ВАРАҚАИ ИТТИЛООТИИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
ПРЕСС-РЕЛИЗ
ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН ба номи АБУАЛӢ ИБНИ СИНО»
ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024
1. МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ВА ОМОРӢ
Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар нимсолаи якуми соли 2024 фаъолияти худро дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармонҳои Ҳукумати мамлакат, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимон ва Раёсати Донишгоҳ ба роҳ монда, ба дастоварҳои назаррас дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавӣ ва пурзӯр кардани пойгоҳи моддию техникии Донишгоҳ ноил гардид.
Дар сохтори Донишгоҳ Хадамоти ректор, 3 раёсат, 12 шуъба, 8 бахш, 12 марказ, 5 факултет (тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ), Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, 60 кафедра, аз ҷумла, 35 кафедраи клиникӣ, 17 кафедраи назариявӣ ва 8 кафедраи умумитаълимӣ, 20 шӯро ва 27 озмоишгоҳи таълимию илмӣ фаъолият мекунанд. 35 кафедраи клиникии Донишгоҳ дар пойгоҳҳои 29 муассисаи табобатию профилактикии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад.
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ аз рӯйи 5 ихтисос, аз ҷумла, «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд.
Дар ин давра Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» аз аттестатсияи навбатии давлатӣ гузашт. Комиссияи давлатӣ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Донишгоҳро мавриди таҳлил қарор дода, мутобиқ будани онро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои олии касбӣ муайян намуд. Дар натиҷа, бо хулосаи Комиссия ва қарори мушовараи Агентӣ ба Донишгоҳ иҷозатнома ҷиҳати идомаи фаъолияти таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои ҷойдошта дода шуд.
Ҳамҷунин, бо назардошти талаботи соҳаи тандурустии кишвар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии озмоишҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷозатномаи фаъолияти таълимӣ 2 ихтисоси нав – “Биохимияи клиникӣ” ва “Психологияи тиббӣ” илова карда шуд, ки қадами нав дар рушди ин соҳаҳои муҳим мебошад. Қабул ба ин ихтисосҳои нав аз соли нави таҳсили 2025-2026 ба роҳ монда мешавад.
Донишгоҳ аллакай заминаи мусоидро барои омода намудани мутахассисони босалоҳияти самти озмоиши клиникӣ омода намудааст. Вобаста ба ин, дар пойгоҳи Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ дастгоҳҳои муосири озмоишӣ харидорӣ гардидаанд.
Барои таъмини таҳсилоти босифат баҳри омода намудани мутахассисони самти психологияи тиббӣ созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тадқиқотии тиббии Приволжски Федератсияи Россия ва Донишгоҳи улумпизишкии Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида шуд. Дар доираи ин созишномаҳо мубодилаи академии омӯзгорон, таҷрибаомӯзӣ ва машғулиятҳои муштарак амалӣ карда мешаванд, ки аз рӯи барномаҳои нави таълимӣ мутахассисон омода карда мешаванд.
Боиси ифтихор аст, ки дар соли ҷорӣ фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳро ба инобат гирифта, аз ҷониби роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома сазовор дониста шуд. Агентӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро яке аз муассисаҳои пешсаф дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ва ташаккулёбанда арзёбӣ намуд, ки дар қиёси 5 соли охир аз рӯи нишондодҳои Агентӣ пешравиҳои назаррас дида мешавад.
Дар Донишгоҳ аз рӯйи 40 ихтисос омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ, аз ҷумла, таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) ва докторантура ба роҳ монда шудааст. Аз соли нави таҳсили 2024-2025 аз ҳамаи ихтисосҳо дар постдокторантура тайёр кардани доктор ҳабилитат ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчунин, дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳ такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ ва ихтисосгирии аввалия барои табибон ва омӯзгорон аз рӯйи ҳамаи равияҳои тиб ба роҳ монда шудааст.
