Манбаҳои асосии захираҳои обии Тоҷикистон
Имрӯз диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҳалли мушкилоти бо оби тоза таъмин намудани аҳолӣ ба худ ҷалб намудааст. Боиси сарфарозист, ки иқдомҳои наҷиби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозӣ пайдо намуд. Дар партави амали гардидани иқдоми навбатии Сарвари давлати мо, аз 21декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷмааи Созмони Миллали Мутаҳид қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2021-2028» қабул гардид. Ин омил, боз як нишонаи муҳими он аст, ки ҳалли масъалаҳои глобали минтақавии ҷаҳони имрӯза оид ба об яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати мо арзёбӣ гардида, ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба хотири тамоми сайёра ва дастрасии онҳо бо оби тозаи нушокӣ равона гардидааст. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷиҳати захираҳои оби тоза дар ҷаҳон ҷои 8-ум дар давлатҳои иттиҳоти муттаҳид ҷои 3-юм ва дар Осиёи миёна ҷои 1-умро ишғол мекунад.
Сарзамини Тоҷикистон манбаҳои асосии обҳои тозаи нушокӣ ва намудҳои гуногуни обҳои шифобахш мебошад. Обҳои ҷумҳурии мо бо намудҳои гуногун ҷудо мешавад, аз ҷумла обҳои атфосферӣ, сатҳӣ ва ғайра. Яке аз манбаҳои асосии захираҳои об ин оби бороне, ки аз қатраҳои аввали борон ҷамъ карда шудаанд мебошад. Оби борон тамоман тоза буда, таркибаш миқдори хеле ночизи намак дорад.
Боришоти солонаи борон дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон нобаробаранд. Миқдори зиёди боришотро 65% миқдори яксола, дар фасли хунуки дидан мумкин аст. Аз ҳама борони кам дар минтаҳои Қароқул (72 мм), Мурғоб (77мм) ва Булункул (86 мм) дида мешавад. Чунин дигаргуниҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ мушоҳида карда мешавад.
Ба оби атмосферӣ, ки дар замин дар шакли борон, барф ва жола меафтанд дохил мешавад. Азбаски ин об ширин аст, пас дараҷаи баланди тозагӣ дорад. Вале ҳангоми аз қабати атмосфера гузаштан он метавонад бо чангу ғубор, газҳо ва хок ифлос шавад. Инро махсусан дар ибтидои бориши борон мушоҳида кардан мумкин аст.
Оби сатҳӣ ин обест, ки дар ситҳи замин –дар уқёнусҳо, дарёҳо, пиряхҳо, чашмаҳо ва кулҳо мавҷуд аст. Пиряхҳои Тоҷикистон захираи беҳамтои оби нушокӣ мебошад. Айни замон дар ҳудуди ҷумҳурии мо 9550 пирях, бо масоҳати 8,5 ҳазор км мурабаъ, баҳисоб гирифта шудааст.Дар онҳо қариб 460 км мукааб оби мусафо мавҷуд аст.
Сифати обҳои зери заминӣ ва болои заминии Тоҷикистон хеле баланд буда, танҳо дар баъзе ҷойҳои алоҳида ба сабаби кор кардани баъзе муассисаҳо, ки дуди ғализ ва дигар моддаҳоро хориҷ мекунанд ба меъёрҳои зарурӣ ҷавобгӯ нест. Захираҳои обҳои зеризаминии нушокӣ дар як шабонаруз 7 млн метри кубиро ташкил медиҳад.
Вазъи тандурустии аҳолӣ бештар вобастагӣ дорад ба сифати обҳои нушокӣ. Оби нушокӣ бояд тоза, беранг ва бебӯй ва дорои лаззати хуб бошад. Дар таркии он бояд миқдори ночизи минералҳо 0,15 дар 1 литр ва намакҳои оҳакӣ бошад. Об дар таркибаш омонӣ, нитрогенҳо, ифлоскунандаҳои органикӣ, моддаҳои заҳролуд ва газҳои заҳролуд надошта бошад. Оби нушокӣ бояд аз ҳашарот, кирмҳо, микробҳои сирояткунанда тоза бошад.
Заҳираҳои обии Тоҷикистон дар оянда имкон дорад, ки дар баъзе ноҳия ва минтақаҳо (Помири ғарбӣ) афзуда, дар баъзе ноҳияҳои дигар (ҳавзаи дарёи Зарафшон, Кофарниҳон ва ғ.) аз ҳисоби баланд шудани ҳарорат талафшавии яхбастаҳо ва зиёд гаштани буҳоршавӣ кам мегардад.
Каримова А.Р. муаллимаи калони кафедраи
«Фанҳои ҷомеашиносӣ»