АҲАМИЯТИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ БАШАР
Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар радифи он ки иқдомҳои муассиреро дар самти рафъи мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки дар оғози соҳибистиқлолӣ рӯ ба рӯ омода буд, амалӣ мекард, ҳамчунин, нақши худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари ташаббускор марҳила ба марҳила мустаҳкам намуд. Талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тақвият бахшидани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва рӯ ба рушд ниҳодани давлати тозаистиқлол натиҷа бахшид ва Тоҷикистон рӯ ба тараққиёт ниҳод. Дар ин самт тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, хоса, ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ нерӯи тоза гирифт. Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ аввалин иқдомҳои худро пешниҳод кард ва ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бо муҳим будани пешниҳодҳо ва дархӯри замон будани онҳо ин иқдомҳои ҷониби Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, татбиқи онҳоро дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монданд.
Ташаббусҳои зиёди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу экология ва иқлим ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудаанд ва ҷонибдории дастаҷамъона ёфтаанд. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои обу экология Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, дар шаҳри Ню-Йорк пешниҳод намуданд, ки барои аз байн бурдани мушкилоти норасоии об ва рафъи мушкилоти экологии марбут ба об соли 2003 «Соли оби тоза» эълон карда шавад. Дар асоси ин ташаббус 20-уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Бо ҳамин иқдомоти пайгирона ва ташаббусҳои башардӯстонаи Тоҷикистон пайи ҳам аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидаанд. Дар ин баробар Тоҷикистон маркази қабули барномаҳои сатҳи байналмилалӣ гардид. Бо натиҷагирӣ аз татбиқи «Соли оби тоза», ки назаррасу манфиатнок будани худро нишон дод, қарор дода шуд, ки солҳои минбаъда низ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд. Бо дарки ин, ки масъалаи нарасидани оби тоза барои садҳо миллион аҳолии дунё проблемаи ҷиддӣ ва дорои аҳамияти ҳаётӣ мебошад, ҳамчунин, бо назардошти ин, ки проблемаи мазкурро дар як солу ду сол ҳаллу фасл кардан ғайриимкон аст, Тоҷикистон дар Форуми сеюми байналмилалии об дар шаҳри Киотои Япония, Форуми байналхалқии Душанбе оид ба оби тоза, инчунин, Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуд, ки солҳои 2005-2015-ум даҳсолаи «Об барои ҳаёт» эълон карда шавад ва он аз ҷониби ширкаткунандагони форумҳои мазкур якдилона пазируфта шуд. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» расман эълон кард. Ин иқдомро 141 давлати ҷаҳон якдилона пазируфт, ки ин рӯйдод дар таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ҳодисаи дар ҳақиқат таърихӣ арзёбӣ гардид. Татбиқи ин даҳсола низ ба баргузории чорабиниҳои сатҳи гуногун чӣ дар ҷаҳон ва чӣ дар Тоҷикистон боис гардид. Танҳо дар шаҳри Душанбе давоми солҳои 2005-2015 се чорабинии сатҳи баланд баргузор гардид.
Бо ташаббус ва пешниҳоди Тоҷикистон соли 2013 ҳамчун соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон гардид. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 11-уми феврали соли 2013 баргузор гардид, ки дар он намояндаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари муаллиф ва ташаббускор иштирок ва суханронӣ намуд.