Дар Донишгоҳ теъдоди донишҷӯён 12734 нафар буда, бо муҳассилини баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ (1543 нафар) дар якҷоягӣ 14277 нафарро ташкил медиҳад. Аз 12734 нафар донишҷуён, дар факултети тиббӣ 9363 нафар (73,5%), педиатрӣ 832 нафар (6,5%), стоматологӣ 1697 нафар (13,3%), фармасевтӣ 367 нафар (2,9%) ва тиббӣ-профлактикӣ 475 нафар (3,7%) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Шумори донишҷӯён дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта 3,5% афзуда, аз 12301 ба 12734 нафар расидааст. Теъдоди донишҷӯдухтарон низ нисбат ба соли гузашта 2,1 фоиз зиёд шуда, ба 6102 нафар расидааст, ки нисбат ба шумори умумии донишҷӯён 47,9%-ро ташкил медиҳанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Донишгоҳ 1776 муҳассилини хориҷӣ аз 27 давлати дунё, аз ҷумла, дар сатҳи тодипломӣ 1752 нафар, дар сатҳи баъдидипломии илмӣ 10 нафар, дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ 14 нафар аз давлатҳои Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эфиопия, Финландия, Руанда, Зимбабве, Афғонистон ва Федератсияи Россия таҳсил мекунанд.
Дар Донишгоҳ таҳсил бо се забон - давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта шуда, миқдори гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда 490 (60,8%), бо забони давлатӣ таҳсилкунанда 207 (25,7%) ва бо забони англисӣ таҳсилкунанда 109 адад (13,5%)-ро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии кормандони Донишгоҳ 1999 нафарро ташкил дода, аз онҳо 1065 (53,3%) нафар занон мебошад. Дар Донишгоҳ ҳайати профессорону омӯзгорон (ҲПО) 1224 нафар буда, аз онҳо 628 (51,3%) нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз 886 нафар омӯзгорони асосӣ (занон 457 нафар-51,6%) 422 нафар дорои дараҷаи илмӣ, аз ҷумла, 2 нафар академик, 5 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва илмҳои тиб, 97 нафар доктори илм, профессор, 318 нафар номзади илм, дотсент ва 464 нафар муаллими калон ва ассистент буда, дараҷанокии илмӣ дар Донишгоҳ 46,8%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 % афзудааст. Омӯзгорони ҷавони то синни 35 сола дар давраи ҳисоботӣ 279 нафар мебошад. Синну соли миёнаи ҲПО 46 солро ташкил медиҳад. Боиси ифтихор аст, ки дар ин давра аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар олимони Донишгоҳ ба унвони илмии профессор ва 30 нафар бо унвони илмии дотсент сазовор дониста шуд.
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ ва ҳамаи барномаи таълимии ихтисосҳои Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, дорои сертификатҳои байналмилалӣ мебошад.
1. НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2024
2.1.ТАЙЁР КАРДАНИ КАДРҲО БАРОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Дар Донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. Роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати амалӣ намудани мақсадҳои худ дар ҳамаи самтҳои фаъолият нақшаи чорабиниҳо таҳияву тасдиқ намуда, татбиқи онҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дар соҳаи тандурустӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст.
Соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро 2022 нафар хатм карданд, ки аз онҳо 1708 нафар донишҷӯёни ватанӣ ва 314 нафар донишҷӯён аз 11 давлати хориҷӣ бомуваффақият хатм карда, сазовори номи пуршарафи табиб гардиданд, аз шумораи мазкур факултети тиббиро 1579 нафар, факултети педиатриро 114 нафар, факултети стоматологиро 231 нафар, факултети фармасевтиро 59 нафар ва факултети тиббӣ-профилактикиро 39 нафар хатм карданд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 30 нафар бо ахлоқи намунавию хониши аъло бо гирифтани Дипломи аъло шарафёб гардиданд.
Қобили зикр аст, ки ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар баробари иҷрои Нақшаи омодасозии мутахассисони соҳаи тибби кишвар, инчунин барои давлатҳои хориҷӣ мутахассисонро омода менамояд, ки дар соли ҷорӣ 314 нафар аз 11 кишвари хориҷӣ Донишгоҳро хатм намуданд. Ин аз рақобатпазир будани таҳсилоти кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.
Дар ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар баробари зинаи мутахассис, инчунин, дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ аз рӯи барномаи интернатура ва ординатураи клиникӣ таҳсилот ба роҳ монда шудааст, ки аз рӯи 40 ихтисос амалӣ карда мешавад.
Дар соли таҳсили 2023-2024 зинаи ординатураи клиникиро 266 нафар ва интернатураро 201 нафар хатм намуда, аз аттестатсия гузашта, соҳиби дипломи тахассусӣ гардиданд ва барои фаъолияти пурсамар ва хизмат ба халқу давлат ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ сафарбар гардиданд.
