АЗ ТАЪРИХИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ
Соли нав - ҷашни асосии тақвимӣ мебошад, ки дар лаҳзаи гузариш аз рӯзи охирини сол ба рӯзи аввали соли оянда рух медиҳад. Онро бисёр халқҳо мувофиқи тақвими қабулшуда ҷашн мегиранд. Ибтидои сол аз 1-уми январ аз ҷониби ҳокими Рум, Юлий Сезар дар соли 46 пеш аз милод таъсис дода шуд. Дар Руми Бостон, ин рӯз ба Янус бахшида шуда буд. Моҳи январ номи худро ба шарафи Янус гирифт, ки вай бо ду чеҳра тасвир шудааст: яке ба пеш менигарист ва дигаре ба қафо менигарист.
Соли нав яке аз қадимтарин идҳост, ки инсоният ҷашн мегирад. Ҳангоми ҳафриёти аҳромҳои Мисри Қадим бостоншиносон шикастапораи кӯзаеро пайдо намуданд, ки дар он «Ибтидои соли нав» сабт шуда буд. Дар Мисри Қадим Соли нав ҳангоми дамидани дарёи Нил ҷашн гирифта мешуд (тақрибан охирҳои моҳи сентябр). Дамидани Нил хеле муҳим буд, зеро ки танҳо он биёбонро шодоб мегардонид. Дар Соли нав ҳайкалҳои худояшон Амон, занаш ва писарашро дар киштие мегузоштанд ва як моҳ дар дарёи Нил дар он шино мекарданд. Дар тамоми ин вақт одамони даруни киштӣ сурудхонӣ, рақс ва шодиву хурсандӣ мекарданд. Баъд ҳайкалҳоро боз ба ибодатгоҳ меоварданд.
Румиёни қадим ҳанӯз то милод ба ҳамдигар туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекарданд ва шаби соли навро бо майнӯшиву базмороӣ мегузарониданд. Онҳо ба ҳамдигар дар соли нав хушбахтӣ, муваффақият ва бурдборӣ мехостанд. Муддати дарозе румиён соли навро дар аввали моҳи март ҷашн мегирифтанд, то даме ки Юлий Сезар тақвими наверо ҷорӣ намуд. Ҳамин тавр, рӯзи қайдгирии Соли нав, рӯзи якуми моҳи январ гардид. Номи моҳ ба шарафи худо Янус (дурӯя) гузошта шуда буд. Як рӯи ӯ ба соли гузашта ва рӯи дагараш ба пеш ба соли нав буд. Иди Соли навро «календа» мегуфтанд. Одамон дар ин муддат хонаҳояшонро оро медоданд ва ба ҳамдигар туҳфаҳо мекарданд; ғуломону хӯҷаинҳояшон якҷоя хурсандӣ мекарданд. Румиёни сарватманд ба император туҳфаҳо мекарданд. Аввалҳо ин кори ихтиёрӣ буд, вале баъдтар императорҳо дар Соли нав худашон туҳфа даъво мекарданд.
Императори Рум Калигула рӯзи якуми Соли нав ба майдони назди қасраш мебаромад ва аз раияташ тӯҳфаҳо мегирифт. Ӯ дар дафтаре қайд мекард, ки кӣ чандто ва чизе дод.
Дар Бобулистони Қадим Соли навро баҳорон ҷашн мегирифтанд. Дар давраи ҷашн шоҳ чор ё ин, ки шаш рӯз аз шаҳр берун мерафт. Вақте ки шоҳ набуд, мардум метавонистанд ба чӣ коре хоҳанд машғул шаванд. Баъд аз чанд рӯз шоҳу дарбориёнаш дар тан либосҳои идона мегаштанд ва халқ низ ба кори худ машғул мешуданд. Ҳамин тавр, ҳар сол одамон ҳаётро аз нав сар мекарданд.
Дар Русия низ Соли навро 1-уми март ҷашн мегирифтанд. Дар асри XIV калисои ҷомеъи Маскав қароре баровард, ки мувофиқи он Соли нав 1-уми сентябр аз рӯи тақвими юнонӣ ҷашн гирифта мешуд. Ва танҳо дар соли 1699 Пётр I баъди аз Аврупо баргаштан, бо фармони махсусаш солшумориро аз 1-уми январ саркунонд ва ин рӯзро рӯзи ид хонд.
Аз соли 1919 ҷашни Соли нав дар ИҶШС мувофиқи Тақвими Григорианӣ таҷлил мегардад. Аз 23 декабри соли 1947 бо қарори Президиуми Совети Олии ИҶШС 1-уми январ рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол анъанаи ҷашнгирии Соли нави мелодӣ аз рӯи Тақвими Григорианӣ давом дорад. 1-уми январ ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истироҳати эълон гардидааст.
Таҳияи Ҳафизова Б.М.-ассистенти кафедраи
эпидемиология ба номи
профессор Рофиев Ҳ.Қ.