Саломатии ҳар инсон дар дасти худи ӯст. Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар ВНМО


Саломатии ҳар инсон дар дасти худи ӯст. Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар ВНМО

Дар охири асри ХХ бемории мудҳише бо номи ВНМО (вируси норасоии масунияти одам), ки дар дунё бо номи СПИД машҳур аст, пайдо шуд ва то имрӯз аз ин беморӣ садҳо ҳазор одамон ҷони худро аз даст додаанд. Мутаассифона, то имрӯз инсоният роҳҳои муолиҷаи ин бемориро кашф накардааст. Бемории мазкур дар Тоҷикистон бори аввал соли 1991 ба қайд гирифта шудааст. То соли 2015 дар ҷумҳурии мо беш аз 6500 нафар мубталои ин беморӣ расман ба қайд гирифта шудааст.

Аз соли 1987 дар саросари ҷаҳон 1-уми декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) таҷлил мешавад. Вируси норасоии масунияти одам бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Беморӣ ҳангоми истифодаи дукаратаи сӯзандору, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад.

Бемории ВНМО/СПИД ин вирусест, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ва давои ин бемориро то ҳол дар ягон мамлакати рӯйи дунё наёфтаанд ва шахсе, ки ба ин беморӣ дучор мешавад, пеш аз ҳама, иммунитети он заиф шуда, қобилияти муҳофизаткуниаш суст мешавад. Имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки миллионҳо нафар аҳолии рӯйи замин аз ин беморӣ ба ҳалокат мерасанд ва миллионҳо нафар ба ин вирус сироят меёбанд. 

         Тоҷикистон дар миёни чанд кишвари камшумори ҷаҳон аст, ки ин вирус дар он дар муддати 10 соли гузашта 25 дарсад афзудааст. Аз замони пайдо шудани беморӣ дар кишвар то кунун беш аз 2 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. Танҳо дар як соли гузашта 1 ҳазору 207 ҳолати сироятёбӣ ба ин вирус ошкор шудааст. 

        Соли 2022 дар ҷаҳон 39 миллион нафар ба вируси ВИЧ мубтало шудаанд. 630 000 нафар аз бемории ВНМО фавтиаанд.

Шумори умумии гирифторони вируси норасоии масунияти бадан ВИЧ/СПИД то соли 2020 ба 12 ҳазору 420 нафар ба ВНМО гирифтор шудаанд. Аз ин шумора 7965 нафари онро мардон (64,1 %) ва 4455 нафари онро занон (35, 9 %) ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумӣ то ҳол 9072 нафар зинда ва зиёда аз 3 000 нафари дигар ҷони худро аз даст додаанд.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки ба ВНМО ва ё ба инфексияи ВНМО мубтало шудаанд, ҳамаи ҳуқуқҳоеро, ки ба шаҳрвандони дигар мансубанд, бе ягон маҳдудият кафолат медиҳад.

Ташхиси инфексияи ВНМО танҳо дар асоси таҳлили лаборатории хун ва мавҷудияти зиддулбадан (антител) ба ВНМО гузаронида мешавад. Тестгузаронӣ барои ВНМО то гузаронидани таҳлил ва баъд аз гирифтани натиҷаҳо анҷом дода мешавад. Муроҷиат кардан барои аз тест гузаштан ва натиҷаҳои он иттилооти махфӣ буда, пинҳон нигоҳ дошта мешавад.

Роҳбарон ва дигар кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, кормандони тиб, ки ба онҳо бо сабабу вазъиятҳои гуногун дар бораи ВНМО-и хонанда ва ё хешовандони наздики ӯ (волидон, хоҳарон, бародарон) маълумот медиҳанд, вазифадоранд, ки махфияти онро нигоҳ доранд. Дар акси ҳол, онҳо мутобиқи қонунҳои амалкунанда ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Мутаассифона, аз рӯйи намуди зоҳирии инсон ВНМО-ро муайян кардан имконнопазир аст. Ҳамчун қоида, инсони мубталои ВНМО то дер вақт ягон аломати бемориро ҳис намекунад. Вай тарзи зиндагии одатиашро идома медиҳад – мехонад, кор мекунад, вазифаи ҳаррӯзаашро иҷро мекунад ва бо ҳамин худро комилан солим ҳис мекунад. Вале аз давраи ба организм дохил шудани ВНМО инсон бемор будани худро надониста, метавонад онро ба одамони дигар гузаронад. Ошкор кардани ВНМО танҳо баъд аз тесткунонии ВНМО имконпазир аст. Донистани ВНМО имкон медиҳад, ки инсон сари вақт муолиҷаро оғоз намояд ва барои ба одамони дигар нагузаштани вирус тадбирҳои зарурӣ андешад.

Бо мақсади пешгирӣ аз ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ҷавононро лозим аст, ки пеш аз ҳама, тарзи ҳаёти солимро пеша карда, бештар ба варзиш шуғл варзанд. Ҷиҳати инкишофи ҳамаҷонибаи ҷисмонии кӯдакон ва ҳифзи саломатии онҳо волидон ва парасторону васиён ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда вазифадоранд, ки ба онҳо шароити мусоид фароҳам оваранд ва худ намунаи тарзи ҳаёти солим бошанд.

Саломатии ҳар як инсон дар дасти худи он аст. Бинобар ин, дар бораи роҳҳои гузариши ин беморӣ маълумоти кофӣ доштан ва роҳҳои пешгирии онро истифода бурдан шахсро аз мубталошавӣ ба ин беморӣ эмин нигоҳ медорад, яъне пешгирӣ аз муолиҷа осонтар аст. 

                                                     Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1


29.11.2023 203

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php