МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ БА МАНФИАТИ АМНИЯТИ ҶОМЕА АСТ


МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ БА МАНФИАТИ АМНИЯТИ ҶОМЕА АСТ

Соли 2001 аз тарафи СММ Резолютсияи Шурои Амният қабул гардид, ки мувофиқи он давлатҳои аъзо вазифадор гардиданд, ки дар ин самт бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намоянд. Мутобиқи қарори СММ ва резолютсияи №1373 давлатҳои ҷаҳон мебоист дар мубориза бо терроризм дар сатҳи ташкилотҳои киберҷиноятҳо, интиқоли маблағ, қочоқи маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар самтҳои дорои характери ҷиноятҳои трансмиллӣ бо ҳамдигар ҳамкорӣ намоянд. Солҳои 2001-2002 ИМА бо иттифоқчиёни худ, дар асоси қатъномаи № 1386 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмак ба Амнияти Байналмилалиро (ISAF) таъсис карда, амалиёти зиддитеррористиро дар Афғонистон оғоз намуданд.

Вобаста ба таъсиси институтҳои доимии зиддитеррористӣ, дар асоси қарорҳои СММ ва Резолютсияи Шурои Амнияти СММ, соли 2001 давлатҳои минтақаи пасошӯравӣ дар ҳайати Қазоқистон, Тоҷикистон, Россия, Қирғизистон қувваҳои зудамали зиддитеррористиро таъсис доданд.

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ҳамчун зуҳуроти ҷинояткоронаи гуруҳҳои трансмиллӣ, ки қочоқи муомилоти маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳоро ҳамчун манбаи даромад истифода мекунанд, давлатҳоро водор мекунад, ки проблемаи кор бо муҳоҷиронро низ дар ин самт баррасӣ намоянд, зеро аксаран аз байни онҳо гурӯҳҳои экстремистӣ ҷавонони гумроҳшударо ба сафи террористӣ ҷалб мекунанд. Бинобар ҳамин, дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм, ва паст ва маҳв кардани шиддати ин гуна хатару таҳдидҳо, давлатҳо-аъзои панҷгонаи Шанхай се самти асосии муқовимат бо ин зуҳуротро дар сиёсати зиддитеррористӣ муайян карданд:

- роҳ надодан дар ҳудуди давлатҳои аъзо ба ҳама гуна фаъолияти террористӣ;

- ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи мубориза бо терроризм;

- ҳамкории органҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм.

Бо мақсади пешгирии омилҳои сар задании терроризм давлатҳо-аъзои панҷгонаи Шанхай дар ин самтҳо ҳамкории байнидавлатиро идома доданд ва ин самти фаъолият шиддати афзоиши терроризмро дар минтақа паст гардонид. Аз он ҷумла роҳ надодан дар ҳудуди давлатҳои аъзо ба ҳама гуна фаъолияти террористӣ, ва мубодилаи таҷрибаи органҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзо ва ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи мубориза бо терроризм вазифҳои аввалиндараҷаи давлатҳо маҳсуб гардиданд.

Дар солҳои 2000-ум ҳаракати террористӣ аз сарҳади давлатҳои исломӣ ва пасошуравӣ берун шуда, ба давлатҳои Ғарб низ таҳдид менамуд. Гурӯҳҳои ҳаросафкани байналмилалӣ ба монанди “Ал Қоида”, “Ҳизб ут таҳрир” ва дигар ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ амалиётҳои худро зидди давлатҳои Аврупо ва ИМА равона карданд. Яке аз даҳшатноктарин амали террористӣ дар ин давра дар шаҳрҳои Ню-Йорк, Вашингтон ва Пенсилванияи ИМА дар санаи 11 сентябри соли 2001, рух дод, ки дар натиҷаи таркиши ҳавопаймоҳо аз тарафи террористон, беш аз 2996 нафар кушта ва 6300 шаҳрванди ин давлат захмӣ гардиданд. Баъди ин воқеаҳо, 28 сентябри соли 2001 СММ Қарори № 1368 баровард, ки дар он падидаи терроризм ҳамчун хатари байналмилалӣ эътироф гардид, ки муборизаи муштараки давлатҳоро тақозо менамояд. Дар самти мубориза бо терроризм Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нақши калонро бозӣ менамояд, зеро бевосита дар сарҳади мубориза бо ин раванд қарор дорад. Қушунҳои зудамали зиддитеррористии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳорати ҳарбии хубро дар машқҳои минтақавӣ нишон медиҳанд ва фаъолона дар ҳифзи сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд.

