ЗАНОН ДАР СОҲАИ ҲАЁТИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ


ЗАНОН ДАР СОҲАИ ҲАЁТИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ

“Нақши зан - модари тоҷик дар ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои навини давлатдории миллӣ бузургу беназир арзёбӣ гардидааст. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофариву ҳаётбахшии занонро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокориҳои онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад”.

     Ин нуқтаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ зикр намуданд. Дар ин росто аз бонувони кишвар даъват ба амал оварданд, ки аз имкониятҳои ҷойдошта, васеъ истифода намоянду саҳми худро барои ободии диёр гузоранд.

    Роҳбарияти Олии мамлакат, ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодиҳои занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон тадбирҳои зарурӣ андешида, ин масъала дар маркази таваҷҷӯҳи Президент ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузошт.

     Бо дастгириҳои Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон зан мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намуда тавонист нерӯи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзад.

    Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор мегирад, ин баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва андешидани тадбирҳои судманд дар ин самт мебошад.

     Пешвои миллат пайваста зимни суханрониҳои худ ба масъалаи дастгирӣ ва фаъолнокии занон, эҳтиром ба зан – модар таваҷҷуҳи хосса доранд. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки имрӯз дар мамлакат нақши занон сол то сол дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ боризтар гашта, мавқеи онҳо дар пешбурди равандҳои иҷтимоию сиёсӣ фаъолтар мегардад.

      Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз моҳи декабри соли 1999, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз соли 2005, Барномаи давлатии таъмини ҳуқуқҳои баробар ва имкониятҳои баробарии мардон ва занон, Барномаи давлатии дастгирӣ ва тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷудо намудани квотаҳо барои духтарони ноҳияҳои дурдаст аз ҷумлаи санадҳои меъёрию ҳуқуқи ва тадбирҳое мебошанд, ки баҳри иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷомеа мусоидат менамояд.

    Сиёсати давлатӣ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд маҷмӯи тадбирҳо ва амалиёти мушаххасу ҳадафманде мебошад, ки ба баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ ва вусъати имкониятҳои онҳо дар интихоби роҳҳои ҳаётӣ мусоидат мекунанд. Бояд дарк кард, ки баробарҳуқуқии сиёсӣ бо баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ зич алоқаманд буда, як бахши баробарҳуқуқии мард ва зан мебошад.

    Ташаккул ва таҳкими роҳбарии занон дар Тоҷикистон заминаҳои амиқи давлатӣ ва ҷамъиятии худро дорад. Заминаҳои давлатии дастгирии роҳбарии занон, пеш аз ҳама дар татбиқи сиёсати давлат баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ва мардон, инчунин таъмини имкониятҳои баробари онҳо таҷассуми худро ёфта, мавқеи роҳбарияти сиёсии мамлакатро дар ин самт нишон медиҳад. Қайд намудан бамаврид аст, ки Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои занон дар қатори аввалин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон қарор гирифтааст.

    Ниҳоятан метавон зикр намуд, ки дар замони имрӯз масъалаи фаъолияти занон дар идораи давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, онҳо на ҳамчун корманди соҳа, балки ҳамчун шахсиятҳои бомуввафақ дар ҷомеа ҳам аз ҷониби Роҳбари давлат ва ҳам аз ҷониби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ эътироф гардидаанд.

   Дар Паёми соли 2022 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуда буданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Дар соли 2022 аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил дод. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71 фоиз, фарҳанг 47 фоиз, бонкдорӣ 39 фоиз, алоқа 25 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

      Роҳбарии занон, пеш аз ҳама, иштироки фаъолонаи онҳоро дар раванди таҳия ва қабули қарорҳо дар идоракунии сатҳи гуногуни ҷомеа дар назар дорад.

    Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим дар самти омӯзиши хусусиятҳои роҳбарии занон ин муайян намудани самти фаъолнокии онҳо мебошад, ки тавассути он имконияти гурӯҳбандии сохтории роҳбарии занон имконпазир мегардад.

     Ҳоло мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақш ва мақоми зан дар раванди идоракунии давлат сол то сол афзоиш ёфта истодааст, ки ин омил аз дигаргуниҳои назаррас дар ҷомеа ва баланд бардоштани шуурнокии занон ва кору фаъолияти онҳо дар тамоми мақомоту идораҳои давлатӣ дарак медиҳад.


mmk.tj


16.07.2024 174

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php