12-уми апрели соли 2015 дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея Форуми ҷаҳонии об баргузор гардид, ки дар он даҳсолаи аввалини ҳалли масоили вобаста ба обу иқлим таҳти унвони «Об барои ҳаёт» натиҷагирӣ карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромад дар ин чорабинии сатҳи баланд пешниҳод намуд, ки: “Ҷаҳонро мебояд дар ин самт бетаваҷҷӯҳ набошад ва бо мақсаднок истифода будани барномаҳое, ки дар доираи ин даҳсола амалӣ карда шуд бояд минбаъд низ дар ҳамин раванд тасмимҳои ҷиддӣ мавриди татбиқ қарор дода шаванд”. Ин ташаббус низ аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули Қатънома расман эълон карда шуд. Мутобиқи Қатънома давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал «Об барои рушди устувор» эълон шуда, он аз 22-юми марти соли 2018 оғоз ёфт ва марҳилаи хотимавии он соли 2028 хоҳад буд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираҳои обӣ бой аст, вале бо ин вуҷуд барои ҳифзи ин сарвати бебаҳои табиӣ ташаббусҳои заруриро дар сатҳи ҷаҳон пешниҳод менамояд то кишварҳое, ки аз ин ҷиҳат танқисӣ мекашанд бо қабули барномаҳои мушаххас мушкилашонро бартараф созанд. Аз ҳудуди Тоҷикистон калонтарин дарёҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла, Ому, Панҷ, Вахш, Сир, Кофарниҳон, Зарафшон ва ғайра ҷорӣ мешаванд. Қариб ҳамаи минтақаҳои табиии ҷумҳурӣ бо обҳои зеризаминӣ ба таври кофӣ таъминанд. Дар айни замон обҳои зеризаминӣ эҳтиёҷи бисёр соҳаҳои кишоварзӣ ва нуқтаҳои аҳолинишинро қонеъ мегардонанд. Об манбаи бузурги истеҳсоли нерӯи барқ низ мебошад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истифодаи ин неъмати табиӣ барои рушди иқтисоди миллӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саҳм гузоштан дар энергияи сабз тадбирҳои муасирро амалӣ менамояд. Хотиррасон мешавем, ки моҳи июни соли 2017 Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон ташриф овард. Роҳбари ин Созмони бонуфузи ҷаҳонӣ зимни боздид аз Кӯли Саррез баён дошт, ки: “Аз ин муъҷизаи табиат мо бояд ду сабақ омӯзем. Аввал, пеш аз ҳама, мо мушоҳида менамоем, ки пиряхҳо об шуда истодаанд, бинобар ин, ниҳоят муҳим аст, ки тамоми ҷомаеи байналмилалӣ барои андешидани тадбирҳои таъсиргузор ва иқдому талошҳои муассир дар ростои пешгирии зуҳуроту таъсири тағйирёбии иқлим ҷалб карда шавад ва иқдомҳои зарурӣ барои татбиқи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим амалӣ гардад. Силсилаи чораҳое андешида шаванд, ки мо тавонем ояндаи сайёраи худ ва инсониятро аз гирдоби хавфу падидаҳои хатарзои натиҷаҳои тағйирёбии иқлим раҳоӣ бахшем. Аз дигар ҷиҳат, ҳангоме ки мо ба ин Кӯли нодир назар меафканем, мо муқаддам аз ҳама, неъмати гаронбаҳои табиат – обро мебинем. Кӯли Сарез мисоли хуби он мебошад, ки чи гуна мо бояд захираҳои обиро нигоҳ дорем. Тоҷикистон аз рӯи ҳамин формула фаъолият намуда, барои пешгирӣ аз тағйирёбии босуръати иқлим ва сарфакоронаю мақсаднок истифода намудани об ташаббусҳои байналмилалии худро марҳила ба марҳила пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ менамояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ дар навбати худ ин ташаббусҳоро ҷонибдорӣ менамояд. Чун татбиқи ин барномаҳо барои стратегияи Рушди Устувор, ки саодати ояндаи башарро замина мегузорад, муҳим аст. Ёдовар мешавем, ки солҳои шастуми асри ХХ дар Осиёи Марказӣ 20 миллион нафар зиндагӣ мекарданд. Алҳол шумораи аҳолӣ дар минтақа ба даҳҳо миллион нафар зиёд шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки агар заминҳои обёришаванда он солҳо 4 миллион гектарро ташкил дода бошад, имрӯз он боз ба миллион гектарҳо зиёд шудааст. Масъалаи таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби нӯшокӣ сол то сол ба мушкилоти аввалиндараҷа табдил меёбад. Ба гуфти коршиносон баъди соли 2030, ки теъдоди аҳолии ҷаҳон аз 10 миллиард нафар мегузарад, ин масъала боз ҳам печидатар мегардад. Захираҳои оби Осиёи Марказӣ, ки қисми зиёди он аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд, миёни ҷумҳуриҳои минтақа тақсим шудааст. Шурӯъ аз соли 2017 ва минбаъд соли 2018 Ҳукумати Тоҷикистон талош намуд то таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро боз ба ин масъала ҷалб намояд. Ҳамин тавр, аз 22-юми марти соли 2018 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба таври расмӣ оғоз гардид. Дар ин рӯз дар бинои Созмони Милали Муттаҳид воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз рӯи ташаббуси навбатии Тоҷикистон чорабинии сатҳи баланд баргузор шуд. Чорабинии мазкур ба санаи биступанҷуми баргузории Рӯзи байналмилалии захираҳои об рост омад, таъкид шуд, ки ин ҳамоиш ба фаъолияти пурвусъати Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳҳои ҳалли яке аз мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об саҳифаи наверо боз хоҳад кард.