Ординаторони клиникӣ ва интернаҳо аз ҷониби комиссияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳогузорӣ гардиданд, ки ба салоҳияти касбии онҳо баҳои мусбӣ дода шуд.
Таҳсилот дар ординатураи клиникӣ ва интернатура зинаи ҳатмӣ ва асосии ихтисосгирӣ ва салоҳиятҳои касбӣ ба ҳисоб меравад, ки пайваста мукаммал карда мешавад. Дар соли ҷорӣ имтиҳони ординаторони клиникӣ ва интернаҳо бо истифодаи дастгоҳҳои симулятсионӣ ва беморони маҷозӣ дар Маркази симулятсионии Донишгоҳ сурат гирифт, ки ба малакаҳои амалии онҳо баҳо дода шуд. Истифодаи чунин усулҳои муосири таълимдиҳӣ ва баҳодиҳӣ барои баланд бардоштани салоҳиятнокии табибон нақши калидӣ мебозад.
Роҳбарияти Донишгоҳ дар ин давра, Стандарти давлатии ординатураи клиникиро таҳия намуд, ки ин низоми таҳсилотро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ месозад. Ин иқдом боз як қадами созанда дар ислоҳоти таҳсилоти баъдидипломӣ ба ҳисоб меравад, ки дар баланд гардидани сифати таҳсилот мусоидат менамояд.
2.2. ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ИННОВАТСИОНӢ ВА ТАҲКИМИ НЕРӮИ ИНСОНӢ
Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорон дар нимсолаи якуми соли 2024 фаъолияти илмӣ-инноватсионии Донишгоҳро бо назардошти татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино то соли 2025» ва нақшаи стратегияҳою барномаҳои миллии дар соҳаи илм гузошташуда ба роҳ монда, корҳои зеринро ба анҷом расонид. Аз ҷониби олимони Донишгоҳ оид ба амалисозии 13 лоиҳаи илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва 12 мавзуи илмии кафедраҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст. 2 лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ, аз ҷумла, «Сирояти сил: татбиқи усулҳои нави ташхис ва табобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи барномаи миллии «Ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Механизми тағйирёбии танзими афзоиши инсон дар шароити зист, дар минтақаҳои номусоиди иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи гранти Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад, ба роҳ монда шудааст.
Дар Донишгоҳ тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар зинаҳои аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD), унвонҷӯ ва докторантура ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 31 нафар (15 нафар зан) дар зинаи аспирантура ва 42 нафар (14 нафар зан) дар зинаи докторантура (PhD) ба таҳсил ва фаъолияти илмӣ фаро гирифта шудаанд. Шумори унвонҷӯёни дараҷаи номзади илмҳо 171 нафар (73 нафар зан) ва унвонҷӯёни дараҷаи доктори илмҳо 35 нафар (11 нафар зан) мебошанд. Дар зинаи магистратура 11 нафар таҳсил мекунанд.
Дар Донишгоҳ 8 шӯрои диссертатсионӣ, аз ҷумла, як шӯро дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ва 7 шӯро дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар давраи ҳисоботӣ дар шӯроҳои диссертатсионии Донишгоҳ вобаста ба ихтисосҳо 22 рисолаи илмӣ (1 рисолаи докторӣ, 20 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи доктор PhD) ҳимоя карда шудааст. Ҳамчунин, омӯзгорони Донишгоҳ дар шӯроҳои диссертатсионии берун аз донишгоҳӣ 10 рисолаи илмӣ (1 рисолаи докторӣ ва 9 рисолаи номзадӣ) ҳимоя намуданд.
Дар маҷмӯъ, дар нимсолаи якуми соли 2024 олимони Донишгоҳ барои соҳаи тандурустии мамлакат 32 нафар кадрҳои илмӣ, аз ҷумла, 2 доктори илм ва 30 номзади илм тайёр карданд. Ҳамчунин, 2 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон аз Академияи тиббии Қазоқистони ҷанубӣ дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-053 аз рӯйи ихтисоси 14.02.03 - Сиҳатии ҷомеъа ва тандурурстӣ рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи олимони Донишгоҳ 8 монография чоп шудааст, 34 пешниҳоди навоварӣ ва 10 ихтироот ба даст оварда шудааст.
