ШАРҲУ ТАЛАБОТ ВА НАТИҶАҲОИ АМАЛИИ «БАРНОМАИ МАҶМУИИ ДАВЛАТИИ ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ НИЗОМИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030»
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд карда, дар самти омода намудани кадрҳои донишманду бо маҳорат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, ба ин васила дар таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ қадамҳои устувор гузошта шуд. Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни азнавсозии низоми ҳифзи иҷтимоӣ, бахусус, хизматрасониҳои иҷтимоӣ оғоз гардидааст, ки ҳадафи он беҳтару самаранок кардани раванди ислоҳоти бахш, қонеъгардонии талаботи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Бо дар назар доштани вобастагии зичи сифати хизматрасонии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба сифати тайёр кардани кадрҳо ва салоҳияти касбии кормандони иҷтимоӣ, бо мақсади ба талаботи стандартҳои байналмилалии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ мутобиқ намудани шаклҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ зич алоқаманд буда, тайёр кардани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла, сиёсати кадрии давлат ва ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд. Дар мамлакат бо мақсади беҳтар намудани таъминоти ташкилотҳо ва муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимию илмии иҷтимоӣ бо мутахассисони баландихтисоси низоми ҳифзи иҷтимоӣ тибқи талаботи бозори меҳнат ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 қабул гардида, маврид амал қарор дорад. Барнома ҳуҷҷатест, ки шумора, намудҳо ва дараҷаҳои зарурии касбии захираҳои меҳнатӣ, такмили ихтисос, бозомӯзии ҳайати шахсии кормандон ва ба кор қабул намудани онҳоро пешбинӣ менамояд. Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 дар тӯли давраи амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тавассути 3 марҳила бо қабули Нақшаи чорабиниҳо ва бо дар назар доштани натиҷагириҳои миёнамуҳлати раванди амалишавии мақсадҳои стратегии болозикр, вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва низоми рушди захираҳои меҳнатӣ дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барнома марҳилаи якум то соли 2024 муайян гардидааст. Тадбирҳои муассири иқтисодию иҷтимоӣ оид ба таъминоти низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо кадрҳои дорои тахассусҳои дахлдори соҳавӣ, тайёр намудани мутахассисони салоҳиятнок барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла, суғуртаи иҷтимоӣ, меъёрбандии музди меҳнат ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ ва экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ҳамчун қисми таркибии сиёсати давлатии кадрӣ, такмили низоми тайёркунии кадрҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ тавассути ҷорӣ намудани равиши дахлдори бисёрмарҳилавӣ ва бисёрзинагӣ, таҳия ва тасдиқи меъёрҳои муосири интихоби сифатии кадрҳои соҳавӣ тибқи сифатҳои касбӣ ва ахлоқию равонии онҳо, таҳияи тадбирҳо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва омилҳои коррупсионӣ дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мониторинг ва арзёбии банақшагирии тайёрии кадрҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисон, инчунин, пешбарӣ ба мансаб (вазифа) тавассути истифодаи технологияҳо ва воситаҳои навтарини сиёсати кадрӣ аз ҳадафҳои асосии «Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030» мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр намудан ва тарбияи кадрҳо чорабиниҳои зиёд баргузор мешаванд. Қабули чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба тайёр намудани кадрҳои мақомоти соҳавӣ бахшида шудаанд, далели таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин масъала мебошад. Тайёр намудани кадрҳо маънои таҳлил ва банақшагирии иқтидори кадрӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ ва рушди малакаҳои кориро бо мақсади коҳишёбии тафовут байни талаботи имрӯза ва оянда бо кадрҳо пешбинӣ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки корфармоён кадрҳои дахлдорро ҷалб ва онҳоро дар кор нигоҳ дошта тавонанд, тарбия кунанд, қобилияти кории онҳоро ба дараҷае такмил диҳанд, ки онҳо ба сифати мутахассиси босалоҳияти соҳа фаъолият баранд ва корашон самаранок бошад. Кормандон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бояд дорои таҳсилоти дахлдор аз рӯйи низоми таҳсилоти сезинаӣ бошанд.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мафҳуми васеи худ ҳамчун маҷмуи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодии давлатӣ баррасӣ мешавад, ки ба бунёди шароити арзандаи зиндагӣ, қонеъгардонии талабот, дастгирии таъминоти ҳаётӣ ва таъмини иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷумла, тадбирҳои таъмини дастгириҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи сатҳи ҳадди ақали моддӣ ва дигар дастгириҳо ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолии мамлакат равона карда шудаанд. Соҳаи мазкур номгӯи васеи хизматрасониҳо, аз ҷумла, дастрасӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ, расонидани кумакҳои иҷтимоии унвонӣ, ёрии тиббӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, адолати судӣ ва амнияти иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғл ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохтҳои иҷтимоии давлатӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбияи кӯдакони ба таҳсилоти махсус эҳтиёҷманд диққати махсус дода мешавад. Ба бештари чунин кӯдакон кумакҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шуда, барои ба таҳсил фаро гирифтани онҳо шароити мусоид муҳайё карда мешавад. Кӯдакони имконияташон маҳдуд, асосан дар муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда барои кӯдакони дорои иллатҳои шунавоӣ, биноӣ, нутқ, ақлан носолим, узвҳои ҳаракаткунандаашон осебдор, инкишофи равониашон суст таҳсил мекунанд. Ҷалби мақсадноки кӯдакони имконияташон маҳдуд ба муҳити таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ бо дар назар доштани манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар ҳар як ҳолати алоҳида ва қобилияти инфиродии ҳар яки онҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ комилан нав ташаккул ёфта, ҳоло дар марҳалаи рушд қарор дорад ва зарур аст, ки ниҳодҳои ваколатдори соҳа ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ барои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус зоҳир намоянд. Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бештар аз 226 ташкилоту муассиса, аз ҷумла, дар самти ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ 125 муассиса фаъолият дорад, ки дар онҳо 4 ҳазору 8 нафар кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ машғули кор мебошанд.