Бахшида ба ташаббуси Тоҷикистон 20-уми июн ҳамон сол дар Кохи Сомони Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба кори худ оғоз кард. Дар чорабинӣ аз ҷониби корошиносони аршади сатҳи байналмилалӣ таъкид карда шуд, ки Конфронс барои таҳияи тавсияҳои мушаххас роҷеъ ба рушди устувор, ки дар он Ҳадафи шашум оид ба захираҳои об муҳокима мегардад, имконоти мусоид фароҳам меорад. Қисмати расмии Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки ҳадафи он пешбурди амал ва муколамаи сиёсӣ оид ба об барои Рушди Устувор таъин шуда буд, бо қабули се ҳуҷҷати ниҳоӣ анҷом ёфт. Санадҳое, ки дар Конфронс қабул гардиданд:
1. Эъломияи Конфронси Душанбе оид ба тавсияҳо барои амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»;
2. Рӯйхати ташаббусҳо ва робитаҳои шарикӣ, ки иштироккунандагон дар ҷараёни Конфронс барои амалисозии Даҳсола ва дигар масъалаҳои дахлдор пешниҳод карданд;
3. Хулосаи ҳамраисон бо маълумоти асосии ҷаласаҳои Конфронси Душанбе.
Тоҷикистон давоми чанд соли охир дар чорабиниҳое, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардиданд фаъолона иштирок намуда, чун кишвари муаллиф ва ташаббускор назари худро дар ин самт баён дошта, ҷомеаи ҷаҳониро барои татбиқи ин ҳадафҳо водор месозад.
Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз дар маърӯзаи худ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити атроф дар соли 2003 чунин хотиррасон карда буд: «Ду миллиард инсонҳо ба оби нӯшокӣ эҳтиёҷи ҷиддӣ доранд». Илова бар ин, инчунин, ду миллиард одамони дигар ба ҳолатҳои камбуди об дар ҳаёти худ амалан дучор омадаанд. Тибқи далелҳои Бонки ҷаҳонӣ, ба тағйирёбии ҷиддии вазъият дар тӯли 50 соли наздиктарин умед бастан ғайриимкон аст. То миёнаи асри ХХI аллакай 40 фоизи аҳолии Замин ба камбуди об дучор хоҳад омад, 20 фоизи он аз чунин камбудӣ ба таври ҷиддӣ азият хоҳанд кашид. Дар асл чунин дурнамои нохуш тағйирёбиҳои глобалии иқлимро, ки эҳтимолан метавонанд вазъро шиддатнок гардонанд, ба назари эътибор нагирифтааст. Дар шароити кунунӣ афзоиши шумораи аҳолӣ, равандҳои шаҳршавӣ, рушди иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми талабот ба энергия ва озуқаворӣ фишороварӣ ба захираҳои табиӣ, пеш аз ҳама, захираҳои обро дар сатҳҳои гуногун дучанд пурзӯр намудааст. Далел он аст, ки соли 2050 мушкилоти бо озуқаворӣ таъмин намудани аҳолии сайёра бо шумораи тақрибан 9 млрд нафар афзоиши тақрибан 50 фоизаи истеҳсолоти кишоварзиро тақозо менамояд. Тоҷикистон ҳоло дар ҳалли мушкилоти ҷаҳон ва минтақа, аз ҷумла, дар масъалаҳои вобаста ба об ва тағйирёбии иқлим саҳми арзишманд дорад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун «Раванди оби Душанбе» пазируфта шудааст, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ ба таври хос муаррифӣ кардааст. Ҳоло иқдоми чоруми Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 дар сатҳи милливу минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст. Масъалаи таъмини аҳолии кишварҳои ҷаҳон бо оби ошомиданӣ, тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси Тоҷикистон қарор гирифтааст. Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан се-яки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст. Дар ин замина, кишвари мо ба мақсади эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, мушаххас намудани Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якҷо бо шарикони байналмилалии худ талош намуда истодааст, ки ин ташаббуси навбатӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор ва наҷотбашхи башарият аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир дар ҷомеаи байналмилалӣ бештар муаррифӣ намояд.
