ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК!
Рӯзҳои 26-27-уми январи соли 2024 дар Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абуали ибни Синои шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон 4-умин олимпиадаи байналмилалӣ бо иштироки донишҷӯёни хориҷӣ "От ученья Абу Али ибни Сино до третьего РЕНЕСАНСА" баргузор гардид.
Дар олимпиадаи мазкур донишҷуёни 40-донишгоҳ ва донишкадаҳо аз 10 давлат иштирок намуда аз фанҳои гуногун рақобат намуданд, ки дар байни онҳо дастаи "Авитсенна"-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳти роҳбарии ассистенти кафедраи бемориҳои дарунии № 2 Ҳакимов Ё.В. ширкати фаъолона доштанд. Дастаи “Авитсена”-и Донишгоҳ дар олимпиадаи мазкур ғолибият ба даст оварда бо натиҷаҳои 1-ҷойи якум, 3-ҷои дуюм ва 2-ҷои сеюм ба Ватан баргаштанд :
Раёсати Донишгоҳ донишҷӯёни фаъолро бо натиҷаи баланди ғолибият дар олимпиадаи болозикр табрику муборакбод намуда, барояшон дар таҳсили минбаъда бурдбориҳо орзу менамоянд.
ШУЪБАИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