутахассис омода менамояд, ки дар соли ҷорӣ 314 донишҷӯ аз 11 кишвар Донишгоҳро хатм намуданд. Ин аз рақобатпазир будани таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Гуфта шуд, ки дар Донишгоҳ дар баробари зинаи мутахассис, инчунин, дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ аз рӯи барномаи интернатура ва ординатураи клиникӣ таҳсилот ба роҳ монда шудааст, ки аз рӯи 40 ихтисос амалӣ карда мешавад. Дар соли таҳсили 2023-2024 зинаи ординатураи клиникиро 266 нафар хатм намуда, аз аттестатсия гузаштанд. Ординаторони клиникӣ аз ҷониби Комиссияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ гардиданд, ки ба салоҳияти касбии онҳо баҳои мусбӣ доданд. 201 нафар зинаи интернатураро хатм намуда, соҳиби дипломи тахассусӣ гардиданд. Роҳбарияти Донишгоҳ стандарти давлатии ординатураи клиникиро таҳия намуд, ки ин низоми таҳсилотро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ месозад.

Зимни баромади Ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ қайд карда шуд, ки Донишгоҳ аз аттестатсияи давлатӣ гузашт. Комиссияи давлатӣ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Донишгоҳро мавриди таҳлил қарор дода, мутобиқ будани онро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои олии касбӣ муайян намуд. Дар натиҷа, бо хулосаи Комиссия ва қарори мушовараи Агентӣ ба Донишгоҳ иҷозатнома ҷиҳати идомаи фаъолияти таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои ҷойдошта дода шуд. Ҳамчунин, бо назардошти талаботи соҳаи тандурустии кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ба иҷозатномаи фаъолияти таълимӣ 2 ихтисоси нав – «Биохимияи клиникӣ» ва «Психологияи тиббӣ» илова карда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳ аллакай заминаи мусоидро барои омода намудани мутахассисони босалоҳияти самти озмоиши клиникӣ омода намудааст. Вобаста ба ин, дар пойгоҳи Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ дастгоҳҳои муосири озмоишӣ харидорӣ гардиданд. Барои таъмини таҳсилоти босифат баҳри омода намудани мутахассисони самти психологияи тиббӣ созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи татқиқотии тиббии Приволжск (Россия) ва Донишгоҳи улумпизишкии Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида шудааст. Дар доираи ин созишномаҳо мубодилаи академии омӯзгорон, таҷрибаомӯзӣ ва машғулиятҳои муштарак амалӣ карда мешаванд, ки аз рӯи барномаҳои нави таълимӣ мутахассисон омода карда мешаванд. Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмиву таълимии хориҷи кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои илмии муштарак 6 созишномаи ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо муассисаҳои бонуфузи Федератсияи Россия, Олмон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба имзо расонида шудааст.

Ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ дар идомаи иншасти матбуотӣ қайд намуданд, ки: «Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар Шӯроҳои диссертатсионии назди донишгоҳӣ 22 рисолаи илмӣ ҳимоя гардидааст. Ҳамчунин, рисолаи 29 омӯзгор дар марҳилаи ҳимоя қарор дорад. Барои мо боиси ифтихор аст, ки дар ин давра Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар олимони Донишгоҳро бо унвони профессорӣ ва 30 нафарро бо унвони дотсентӣ сазовор донист».

Роҳбарияти Донишгоҳ ба корҳои илмиву эҷодии омӯзгорон, баланд бардоштани салоҳияти касбии онҳо ва татбиқи дастовардҳои илми ҷаҳонӣ дар раванди таҳсилот аҳмияти аввалиндараҷа дода, ҳадаф гузошта шудааст, ки дар ояндаи наздик Донишгоҳи тиббиро ба маркази илмиву инноватсионии пешсафи соҳаи тандурустӣ дар минтақа табдил диҳанд. Таъкид шуд, ки ба масъалаҳои таҳкими инфрасохтори Донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Тайи 5 соли охир тамоми биноҳои таълимии Донишгоҳ ба пуррагӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст. Ҳамчунин, барои донишҷӯёне, ки аз минтақаҳои дурдасти мамлакат барои таҳсил ба пойтахт меоянд, сохтмони 2 бинои хобгоҳи замонавӣ оғоз ёфта, корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма дастовардҳо ва натиҷаи фаъолияти Донишгоҳро дар нимсолаи якуми соли 2024 бо таҳлилҳои амиқ муфассал шарҳ дода, ба саволҳои рӯзноманигорон оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти Донишгоҳ ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Дар маҷмуъ, дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳамаи самтҳои фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дастовардҳои арзишманд ба назар мерасанд, ки онҳо далели талошу заҳмат ва фаъолияти самараноку пурмаҳсули роҳбарият ва тамоми омӯзгорону кормандони Донишгоҳ мебошанд.

Ҳамин тавр, роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҷиҳати таъмини таҳсилоти тиббию фармасевтӣ бо назардошти стандартҳои таҳсилоти милливу байналмилалӣ ва омода намудани кадрҳои салоҳиятнок, ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ, инчунин, мусоидат дар инкишофи иқтидори илмию муолиҷавии соҳаи тандурустии мамлакат пайваста талош карда, рисолати худро дар назди давлату миллат иҷро менамоянд.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректори Донишгоҳ


9
8
7
6
5
4
3
2
07.08.2024 1113

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php