АҲАМИЯТИ ДОНИШУ ХИРАД ДАР «ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
Донишу хирад мояи худшиносии башарист. Инсоният бо донишу хирад тавонист, дар тӯли қарнҳо барои худ зиндагии шоистаеро касб намояд. Ҳамин аст, ки дар гузашта олимону шоирон ҷиҳати омӯзишу бедории фикрии халқият кӯшишҳо ба харҷ дода, тавассути қаламфарсоиҳои беназирашон инсониятро ба донишандӯзӣ ҳидоят мекарданд. Қофиласолори шеъри аҷам – Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ перомуни ин ҳанӯз 1100 сол муқаддам гуфта буд:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ба таърихи адабиёти пурғановати халқи тоҷик рӯ оварда шавад, ба таҳқиқ шоиреро наметавон дарёфт, ки дар васфи дониш напардохта бошад. Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ аз тобноктарин ахтар дар самои илму адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс маҳсуб гардида, бо шоҳасари безаволаш – «Шоҳнома» шуҳрати ҷаҳониро касб кардааст, дар ситоиши хираду дониш назари хос дорад. Абулқосим Фирдавсӣ бобати андӯхтани илму дониш аҳамияти хоса зоҳир намуда, тақрибан дар саросари достонҳои «Шоҳнома» рӯ ба ин мавзуъ меорад. Ӯ дар бахши «Муқаддима»-и асараш дар қатори дигар фаслҳо фасли «Гуфтор андар ситоиши хирад» ҷой дода, ба тасвири ин нукта мепардозад. Дар муқаддима ҷой додани ин маъала аз ҷониби муаллиф бесабаб набуда, он ғояҳои асосии асарро фаро мегирад. Шоир бар ин муътакид аст, ки шахси доно тавоност:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Ва ё дар ҷойи дигар:
Хирадмандию пешбинӣ кунӣ,
Тавоноию покдинӣ кунӣ.
Ӯ иброз медорад, ки обрӯй ва ҷойгоҳи башарият, маҳз, ба дониш вобастагии амиқ дорад. Аз ин хотир, рӯ овардан ба ин нуктаро талқин намуда, бар хилофи ин, бедониширо мазаммат мекунад:
Ба дониш бувад мардро обрӯй,
Ба бедонишӣ то тавонӣ мапӯй.
Ва таъкид мекунад, ки номи инсон бо дониш ҳамеша ҷовидона хоҳад монд:
Мар онро, ки дониш бувад, тӯша бурд,
Бимирад танаш, ном ҳаргиз намурд.
Донишу хирад дар баробари номи инсон ба таври ҳамешагӣ боқӣ гузоштан дар зиндагӣ ҳам пояи устовори саодати башарӣ хоҳад гардид:
Хирад мояи ҷовидонӣ бувад,
Хирад пояи зиндагонӣ бувад.
Симои марказӣ ё худ қаҳрамони номии «Шоҳнома», ки дар қисмати дуввуми асар ба сароҳат ҷилва медиҳад, Рустам аст. Ин қаҳрамон дар асар на танҳо намунаи барҷастаи инсони тавонову қудратманд, ҷасуру далер, шуҷоу бебок ва паҳлавону ҷанговари беназир, балки ҳамчун шахсияти бо зевари дониш мусаллаҳ тасвир ёфтааст ва сабаби зафарёбии Рустамро ҳам Фирдавсӣ аз дониши ӯ марбут медонад. Масалан, Фирдавсӣ дар қисмати оғози достони Комуси Кашонӣ аз Рустам ёд мекунад ва дониши ӯро мавриди тавсиф қарор медиҳад:
Шигифтӣ ба гетӣ зи Рустам басест,
К-аз ӯ достон дар дили ҳар касест.
Ба хушкӣ чу Нилу ба дарё, наҳанг,
Хирадманду бедордил марди ҷанг.
Сари мояи мардиву ҷанг аз ӯст,
Хирадмандиву донишу санг аз ӯст...