Таваҷҷуҳи устодону донишҷӯёни Донишгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта истодааст, ки иштироки онҳо дар чорабиниҳои илмии дохилию хориҷӣ далели ин гуфтаҳост. Дар нимсолаи якуми соли 2024 устодону донишҷӯёни Донишгоҳ дар бештар аз 10 чорабиниҳои илмии донишгоҳҳои Россия, Белоруссия, Малдовия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Олмон, Литва иштирок намуданд.
Боиси қаноатмандист, ки дастаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар 4-умин олимпиадаи байналмилалии “Аз таълимоти Сино то ренесанси сеюм” байни донишҷӯёни 40-донишгоҳ дар Ӯзбекистон рақобат намуданд. Дар натиҷа, 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳ сазовори ҷойи якум, 3 нафар ҷойи 2-юм ва 2 нафар ҷойи 3-юм гардиданд. Дар баробари ин, дастаи Авитсеннаи Донишгоҳ ҳамчун дастаи беҳтарин дар қатори 3-юм байни 40 дастаи донишгоҳҳои тиббии 10 кишвар дониста шуд, ки барои мо боиси ифтихор аст. Ин бори дигар собит месозад, ки донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмунҳои фаннӣ ва олимпиадаҳо байни дигар донишҷуёни кишварҳои хориҷӣ пешсаф мебошанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ин давра 505 нафар донишҷӯёни Донишгоҳ дар 13 Олимпиадаи байнидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии тиббӣ иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд, аз ҷумла, 21 нафар ҷойи якум, 16 нафар ҷойи дуюм ва 28 нафари дигар ҷойи 3-юмро сазовор гардиданд.
Аз санаи 3-юм то 20-уми апрели соли 2024 дар Донишгоҳ II-юмин олимпиадаи “Авитсенна-2024” бо иштироки донишҷӯёни хориҷӣ ва 4-умин Олимпиадаи байналмилалии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ аз фанни “Стоматология” бахшида ба солҳои 2020-2040 - «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва “Рӯзи илми тоҷик” ташкил ва гузаронида шуд.
II-юмин олимпиадаи “Авитсенна-2024” аз 27 фанни таълимӣ, аз ҷумла, аз 13 фанни тахассусии клиникӣ, 10 фанни тибби назариявӣ ва табиатшиносӣ, 4 фанни дақиқ ва риёзӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида шуд. Аз онҳо, аз фанҳои клиникии акушерӣ ва гинекологӣ, асабшиносӣ, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои сироятӣ, бемориҳои сироятии кӯдакона, бемориҳои ҷарроҳӣ, оториноларингология, офталмология, урология, ҷарроҳии умумӣ, эндокринология, стоматология, фанҳои тибби назариявии анатомияи нормалӣ, анатомияи патологӣ, биохимия, гистология, физиологияи нормалӣ, физиологияи патологӣ, фармакология, беҳдошти умумӣ, эпидемиология, микробиология ва фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии биология, экология, химия, физика мебошад.
Дар Олимпиадаи мазкур 824 донишҷӯ аз 27 донишгоҳҳои ватанию хориҷӣ иштирок карданд, ки аз ин миқдор 477 нафар тариқи онлайн ва 347 нафар тариқи оффлайн баромад намуданд. Аз 27 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла, 4 донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ (МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино», МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон», МДТ «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон») ва 23 донишгоҳҳою донишкадаҳои хориҷӣ (Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон) мебошанд.
Аз байни иштирокчиёни Олимпиада 166 нафар донишҷуён ғолиб баромаданд, ки аз онҳо 104 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва 62 нафар аз хориҷӣ мебошанд.
Санаи 30-юми апрели соли 2024 дар Донишгоҳ ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ барои ғолибони Олимпиада баргузор гардид, ки ғолибон аз тарафи ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода М.Қ. бо дипломҳою медалҳо сарфароз гардонида шуданд ва дипломҳои донишҷӯёни хориҷии онлайн иштироккарда фиристода шуданд.
