«Ёдгории Тахти Сангин нишон аз тамаддуни воло ва таърихи куҳани халқи точик»
Яке аз ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангӣ, ки дар қисмати чанубии Точикистон, дар ноҳияи Қубодиён чойгир аст, Тахти Сангин маҳсуб меёбад. Мувофиқи маълумоти олим ва муҳаққиқи варзида Ш.Раҳмонов Тахти Сангин (Утар қала) дар 8 гектар масоҳат доман густурда, дар миёни Амударё ва куҳдомани Тоштеппа, аз шимолу чануб бо деворҳои ғафс пушонида шудааст. Дар натичаи ҳафриётҳои бостоншиносон маълум гардидааст, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино шудааст. Аз ин лиҳоз олимон онро Тахти сангин номиданд. Азбаски ёдгории мазкур ба Тахти Чамшед (Персеполис) пойтахти империяи Ҳахоманишиён шабоҳат дошт, дар номгузорӣ ба он низ пайравӣ карданд. Тахти Сангин мавзеи таърихиест, ки маъбад ва ё шаҳрак унвон гирифта, ба асрҳои IV пеш аз милод ва II милодӣ тааллуқ дорад. Ин ёдгории пурарзиш аз ҳунари волои меъмории шаҳрсозии ачдодонамон дарак дода, муаррифгари таърихи як гӯшаи Чумҳурии Точикистон ба шумор меравад. Қиммати баланди таърихӣ доштани Тахти Сангинро олимони чумҳурӣ Музаффар Азизов ва Чонибеки Асрориён низ таъкид намуда чунин нигоштаанд: “То ифшои рози ин ёдгории беназир шоҳигарии Бохтари куҳан барои олимон афсонаи ширинеро мемонд ва онҳо бовар намекарданд, ки мардуми бохтарӣ ба эчоди тамаддуни бесобиқа қодиранд”.
Дар нимаи дуюми асри Х1Х точирони бухороӣ аз сокинони маҳаллӣ дар бораи бозёфти Тахти Сангин хабардор шуда онро харидорӣ намуданд. Сипас барои тичорат суи Ҳиндустон равона гардиданд ва “Хазинаи Амударё” аз чониби заргарони ҳинду ва амалдорони бритониягӣ харидорӣ шуданд. Баъди чанд сол бозёфти мазкур моли Осорхонаи миллии Британия гардид. Ин бозёфтҳо бозгӯи соҳиби таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ будани халқи точик аст.
Маврид ба зикр аст, ки номи “Хазинаи Амударё” –ро ба бозёфтҳои Тахти Сангин муҳақиқи англис О. М. Далтон гузоштааст. Ӯ нахустин муҳаққиқест, ки дар бораи ин бозёфт таҳти унвони “Ганчинаи Амударё” соли 1905 рисолаи алоҳида навишта ба он баҳои баланд дода буд.
Ба иттилои муаллифони китоби “Қубодиён”-Қуввати Доро, Фозили Абдуррашид, Қиёмиддин Сатторӣ бошад, барои кашфи ёдгории Тахти Сангин дар сафарномаи сайёҳ ва афсари рус Н. Маев ҳамчун раҳнамо ба пажуҳишгарони баъдинаи осори бостонӣ ахбори муҳиме гирд оварда шудааст, ки он имконият дод, то ки макони аслии “Хазинаи Амударё” муайян гардад. Дар қарни ХХ бошад маълумотҳои муҳим аз чониби бостоншиноси шуравӣ М. М. Дяконов низ ба даст оварда шуданд. Инчунин ҳафриётҳои натичабахши бостоншиносӣ зери роҳбарии бостоншиносони барчастаи шуравӣ А. М. Менделштам, Б.А Литвинский, И.Р Пичикян ва дигарон чиҳати кашфу муаррифӣ намудани ёдгории Тахти Сангин гузаронида шуда тадқиқоти пурарзиш роҳандозӣ гардидаанд.
Хушбахтона дар замони имрӯза низ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи Тахти Сангин идома ёфта истодааст.
Қобили ёдоварист, ки Тахти Сангин ба номгуйи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз чониби Точикистон соли 2011 пешниҳод шуда, соли 2015 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии Юнеско сабт гардидааст.
Боиси ифтихор аст, ки пешниҳоди Точикистон доир ба 2500 – солагии шаҳраки бостонии Тахти Сангин 11 ноябри соли 2021 дар чаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ба Руйхати рӯзҳои муҳим ва хотирмоне, ки Юнеско дар солҳои 2022-2023 тачлил мекунад, дохил гардидааст.
Нурматова М.Р.- номзади илмҳои таърих, муаллимаи кафедраи «Фанҳои чомешиносӣ»