Зарурияти донишу хирадро шоир барои ҳама муҳм арзёбӣ мекунад. Махсусан, барои подшоҳон муҳимтар медонад, зеро мулк аз рӯи дониш идора карда мешавад, на симу зари фаровон:
Касе, к-ӯ ҷаҳонро бувад хостор,
Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор.
Ҳамчунин, ақида меронад, ки бедонишӣ сабабгори нестиву нобудии давлат мегардад ва барои тақвият бахшидани ин фикр аз нокомиву нобарории шоҳони муқтадир чун Ковусу Заҳҳок ёд оварда, заволи ҳукумати эшонро аз камхирадии онҳо медонад. Шоир дар тасвири подшоҳони таърихӣ низ, пеш аз ҳама, ба хиради онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ӯ аз забони Баҳром дар зимни номааш ба шоҳи Ҳинд Шангул ба арзиши баланди донишу хирад дар нигаҳдории инсон аз ҳама гуна бадиву балоҳо ишора намуда, зарурати онро барои шоҳон таъкид месозад ва ба тоҷи хусравон монанд мекунад:
Фузун аз хирад нест андар ҷаҳон,
Фурӯзандаи кеҳтарону меҳон.
Ҳар он кас, ки ӯ шод шуд аз хирад,
Чаҳонро ба кирдори бад наспарад...
Нахустин нишони хирад он бувад,
Ки аз бад ҳамасола тарсон бувад.
Бидонад, тани хешро дар ниҳон,
Ба чашми хирад ҷуст бояд ҷаҳон.
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Шоир гузаштагони худро бо ифтихор зикр карда, тоҷдориву салтанати эшонро таъкид мекунад ва бо зевари дониш мусаллаҳ буданашонро ёд мекунад:
Ниёгони мо номдорон буданд,
Ба даҳр-андарун тоҷдорон буданд.
Набардоштанд аз касе саркашӣ
Ба тезию тундию бедонишӣ.
Шоир бар бедонишон таъкид карда, хомӯш нишастани онҳоро бар салоҳи кор медонад. Ин ҷо ҳамон зарбулмасали «Пистаи бемағз агар лаб во кунад, расво шавад» ёд мешавад:
Зи дониш чу ҷони туро моя нест,
Беҳ аз хомушӣ ҳеч пероя нест.
Бояд бигӯем, ки Абулқосим Фирдавсӣ донишу хирадро дар мақоми аввал мегузорад, зеро дониш мояи ҳифзи инсон аз ҳама гуна хавфу хатар буда, шоир онро бар сари ҷон «афсар» медонад:
Мадоро хирадро бародар бувад,
Хирад бар сари ҷон чу афсар бувад.
Ҳамин тариқ, мавқеъ ва ҷойгоҳи дониш дар саросари «Шоҳнома» ба чашм мерасад ва ҳамчун андарз муаллиф ба башарият арза медорад.
Бо назардошти ин ва чандин ғояҳои дигари ин шоҳасар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон вобаста ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров санаи 05.12.2023 дастур доданд, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шавад.
Беҳуда нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду суханрониҳояшон ба аҳли зиё ва умуман, ба мардуми шарифи Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки ҷавонон бояд дар рӯҳияи донишомӯзӣ тарбия ёбанду дар пешбурди Ватан саҳм гузоранд. Сарвари давлат ҳанӯз аз аввали ҳукуматдорияшон иброз дошта буданд, ки: «Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам». Ба роҳ мондани як қатор Озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва бунёди садҳо мактабҳои наву замонавӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ равшангари ҳамин нукта аст. Пас, месазад, бигӯем, ки насли воқеии Рӯдакиву Фирдавсӣ бошему ба донишу хирад рӯ оварда, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ намуда, дар пешрафти Ватан саҳми бориз гузорем.
Рабиқов Хушрӯз
мутахассиси шуъбаи тарбияи Донишгоҳ