ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БО МЕДАЛИ ВИШНЕВСКИЙ ВА СИПОСНОМАИ АССОТСИАТСИЯИ ҶАРРОҲОНИ ГЕПАТОПАНКРЕАТОБИЛИАРИИ КИШВАРҲОИ ИДМ ҚАДРОНӢ ГАРДИД


ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БО МЕДАЛИ ВИШНЕВСКИЙ ВА СИПОСНОМАИ АССОТСИАТСИЯИ ҶАРРОҲОНИ ГЕПАТОПАНКРЕАТОБИЛИАРИИ КИШВАРҲОИ ИДМ ҚАДРОНӢ ГАРДИД  4 октябри соли равон дар рафти баргузории Конгресси 30-юми байналмилалии Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода барои тақвияти ҳамкории муштарак дар соҳаи ҷарроҳӣ бо медали Вишневский ва Сипосномаи ассотсиатсияи мазкур қадрдонӣ карда шуд.


Маврид ба зикр аст, ки дар тӯли фаъолияти 30 солаи хеш инак бори нахуст Конгресси номбурда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.


Аснои тақдими Медал ва Сипоснома масъулини Ассотсиатсияи ҷарроҳони гепатопанкреатобилиарии кишварҳои ИДМ ба ҷониби Тоҷикистон баҳри истиқболи самимӣ ва фароҳам овардани шароити арзанда барои баргузории ин чорабинии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Бояд гуфт, ки Конгресси мазкур то санаи 6 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе идома хоҳад ёфт.

moh.tj



06.10.2023 672

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php