Ҳифзи иҷтимои аҳолӣ дар маҷмуъ ба бунёди давлати иҷтимоӣ ва ҷамъияти фарогир мусоидат менамояд. Бо назардошти ин, мақсади асосии Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ин дастгирӣ ва ба фаъолияти ҳаётии ҷамъиятӣ ҷалб намудани он гурӯҳи одамонест, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва бо ин васила таъмин намудани ризоият, ҳамдигарфаҳмӣ ва амнияти миллӣ, некуаҳволии омма, андешидани тадбирҳои эҳтиётӣ ва пешгирикунанда ҷиҳати роҳ надодан ба ҳама гуна ҳолатҳои бадтар шудани имкониятҳо ва қобилиятҳои ҷисмонӣ, зеҳнӣ, эҳсосӣ, равонӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва робитавии истифодабарандагони хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад.
Таҳлили вазъият нишон медиҳад, ки тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб дар шароити имрӯза баҳри амалӣ гардидани тадбирҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ дар солҳои минбаъда заминаи боэътимод муҳайё хоҳад сохт. Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бошад, айни замон дар аксари муассисаҳои ин соҳа мутахассисони соҳибкасб фаъолият надоранд. Мушкилоти норасоии кадрӣ аз сабаби бетаваҷҷӯҳии бархе аз хатмкунандагон ва бо роҳи самаранок ҷалб нагардонидани онҳо ба муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мушоҳида мерасад. Мутахассисон бар он назаранд, ки бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ мушкилоти ҳалталаб буда, дар ин масир метавон бо тадбирандешиҳо ва муайяну татбиқ намудани имтиёзҳо ба кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Бо мақсади таъмин намудани ҳамаи соҳаҳо ва самтҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар тамоми воҳидҳои маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуғанд, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, коллеҷҳо ва дигар муассисаҳои дахлдор аз рӯи ихтисосҳои «кори иҷтимоӣ», «ҳуқуқ ва ташкили таъминоти иҷтимоӣ», «иқтисодиёти меҳнат», «нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ», «педагогикаи иҷтимоӣ», «равоншиносии иҷтимоӣ», «тавонбахшӣ тавассути меҳнат (эрготерапия)», «физиотерапия ё муолиҷаи ҷисмонӣ», «идоракунии ҳайати шахсӣ», «нуқсоншиносӣ», «нутқдармон», «протезсозӣ ва ортопедия» омодакунии кадрӣ ба роҳ монда шудааст. Дар коллеҷҳои тиббӣ ва дигар коллеҷҳо кафедраи «Кори иҷтимоҷӣ» ташкил карда шуда, тайёр намудани кадрҳои зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи ихтисоси корманди соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ идома дорад. Мутобиқ ба Таснифоти умумиҷумҳуриявии машғулиятҳо оид ба кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 53 номгӯи касбу машғулиятҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус, дар самти ташкили кори иҷтимоӣ тасдиқ ва уҳдадориҳою салоҳиятнокии онҳо тасниф карда шудааст. Дар мамлакат Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» фаъолият дорад. Дар Муассиса махзани ягонаи баҳисобгирии кормандон дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил гардида, ҳар семоҳа маълумоти омории кадрии соҳа ҷамъоварӣ карда мешавад. Маврид ба таъкид аст, ки ҳамасола мутобиқи талабот ва дар доираи нақшаҳои тарҳрезишудаи ниҳоди ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ корманди соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ба бозомӯзӣ ва аз такмили ихтисос гузаштан ба муассисаҳои давлатӣ ва хориҷии соҳавӣ сафарбар карда мешаванд.
Ҳамин тавр, барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад, зеро пойдории ҷомеаро саломатии шаҳрвандон ташкил медиҳад. Дар ин масир зарур аст, ки аз ҷониби масъулин Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ҳамаҷониба татбиқ карда шавад. Татбиқи пурраи Барнома барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ дар самти омода намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва ҷобаҷогузории онҳо мусоидат менамояд.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигор