АҲМИЯТИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ПЕШРАФТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ


АҲМИЯТИ СУЛҲУ СУБОТ ДАР ПЕШРАФТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Ҷаҳони пуртаззод ва тезу тунди имрӯз, раванди бархӯрдҳои миллию минтақавиро бештар кардааст. Имрӯз давлатҳое рушд менамоянд, ки дар бозиҳои сиёсии ҷаҳон зиракии сиёсии худро аз даст надода, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ бо тамоми талош саъйи худро анҷом медиҳанд. Барои пешрафту тараққиёт ва ободии давлату милат, ҳамеша пеша аз ҳама роҳи ваҳдату сулҳро гирифтан зарур аст. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди Ватан дар ҳар замину замон аст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мустаҳкам намудани пояҳои давлатдориву ҳифзи арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ заминаи устувору умедбахш ниҳод. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ин солҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид. Бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, амнияти ҷомеа, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ имконпазир аст. Дар ин муддат пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва соҳибистиқлол муаррифӣ шуд. Агар дар мамлакат сулҳу субот ҳукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд ва танҳо дар ҳамин сурат барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастёб мегардем. Хусусан дар шароити ҳассоси имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, торафт мураккаб шудани авзои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва печида гардидани раванду тамоюлҳои глобализатсионӣ ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа ва таҳкими Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди миллат ба шумор меравад. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор намудааст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ Истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда мумкин аст. Имрӯзҳо бо саъю талошҳои шикастнопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва майлу ирода, талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷик муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдат муттаҳидӣ ба ҳисоб меравад. Сулҳу оромӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти мост ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, зеро сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд. Зиндагии осудаву ороми ҳар як оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар як шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад. Имрӯз мардуми тоҷик дар фазои тинҷу ором умр ба сар мебаранд, ки ин ҳама аз сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо ҳадафи ваҳдату ягонагӣ, устувориву пойдории сулҳ ва таъмини ояндаи неки шаҳрвандони мамлакат тадбирҳои муассир мавриди татбиқ қарор дода шуд.

Низоми таърихи давлатдориву давлатсозии чанд садсолаи охири ҷомеа собит намудааст, ки ҳар як ҷараён ва ё неруи сиёсии амалкунанда замоне ба ҳадафҳои аслиаш муваффақу комгор мегардад, ки агар иҷрои хостаҳояш ба мардум наздику пайванди ногусастанӣ дошта бошад. Масири паймудаи ҳар як марҳилаи тайкардаи он, бо таваҷҷуҳ ба татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ, муаррифии Ватан ҳамчун кишвари пешоҳангу ташаббускор ва расидан ба марҳилаҳои сифатноки ҷомеа мактаберо мемонад, ки иқдомҳои омӯзандаи Роҳбараш чун Эмомалӣ Раҳмон боиси дастгирии аҳли сайёра гардидааст. Маҳз, дар асоси дарки амиқи таъриху арзишҳои миллӣ ва саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони миллат ҳисси ватандорию ғурури миллӣ баланд мегардад. Дар роҳи ташвиқи фарҳанги миллӣ аз тамоми воситаҳо бояд истифода кард.

Ҳифзи Истиқлоли давлатӣ рамзи ватандӯстӣ ва ватандории ҳақиқӣ ва воқеии ҳар як шаҳрванд аст, вазифаи ҳар як фарди ин миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта ва минбаъд низ ин бозёфти таърихӣ, ин атои худовандӣ, ин ҷараёни худогоҳӣ ва худшиносии миллатро пайгирӣ менамояд ва пешрафту ободонии ин диёри куҳанбунёди худ саҳми шоиста ва арзандаи хешро мегузорад.

 

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Хадамоти ректори Донишгоҳ


02.08.2024 1239

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php