ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР


ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.

Падидаи номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.

Тибқи маълумотҳо дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизм ва терроризм ва, инчунин, дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад.

Экстремизм – (аз калимаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология ва ҳатто илм ба миён ояд. Дар яке аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мущтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини Ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».

Терроризм – сиёсатест, ки ба истифодаи пай дар пайи амалҳои террористӣ асос ёфтааст. Калимаҳои ҳаммаънои терроризм (лотинӣ terror – тарс, даҳшат) чунин мафҳумҳо ба монанди “зӯроварӣ” ва “тарсонидан” мебошанд. Терроризм ҳамчун мафкураи зӯроварӣ ва амалияи таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ, ба раванди қабули қарорҳо аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ муайян карда мешавад, ки бо таъсиррасонии қудратӣ, тарсонидани аҳолии осоишта ва ё дигар шаклҳои амалҳои зуроваронаи ғайриқонунӣ алоқаманд аст.

Дар давраи ҳозира мутаассифона дар арсаи байналхалқӣ фаъолияти ифротгароёнаи террористӣ ва экстремистӣ аз тарафи қувваҳои гуногун хеле фаъол гардидааст. Дар айни замон терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.

Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Таҷриба собит намудааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат чӣ қадар заҳматталабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт то чӣ андоза дастоварди нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр намуд, ки падидаҳои мазкур асоси ҳама гуна муносибатҳои мусбат дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар давлате, ки оромӣ, субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти самараноку бомароми сиёсати байналмилалиро метавон ба роҳ монд. Чун раванди ҷаҳонишавӣ ҳам ҷиҳати манфӣ ва ҳам ҷиҳати мусбӣ дорад, мо бояд ҷиҳатҳои мусбии онро аз худ кунему муттаҳидтар бошем, то манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем.

Кафедраи забонҳои хориҷӣ 


16.12.2024 961

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php