ОБШАВИИ ПИРЯХҲО ДАР РАВАНДИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА БАШАРИЯТ
Новобаста ба зуҳури вазъи ногувори биологӣ ва инсониву беҳдоштии ҷаҳон масоили тағйирёбии иқлим дар сайёраи Замин ба ҳадди рекордии худ расида, олимону донишмандони соҳаи муҳити зистро нигарон кардааст. Муваффақ шудан ба рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ вазифаи аввалиндараҷа аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш мекунад, то барои ҳалли ин масъала дар асри XXI тадбирҳои ҷиддию бетаъхир андешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ иштирокчии фаъоли муҳимтарин чорабиниҳои байналхалқӣ оид ба ҳифзи табиат аст. Мантиқан хеле дуруст аст, ки сарварони кишварҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мавзуи об таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд, зеро масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, яъне, масъалаҳое, ки асоси рушди устуворро ташкил медиҳанд, маҳз, ба ҳамин захираи стратегӣ, ки манбаи ҳаёт дар рӯйи замин аст, иртибот доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад давоми ду даҳсолаи охир як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои обу экология Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар шаҳри Ню-Йорк пешниҳод намуданд, ки барои аз байн бурдани мушкилоти норасоии об ва рафъи мушкилоти экологии марбут ба об соли 2003 «Соли оби тоза» эълон карда шавад. Ин ташаббус дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқи худро ёфт. Бо ҳамин иқдомоти пайгирона ва ташаббусҳои башардӯстонаи Тоҷикистон пайи ҳам аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд. Пешниҳоди навбатии ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» эълон шуда, он аз 22-юми марти соли 2018 оғоз ёфт ва 22 марти соли 2028 ба анҷом мерасад.
Об манбаи нахустин ва ногузири қонеъ гардондани талаботи асосии инсон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои безарар, тозагӣ ва нигоҳ доштани экосистемаҳо дар сайёраи мо мебошад. Солҳои охир гарм шудани иқлими сайёра идома дорад ва ин барои Тоҷикистон боз як хатари нав ба вуҷуд овардааст, ки он бо суръати ғайримуқаррарӣ об шудану торафт кам гардидани майдони мавҷудаи пиряхҳо дар кӯҳистон мебошад. Тибқи андешаи иқлимшиносон тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ талош намуда истодааст, ки ин ташаббуси навбатӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор ва наҷотбашхи башарият аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир дар ҷомеаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ хоҳад намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо бо ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва экология дар ҷаҳон машҳур аст, балки табиати зебову ғанӣ аз гулу гиёҳҳои табобативу ороишӣ ва олами вуҳуши рангорангаш дили ҷаҳониёнро тасхир намудааст. Иқлими мувофиқ ва тақсимшуда дар чор фасл низ зебогиҳои худро дорад. Табиат манбаи ҳаёт ва асоси инкишофи ҷомеаро ташкил намуда, сарчашмаи асосии қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавӣ ба ҳисоб меравад. Аҷдодони мо ҳамбастагии обу ҳаво, набототу ҳайвонот ва олами моддиву маънавиро аз масоили экологии куҳан медонистанд ва ин масъала имрӯз низ хело муҳим арзёбӣ мегардад. Соҳои охир ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор гирифтанд ва Тоҷикистон маркази қабули барномаҳои сатҳи байналмилалӣ гардид. Аз ин рӯ Тоҷикистон ва пойтахти он шаҳри Душанбе дар садри расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифта, барои боз ҳам бештар муаррифӣ шудани Тоҷикистони соҳибситиқлол дар арсаи олам мусоидати фаъол намуд.
Мавриди зикр аст, ки солҳои охир тағйирёбии глобалии иқлим, боиси номӯътадил гардидани ҳолати гидрологӣ гардида, боришоти борон дар фасли зимистон ва баракс сард шудани ҳаво ҳангоми фасли тобистон ба гардиши гидрологӣ ва ҳамин тавр, захираҳои обӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ба андешаи таҳлилгарон агар муқарароти танзими об дигар карда нашавад, то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии замин аз оби ошомиданӣ танқиси мекашанд. Аммо намояндагони Созмонҳои байналмилаӣ ба он назаранд, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим бисёре аз мушкилоти ҷойдоштаро дар минтақа ва ҷаҳон марҳила ба марҳила аз байн мебарад.
Ҳамин тавр, қабул гардидани ташаббусҳои Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки Тоҷикитсон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ вобаста ба ҳаллу фасли мушкилоти глобалии ҷаҳон, аз ҷумла, об дар курраи Замин ташаббус нишон дода, барои оқилона истифода бурдани он пешниҳоддҳои созандаро рӯи кор овардааст.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректори Донишгоҳ