МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АМАЛИ ДАСТАҶАМЪИСТ


МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АМАЛИ ДАСТАҶАМЪИСТ

Дар ҷаҳони муосир масъалаи терроризм ва экстремизм диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб сохта, борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид ҷамъ овардааст ва ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст. Терроризму экстремизм ва хатари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯз аз рӯз рушд намуда, ҷонибдорони зиёдеро пайдо кардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Терроризми байналмиллалӣ бошад, яке аз шаклҳо хоси терроризм буда, дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI ба таври назаррас рушд кардааст. Терроризм ҳамчун воситаи муборизаи инкилобӣ дер боз бесамарии худро нишон дода истода, дар шакли муосири худ решаҳои амиқи иҷтимоӣ дорад, яъне он маҳсули фикри шадид ва ноумедии оммаи мазлум буда, мардумро ба шаклҳои шадиди эътирозҳо маҷбур мекунад. Ихтилофу зиддият ва бартарию афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динї яке аз сарчашмаҳои рух додани кирдорҳои ваҳшиёна гардида, маконҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд.

Яке аз умдатарин масъалаҳои давраи муосир ин таъмини амнияти миллии ҳар як кишвари мустақил ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон мубориза бар зидди ин вабои асрро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миқёси олам ҳамчун як кишвари фаъолу ташаббускор дар самти ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудааст. Пешвои муаззами миллат дар вохӯриву баромадҳояшон бо далелҳои саҳеҳ тамоми паҳлуҳои зуҳуроти номатлуби тероризмро маҳкум намуда, таъкид менамоянд, ки бо эҳсоси хатару таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босубот бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, Тоҷикистон муборизаро дар ин самт пурзӯр карда, талош дорад, ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирї намояд.

 Бо мақсади равнақ додани сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонун ва санадҳои зерқонунӣ ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо ин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамоянд.

Шоёни зикр аст, ки имрӯз кишвари мо бузургтарин неъмати давлатдорӣ - ваҳдати комилро дорост ва сокинонаш дар сояи амну осоиш умр ба сар мебаранд. Дар шароити кунунӣ вазифаи як фарди оқилу ватандӯст махсусан ҷавонон аз он иборат аст, ки ба афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашуда, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, азбарнамоию ғанигардонии маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то поягузор дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол бошанд. Мубориза бурдан бар зидди терроризму экстремизм баҳри ҳифзу музаффариятҳои истиқлолият, дастоварду комёбиҳои камназири кишвар, ки маҳз бо кушишу талошҳои бевоситаи Сарвари давлат ба амал омадааст, қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.

Дар ин росто, ҳар яки моро зарур аст, ки дар баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсии ҷомеа талошҳо намоем, то ин ки аз хатарҳои замони имрӯза эмин бошем.

 

             

Амроев У. М., 

номзади илмҳои таърих, 

ассистенти  кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


09.01.2025 1071

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php