Дар Донишгоҳ 2 маҷаллаи илмӣ-амалӣ - «Авҷи Зуҳал» ва «Паёми Сино» («Вестник Авиценны») нашр мегарданд. Маҷаллаи илмӣ-амалии «Авҷи Зуҳал» бо забони давлатӣ нашр мегардад ва ба реестри КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мебошад. Маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёми Сино» («Вестник Авиценны») бо забони русӣ нашр мегардад ва ба реестри КОА Федератсияи Россия ворид мебошад. Боиси ифтихор аст, ки маҷаллаи «Паёми Сино» («Вестник Авиценны») дар минтақа аввалин маҷаллаи илмӣ-амалӣ мебошад, ки ба «Скопус» («Scopus») - Пойгоҳи ҷаҳонии маълумотии библиографии адабиёти илмии тақризшаванда ворид шудааст. Ҳамчунин, маҷаллаи нави дигари Донишгоҳ «Илм ва таҳсилот» бо забони давлатӣ ва русӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №329 МҶ-97 аз санаи 22 феврали соли 2024 «Шаҳодатнома»-и иҷозатро гирифт. Нахустнашри аввали ин Маҷалла бо фарогирии мақолаҳои олимони Донишгоҳ ва беруна омодаи чоп мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 мақолаҳои нашргардидаи олимони Донишгоҳ дар КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба 48 адад мерасад. Фишурдаҳои интишоршудаи ватанӣ 1256 адад ва хориҷӣ 297 ададро ташкил медиҳад.
Дар назди Донишгоҳ Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» фаъолият дорад. Дар ин давра, дар шуъбаҳои дахлдори Марказ 3851 қуттӣ аз 20 намуди растании шифобахши ватанӣ коркард карда, барои табобати беморон ба гардиш омода карда шуд. Марказ 1000 қуттӣ равғани сиёҳдона дар ғилофак истеҳсол намуда, барои табобати беморон ба гардиш ворид намуд.
Шуъбаи истеҳсоли маводи доруворӣ 400 адад қоғазпечи доруи хокаи дибазолро бо меъёри кӯдакона, 1000 адад маҳлули спиртии йод, 1000 адад маҳлули спиртии бриллианти сабз, 1000 адад маҳлули спиртии левомитсетин ва ғайра тайёр карда, барои табобати беморон ба гардиш ворид намуд.
Дар маҷмуъ, дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» - и Донишгоҳ 20 номгӯйи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ коркард ва омода карда мешавад ва 57 номгӯйи маводи доруворӣ тибқи дархост коркард ва омода карда, барои табобати беморон пешкаш карда мешавад.
Дар Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ 4 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ амал мекунад: озмоишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ; озмоишгоҳи кишти селулаҳои бунёдӣ, об ва хун; озмоишгоҳи бактериологӣ, иммунологӣ ва ташхиси молеклулярӣ; озмоишгоҳи морфология, физиология ва патологияи эндотелия. Дар доираи озмоишгоҳҳои Пажӯҳишгоҳ бахшҳои ҷарроҳии эксперименталӣ, фармакалогияи эксперименталӣ, омӯзиши об ва бахши виварий, инчунин бо ҳуҷраҳои таълимӣ ва лавозимоти муосири зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд, фаъолияти самаранок намуда истодаанд.
Дар бахши нигоҳдошти ҳайвоноти озмоишӣ ҳайвоноти озмоишӣ, аз ҷумла 198 сар харгӯш, 526 сар калламуш, 29 сар мушҳои сафед, 80 сар хукчаи баҳрӣ ва 115 сар хомяк нигоҳдорӣ ва парвариш карда мешаванд.
2.3. ФАЪОЛИЯТИ ТАРБИЯВӢ, ФАРҲАНГӢ ВА ҒОЯВӢ
Роҳбарияти Донишгоҳ фаъолияти тарбиявӣ, фарҳангӣ ва ғоявиро дар асоси дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи Консепсияи миллии тарбия, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бо мақсади таъмини иҷрои амалии ҳадафҳои стратегӣ ба роҳ монда, дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар Донишгоҳ бо мақсади ташвиқу тарғиби сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии донишҷӯён ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ тарбия намудани насли ҷавон силсилаи чорабиниҳо доир гардида, унсурҳои Консепсияи миллии тарбия ба таври назаррас татбиқ карда мешаванд.