Моҳи октябри соли 2002 миёни давлатҳои Россия, Белоруссия, Қирғизистон, Арманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ баста шуд, ки он ҳамчун Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) маълум гардид. Мақсад аз таъсиси ин ташкилот дар таъмини сулҳ, амният ва ҳифзи ҳудуди давлатҳо- аъзои ин созмон аз таҳдидҳои террористӣ дониста шуд. Соли 2004 давлатҳои ИДМ барои пурзур кардани мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, ташкилоти Сохтори зиддитеррористии минтақавиро таъсис доданд, ки ба ваколати он дар баробари дигар самтҳо, ошкор намудани ячейкаҳои террористӣ дар Осиёи Миёна дохил карда шуд.

Соли 2004 давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) як қатор ҳуҷҷатҳо ва шартномаҳоро ба имзо расониданд, ки дар қатори онҳо, Конвентсия «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм», Қарордод «Оиди таъсис додани сохтори зиддитеррористии минтақавӣ» ва Қарордод «Оиди ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили табодули ғайриқорнунии маводи мухаддир, маводҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба имзо расониданд. Соли 2005 давлатҳо-аъзои Созмони Шанхай, Консепсияи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм тасдиқ намуданд. Инчунин давлатҳои аъзои СҲШ қарордод дар бораи амалиётҳои муштарак дар самти маҳв кардани гурӯҳҳои террористиро қабул карданд.

Дар доираи ин ҳамкориҳо ва такмил додани донишҳои ҳарбӣ-техникӣ дар донишгоҳҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими ҳарбии махсуси самти зиддитеррористӣ омӯзонда мешавад. Дар доираи мубориза бо терроризм инчунин машқҳои ҳарбии гарнизони зиддитеррористии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва машқҳои якҷояи харбӣ бо иштироки аскарони ҳарбии кишварҳои аъзои созмонҳои минтақавӣ гузаронида мешаванд.

Соли 2009 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи «чоргонаи Душанбе» таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он Тоҷикистон, Россия, Афғонистон ва Покистон дохил гардиданд. Дар вохӯрии сарони ин давлатҳо соли 2009 дар шаҳри Душанбе масоили бехатарии минтақа муҳокима гардида, вазифаи асосии ин созмон мубориза бо терроризм ва экстремизм муайян карда шуд. Дар солҳои 2011-2014 давлатҳои минтақа дар самти ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои дорои характери террористӣ корҳои муайянро ба сомон расониданд, ки дар натиҷаи онҳо, сатҳи чунин ҷиноятҳо кам гардид. Аз он ҷумла чунин шаклҳои нави мубориза бар зидди экстремизм ба мисоли таъсиси марказҳои ягонаи ахборотӣ, бехатарии ахборот ва таъсиси системаи ягонаи ҷустуҷуӣ ба роҳ монда шуд.

Таҷрибаи аввалини истифодаи неруҳои СААД дар миқёси давлатҳои аъзо дар соли 2022 амалӣ карда шуд. Дар рӯзҳои 3-6 январи соли 2022 шаҳрҳои калонтарини Қазоқистонро гирдиҳамоиҳои калон фаро гирифтанд, ки яку якбора ба бетартибиҳо таддил гардиданд. Дар натиҷаи ин амли ошубгарон дар шаҳри Алма-Ато идораҳои давлатӣ, телевизион, мағозаҳо ва марказҳои тиҷоратӣ ғорат гардиданд. Рӯзи 5 январ издиҳоми ошубгарон фурудгоҳи шаҳрро ишғол намуд. Дар натиҷаи муқовимат бо издиҳом панҷ нафар кормандони полис кушта ва зиёда аз 300 нафар захмӣ гардиданд. Рӯзи 5 январи соли 2022 Президенти Казоқистон ба давлатҳои аъзои СААД бо изҳорот оиди дастгирӣ дар мубориза бо қувваҳои экстремистӣ ва террористӣ муроҷиат намуд ва рӯзи 6 январ бо фармони Раиси ин Созмон Сарвазири Арманистон Никол Пашинян артиши СААД вориди Қазоқистон гардид, то ки дар мубориза бо гуруҳҳои террористӣ ба Ҳукумати ин давлат ёрӣ расонад.

 

АМОНОВА С.Б.,

дотсенти кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


19.12.2024 465

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php