БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ИМКОНИЯТИ ИСТИФОДАБАРИИ РАСТАНИҲОИ ШИФОГИИ ВАТАНӢ ҲАНГОМИ БЕМОРИҲОИ СИСТЕМАИ ҲОЗИМА ВА БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД»
Санаи 05.10.2023 бо ташаббуси кормандони Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” бо иштироки намояндагони кафедраҳои тахассусии факултаи фарматсевтӣ, аз ҷумал, кафедраҳои фармакогнозия ва ташкили иқтисодиёти фармасевтӣ, технологияи дорусозӣ, кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ, бо иштироки намояндагони сохторҳои Донишгоҳ ва табибони шуъбаи эндокринологии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» дар мавзуи «Имконияти истифодабарии растаниҳои шифогии ватанӣ ҳангоми бемориҳои системаи ҳозима ва бемории диабети қанд» мизи мудаввар гузаронида шуд. Дар чорабинӣ мубоҳисаҳои зиёдедар робита ба мавзуи интихоб шуда аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ ва мутахассисону олимон мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор дода шуданд.
Иштирокчиёни мизи мудаввар ба мавзуъҳои баррасишаванда шавқу рағбати хосе зоҳир намуданд. Баргузории чунин чорабиниҳо барои мубодилаи афкор, таҳкими донишҳои соҳавӣ ва рушди соҳаи тандурустии мамлакат мусоидат менамояд.
Кафедраи фармакогнозия ва ташкили иқтисодиёти фармасевтӣ ва МТИИ «Фарматсия»