Бо иштироки доираи васеи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва шахсони шинохта аз сохторҳои давлатӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Донишгоҳ ва ҳамаи кафедраҳо ҷаласаҳо баргузор карда шуд. Дар арафаи ҷашну идҳои давлатию миллӣ, дар Донишгоҳ ҷашнҳои Сада, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ дар сатҳҳои кафедраҳову факултету хобгоҳҳо ва умумидонишгоҳӣ таҷлил карда шуданд.
Дар даври дуюми озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» 158 нафар донишҷӯёни Донишгоҳ ширкат варзида, 9 ва 4 нафар ғолибон ба даври навбатии озмунҳои мазкур роҳхат гирифтанд.
Тарбияи ҳуқуқӣ низ бахши муҳими пешбурди корҳои тарбиявӣ ба ҳисоб рафта, дар амалӣ намудани он дар нимсолаи якуми соли 2024 чорабиниҳои гуногун рӯйи кор омаданд. Дар доираи эълон гардидани соли 2024 - «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳамзамон дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Донишгоҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иштироки донишҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ машварат-вохӯриҳои судманд гузаронида шуданд.
Тарбияи гуманистӣ - зери ин мафҳум ба донишҷӯён эҳсоси дӯстдорӣ, эҳтиромгузорӣ ва раҳму шавқат ба вуҷуд оварда мешавад, ки он асоси тарбияи насли ҷавонро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар Донишгоҳ чорабинии идона бахшида ба иду ҷашнҳои миллӣ баргузор карда шуда, омӯзгорону кормандон ва муҳассилини Донишгоҳ дар ҳамаи чорабиниҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок ва саҳмгузорӣ карданд.
Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ барои рушди тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии донишҷӯён дар сатҳи кафедраҳо 176 чорабинӣ ва дар сатҳи донишгоҳӣ 62 чорабинӣ гузаронида шуд.
2.4. ФАЪОЛИЯТИ ТАШХИСИЮ ТАБОБАТӢ ВА ТАҲСИЛОТИ БАЪДИДИПЛОМӢ
Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои клиникӣ ва зерсохторҳои клиникии Донишгоҳ дар баробари сарбории таълимиву тарбиявӣ ва илмию тадқиқотӣ сарбории муолиҷавию машваратӣ дошта, дар нимсолаи якуми соли 2024 дар самти фаъолияти муолиҷавӣ ва таҳсилоти баъдидипломӣ уҳдадориҳои ба зиммадоштаи худро муваффақона ба анҷом расониданд. Дар ин давра, аз тарафи ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ ба 25894 бемор кумаки табобатию машваратӣ расонида шудааст.
Дар Маркази ташхисию табобатии Донишгоҳ ба 11515 нафари ниёзманд, аз ҷумла, ба 466 нафар корманди Донишгоҳ, 8926 нафар донишҷӯ ва 2123 нафар шаҳрванд кумаки табобатию машваратӣ расонида шуд. Дар ин давра дар шуъбаи ҷарроҳии Марказ 726 бемор бистарӣ карда шуда, амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ гузаронида шуд.
Дар Маркази таълимию клиникии «Стоматология»-и Донишгоҳ дар баробари таълим ба донишҷӯён, инчунин, кумаки баландихтисоси стоматологӣ ба аҳолӣ расонида мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедраҳои факултети стоматологӣ ба 2330 нафари ниёзманд кумаки тахассусии стоматологӣ расонида шудааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар назди Маркази таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳ 337 нафар шунавандагон, аз ҷумла, 73 нафар курси такмили ихтисоси педагогӣ, 151 нафар давраҳои такмили ихтисоси тахассусӣ ва 113 нафар курсҳои бозомӯзии касбиро гузаштанд. Дар курсҳои мазкур аз шаҳри Душанбе 249 нафар, аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 29 нафар, вилояти Суғд 17 нафар, ВМКБ 2 нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25 нафар табибон аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ гузаштанд.
2.5. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар заминаи ҳадафҳои ҳамкориҳои байналмилалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дониста мешавад. Донишгоҳ бо 94 муассисаи таълимию илмии хориҷӣ созишнома ва қарордодҳоро ба имзо расонидааст. Тибқи шартномаҳои мазкур мунтазам барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқоти илмӣ-амалии муштарак гузаронида мешаванд.
