НАҚШ ВА МАҚОМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР


НАҚШ ВА МАҚОМИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Санаи 3-юми октябри соли 2023 таҳти роҳбарии муаллими калони кафедра Бобоева Х.А. ва ассистенти тарбиявї Ашурова Н.П. дар мавзӯи: «Нақш ва мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир» дарси кушод гузаронида шуд, ки дар ин чорабини кормандони кафедра ва донишҷӯёни гурӯҳҳои 2, 31 ва 33-юми курси 3-юми факултети тиббї иштирок намудаанд. Маърӯзаро донишҷӯёни гурӯҳҳои номбурда пурмазмун пешкаши ҳамагон намудаанд.

   Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалии мамлакат давраи нав сар шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро бисёр давлатҳои ҷаҳон шинохтанд ва бо кишвари мо муносибатҳои дипломатӣ барқарор карданд. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гаштанаш мунтазам барои нигоҳ доштани сулҳ дар ҷаҳони муосир фаъолона мубориза мебарад.

   Оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ба ҳисоб меравад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тавассути кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ормонҳои миллӣ устуворона мавқеи хешро дар арсаи байналмилалӣ бештар тақвият дода, дар баробари он сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳаёти фарҳангию маънавии кишвар ба сатҳи сифатан нав инкишоф меёбад.

   Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона ба таври расмӣ шинохта шудааст. Соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи зиёда аз 200 давлати ҷаҳон эътироф карда шуд ва бо 95 давлати дунё муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ барқарор гардид.

    Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти беш аз 40 ташкилоти байналмилалӣ пазируфта шуд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки обрую эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ рӯз аз рӯз боло рафта, ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гаштааст.

        Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо бештар аз 20 созмони байналмилалӣ робитаҳои қавии ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла Тоҷикистон бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ), Фонди Байналмилалии Асъор (ФБА), Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳо робитаи зич дорад.

         Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) соли 2001 ташкил ёфта, ба ҳайати он айни ҳол давлатҳои зерин дохил мебошанд: Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Панҷ кишвари дигар ба ҳайси нозир қабул гардидаанд (Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон, Покистон). Шарикони сатҳи муколама Беларус, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.

    Тоҷикистони соҳибистиқлол чун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ҷангҳои маҳаллиро маҳкум карда, баҳри пойдории сулҳ дар тамоми ҷаҳон баромад мекунад. Бо қарори ЮНЕСКО, сентябри соли 2004, ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ» ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе супорида шуд.

 

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона

 

 

 

 

 

 


04.10.2023 860

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php