ОЛМОН: ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА ДАР 25-УМИН КОНФРОНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВОБАСТА БА МУБОРИЗА БО ВНМО ИШТИРОК НАМУД


ОЛМОН: ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА ДАР 25-УМИН КОНФРОНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВОБАСТА БА МУБОРИЗА БО ВНМО ИШТИРОК НАМУД

Имрӯз 23 июл Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар Конфронси байналмилалӣ доир ба мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам, ки дар шаҳри Мюнхени Олмон доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҷамолиддин Абдуллозода зимни конфронс доир ба мавзӯи «Таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирӣ ва муқовимат бар зидди ВНМО» сухан гуфта, оид ба таҷрибаҳои дар ин самт ба даст омада ба ҳозирин маълумот дод.

Аз ҷумла қайд карданд, ки то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар амал тадбиқ шудаанд. Ҳамзамон айни ҳол аз рӯи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» фаъолияти муассисаҳои соҳавӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки дар конфронси мазкур намояндагони 175 кишвари ҷаҳон иштирок намуда, то 26-уми июли соли ҷорӣ роҳҳои ҷилавгирӣ аз сирояти ВНМО-ро баррасӣ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин конфронс Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо Ҳанс Клюге, директори минтақавии Дафтари ТУТ оид ба кишварҳои Аврупо мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба «Харитаи роҳ оид ба саломатӣ ва некӯаҳволӣ дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2022-2025» мубодилаи афкор намуданд.

moh.tj


23.07.2024 160

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php