Дар соли ҷорӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмиву таълимии хориҷи кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои илмии муштарак 6 созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои бонуфузи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Олмон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба имзо расонида шуданд. Аз ҷумла, консорсиуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи улумпизишкии Шероз, Донишгоҳи тиббии ғарбии Қазоқистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷкистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис дода шуд, ки гурӯҳи мутахассисон ва олимон дар самти омӯзиш, коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ муштарак фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, гурӯҳҳои корӣ дар ҳайати олимони Донишгоҳ ва олимони донишгоҳҳои тиббии Челябинск, Қазон ва Приволжскии Федератсияи Россия таъсис дода шуданд, ки лоиҳаи илмии байналмилалиро таҳия месозанд. Аллакай якчанд лоиҳаҳо омода гардида, тадқиқоти илмӣ дар доираи мавзуъҳои рисолаҳои илмӣ ба роҳ монда шудаанд, ки ин иқдомҳои нав дар ташаккули иқдории кадриву илмии донишгоҳӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Дар доираи лоиҳаҳо ва шартномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорон амалӣ мешавад. Тибқи барномаи мубодилаи академӣ дар давраи ҳисоботӣ 3 нафар ординатори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба Академияи давлатии тиббии Ижевск, 36 нафар донишҷӯён ба Академияи давлатии тиббии Ижевск, Донишгоҳи тиббии Остона, Донишгоҳи илмҳои тандурустии Литва, Донишкадаи давлатии фармасевтии Тошканд, Донишкадаи стоматологии Тошканд ва Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абуалӣ ибни Сино равон карда шуданд. Ҳамчунин, сафарбар намудани 5 нафар донишҷӯ бо мақсади иштирок дар Форуми физиологҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон, ки дар Донишгоҳи тиббии Остона баргузор мегардад, ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра, 4 нафар аз Академияи Давлатии тиббии Ижевск барои таҳсил дар семестри баҳорӣ, 5 нафар аз Академияи тиббии Қазоқистони Ҷанубӣ барои гузаштан аз таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва 6 нафар аз Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд ҷиҳати иштирок дар мактаби тобистона ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино омаданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати такмили ихтисос, иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ ва бозомӯзии касбӣ 11 нафар омӯзгорони Донишгоҳ ба кишварҳои Австрия, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар карда шуданд. Ҳамчунин, 24 нафар кормандон ва ҲПО-и Донишгоҳ бо мақсади иштирок ва маърӯзаи илмӣ дар чорабиниҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия, Озорбойҷон, Ӯзбекистон, Белоруссия, Корея, ва Ҳиндустон фаъолона ширкат намуданд.
Ҳамчунин, тариқи мубодилаи академӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олиии кишварҳои хориҷӣ 26 нафар олимон, аз ҷумла, аз Филиали академияи тиббии Тошканд дар Термез, Донишгоҳи давлатии тиббии Курски Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва 20 нафар олмони хориҷӣ, ки дар кори Конференсияи олимони ҷавони Донишгоҳ иштирок карданд, ба донишҷӯёни Донишгоҳ машғулиятҳои амалӣ ва лексионӣ баргузор намуданд.
Дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷии Федератсияи Россия, Ӯзбекистон ва хориҷии дур Барномаҳои таълимии муштарак таҳия карда шудааст, ки дар соли таҳсили 2024-2025 таҳсили донишҷӯён тибқи онҳо амалӣ карда мешавад.
2.6. ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИДОРИЮ СОХТМОНӢ,
ПУРЗӮР КАРДАНИ ПОЙГОҲИ МОДДИЮ ТЕХНИКӢ
ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ
Роҳбарият ва кормандони бахши хоҷагидорию таъмирӣ ва сохтмонии Донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2024 мувофиқи нақшаи тасдиқшуда фаъолияти худро барои муҳайё намудани шароити хуби таълимию корӣ ба роҳ монда, дар ин самт як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Барои пешвози сазовор ва дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашну идҳои давлатию миллӣ, чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ корҳои таъмирӣ ва рангуборкунии биноҳои таълимю маъмурӣ ва хобгоҳҳои Донишгоҳ аз рӯи нақша анҷом дода шуд. Гузаргоҳи зеризаминии байни Донишгоҳ ва Марказии миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Бунёд ва сохтмони 2 хобгоҳи нави 13 ошёна барои донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон, воқеъ дар хиёбони Н. Махсум 63/1, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе идома дорад. Ҳамчунин, дар биноҳои таълимӣ ва ошёнаи дуюми бинои «Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ»-и Донишгоҳ корҳои таъмирӣ бо маром ҷараён дорад. Дар нимсолаи якуми соли 2024 корҳои таъмирию сохтмонӣ ва ободонию кабудизоркунии боғу гулгаштҳо дар ҳудуди биноҳои таълимию маъмурӣ, хобгоҳҳо ва заминҳои назди Донишгоҳ анҷом дода шуд.
Дар гирду атрофи биноҳои Донишгоҳ ба миқдори 591 адад ниҳоли ороишӣ ва 60 адад ниҳоли мевадиҳанда шинонида шуд. Дар гармхонаи Донишгоҳ 100 ҳазор тухми гулҳои мавсимӣ кишт ва парвариш карда шуда, онҳо дар заминҳои гирду атрофи биноҳои таълимию маъмурӣ ва хобгоҳҳои Донишгоҳ шинонида шуданд.
Донишҷӯён ба пуррагӣ бо китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ таъмин мебошанд. Фонди умумии Китобхонаи Донишгоҳ 643902 нусхаро ташкил медиҳад, ки аз он 392860 нусха (61,01%) адабиёти чопии таълимӣ, илмӣ, бадеӣ ва 251042 нусха (38,99%) захираҳои электронӣ мебошанд.
Бо мақсади нав кардани адабиёти таълимӣ ва беҳтар намудани дастрасии донишҷӯён ба маводи таълимӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 ба Китобхонаи Донишгоҳ 9310 нусха адабиёти таълимии нав бо 185 номгӯй ворид гардид.
Барои пешрафти кору фаъолияти Донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он маводу таҷҳизоти зарурии таълимӣ, тиббӣ, техникӣ, конселярӣ харидорӣ гардида, ба воҳидҳои сохтории Донишгоҳ дастрас шуданд.
Донишҷӯёни ятиму маъюб ва омӯзгорону кормандони ниёзманди Донишгоҳ зери назорати доимии роҳбарияти Донишгоҳ қарор доранд.
Ҳамасола барои ҳавасмандгардонию дастгирии молиявии омӯзгорон музди меҳнати омӯзгорон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Донишгоҳ зиёд карда мешавад. Аз моҳи январи соли 2024 низ музди меҳнати омӯзгорон аз ҳисоби маблағҳои махсуси Донишгоҳ дар ҳаҷми 10% зиёд карда шуд. Дар арафаи ҷашну идҳои давлатию миллӣ, аз ҷумла, «Рӯзи Артиши миллӣ», «Рӯзи Модар» ва «Наврӯзи байналмилалӣ» аз тарафи Раёсати Донишгоҳ ҷиҳати ҳавасмандгардонию дастгирии молиявии омӯзгорону кормандон ба ҳар як омӯзгор ва корманд аз ҳисоби маблағҳои махсуси Донишгоҳ мукофотпулӣ дода шуд. Ба 17 нафар омӯзгоре, ки солҷашн (50,60,70,75,80,85 солагӣ) доштанд, ифтихорнома ва мукофотпулӣ дода шуда, 39 нафар омӯзгорони Донишгоҳ ба осоишгоҳҳои ҷумҳуриявии «Зумрад», «Шоҳамбарӣ», «Хоҷа Обигарм» ва «Сатурн» барои истироҳату табобат фиристода шуданд. Дар арафаи идҳои Рамазон ва Қурбон ба 200 нафар фаррошону кормандони бахши хоҷагӣ бо кумаки молиявӣ ва маводи ғизои аз ҷумла, орд, равған, биринҷ, макарон ва ба 11 кормандони ниёзманди қисми хоҷагии Донишгоҳ кумакпулӣ дода шуд.
Дар маҷмуъ, дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳамаи самтҳои фаъолияти Донишгоҳ дастовардҳои назаррас ба назар мерасад, зеро роҳбарият ва тамоми омӯзгорону кормандони Донишгоҳ барои фаъолияти самараноку самаровар пайваста талош мекунанд.
Тамос: +992 44 600 36 76
+992 44 600 39 75
E-mail: nazorat@tajmedun.tj
(Масъул: сардори Хадамоти ректор
Носирӣ Қаҳҳор Нарзулло)
Дастраскунии нусхаи электронӣ
тавассути Web Site: www.tajmedun.tj