Тавре маълум аст, сарчашмаи асосии оби нӯшокӣ пиряхҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ маҳсуб меёбанд. Муаммои тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он аз масъалаҳои муҳим дар арсаи ҷаҳон арзёбӣ мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ доир ба хатари тағйирёбии иқлим баромадҳо карда, таваҷҷӯҳи аҳли сайёраро ба ин масъала ҷалб намуда, ба манфиати башар пешниҳодҳо менамояд. Муҳим будани ҳалли масъалаи глобалии тағйирёбии иқлимро барои сайёра ҳанӯз собиқи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар маърӯзаи нахустини расмии худ таъкид намуда буд: «Хатари ҷанг, ки ба инсоният ва сайёраи мо таҳдид мекунад, бо тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ баробар аст». Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд аст, ки масоҳаташон ба 11146 км2 баробар аст ва ин нишондиҳанда 8 дарсади ҳудуди кишварро дар бар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300м ҷой гирифтаанд. Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845км3 баробар буда, пиряхҳои хурд бо масоҳати 1км2 танҳо 20 фоизи шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85 фоизи ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд. Дар Тоҷикистон пиряхҳои Федченко (651,7км2), Грумм-Гржимайло (143км2), Гармо (114,6 км2) ва даҳҳо пиряхҳои дигар, ки зиёда аз 30км2-ро фарогиранд, аз шумули бузргтарин пиряхҳои минтақаву ҷаҳонанд. Пиряхи Федченко яке аз калонтарин пиряхҳои дунё ба шумор рафта, дарозии он 77 км ва бараш аз 1700 то 3100 метрро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки иқлими замин якмаром набуда, дар ҳар давру замон гармоҳои баланду шаддидро аз сар гузаронидааст. Масалан асрҳои 3-2-и то милод гармои шадид солҳои зиёд давом карда будааст. Дар ҳазорсолаи 1 то милод ва 1 милодӣ ҳарорати ҳаво дар сайёра мӯътадил гашт, дар асрҳо 13-18 дараҷа сард шудааст. Инак 200 сол боз ҳарорат дар сайёраи замин афзуда истодааст. Иқлимшиносон бар он назаранд, ки баланд шудани ҳарорати ҳаво дар сайёра боиси дигаргуншавии иқлим ва сар задани офтаҳои табийӣ, аз ҷумла, боришоти аз ҳад зиёди борону барфҳои ғайримавсимӣ, ифлосшавии уқёнусҳо, об шудани пиряхҳои хурду калон, селу обхезӣ, сар задани сухторҳои бузург, туфон, хушксолӣ мегардад. Тибқи баррасии коршиносон дар марказҳои гуногуни тадқиқотии ҷаҳон олимон ба ин натиҷа расиданд, ки бар асари тағйироти босуръати иқлим то соли 2050 аз 20 то 40 дарсади мавҷудоти руйи заминро хатари нобудӣ таҳдид мекунад. Тибқи оморҳо ҳамасола дар сардтарин қитъаи олам – Антарктида сардии ҳаво на камтар аз 100 дараҷаро дар бар мегирифт, вале тайи чанд соли кунунӣ сардии ҳавои он поёнтар аз 70 дараҷа гаштааст. Таҳлил ва пажӯҳиши иқлимшиосон собит менамоянд, ки сол ба сол бо сабаби таъсири идомаи дигаргуншавии иқлими сайёра пиряхҳо, ки манбаи асосии ташаккулёбии об дар ҷаҳон ба шумор мераванд, аз байн рафта, боиси норасоии оби тозаи ошомиданӣ ва сар задании офатҳои табиӣ дар рӯи замин мегарданд. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиряхҳо манбаи асосии оби тоза мебошанд. Обшавии босуръати пиряхҳо ва ҳамчунин афзоиши масрафи об вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар одамон таҳдид мекунад. Тавре Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд: «Агар солҳои шастуми асри гузашта ҳаҷми об ба ҳар сари аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ дар як сол беш аз ҳашт ҳазор метри мукаабро ташкил медод, имрӯз ин рақам беш аз 4 маротиба кам шуда, дар як сол бештар аз ду ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Мутаассифона, обшавии пиряхҳо дар Арктика ва Антарктика боиси болоравии сатҳи баҳри ҷаҳонӣ шудааст. Ин, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион нафар дар рӯи Замин, бахусус дар ҷазираҳои хурд ва манотиқи соҳилӣ таҳдид кунад».
Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла, тағйирёбии иқлим диққати махсус дода мешавад. Тоҷикистон чун кишвари пешбарандаи сиёсати «Дарҳои боз» кӯшиш менамояд, ки дар ҳалли мушкилоти глобалии тағйирёбии иқлим ташаббус нишон дода, ҷомеаи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ дар ин самт даъват намояд. Вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ борҳо ташаббусҳо пешниҳод гардидаанд, аз ҷумла, дар Форуми сеюми ҷаҳонии иқлим дар шаҳри Женева (31-уми август ва 4-уми сентябри соли 2009), Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, дар Копенгаген, Дания (7-ум ва 18 декабри соли 2009), Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим дар Фаронса (30-юми ноябри соли 2015), Мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка (29-уми сентябри соли 2015), Муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи «Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим» дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка (28-уми сентябри соли 2015) ва дигар конфронсҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ ташаббусҳои муҳимму саривақтӣ пешниҳод шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ вобаста ба ҳалли масоили обу иқлим яке аз кишварҳои пешоҳанг ва ташаббускори асосӣ шинохта шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмуаи Умумии Созмони Милалӣ Муттаҳид ва созмони ҷаҳонии Метеорологӣ рӯзҳои 26-уми октябр ва 2-юми ноябри соли 2021 дар мавзуи роҳу воситаҳои рафъи мушкилоти техникӣ ва молиявӣ баҳри ноил гардидан ба дастовардҳо дар мубориза бо гармшавии иқлим суханронӣ намуданд. Боиси сарфарозист, ки 14-уми декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро бо иттифоқи оро қабул кард. Қатъномаи «2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз Қатномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд.
Тибқи ин Қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.
Дуввум ин, ки аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.
Инчунин, мутобиқи ин Қатънома Созмони Милали Муттаҳид таҳти ҳамоҳангии Дабири кулли ин Созмон Фонди трастии мақсаднок, яъне, Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад.
Чорум, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд.
Қабули ин Қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешниҳоди ташаббусҳои муҳим дар масъалаи тағйирёбии иқлим, инчунин, дар пешгирии паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим дар амалия низ саҳми худро мегузорад. Дар Форуми байналмилалии Душанбе оид ба «Оби тоза» соли 2003 масъалаи дучор шудани сайёра ба тағйирёбии иқлим мавриди муҳокима қарор дода шуда, таваҷҷӯҳи иштирокчиён ба таъсири хушкшавии баҳри Арал дар тағйирёбии иқлим ҷалб гардида буд. Баҳри Арал натанҳо мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ аст, балки хушкида аз байн рафтани он барои иқлими тамоми сайёра оқибати ногувор дошта, таъсири он батадриҷ ба тамоми сайёра мерасад. Хушк шудани баҳри Арал ба тағйирёбии иқлим таъсири воқеӣ дорад. Коршиносон муайян намудаанд, ки хушкшавии баҳри Арал хусусан ба шиддати обшавии пиряхҳо то андозаи муайян мусоидат намудааст. Тибқи назари коршиносон ҳамасола миллионҳо тонна чанг ва намакҳои қаъри баҳри хушкшуда тавассути шамоли сахту тӯфонҳо ба ҳаво бархеста, ба масофаи дур паҳн мегардад, ки дар натиҷа як қисми ин намакҳо ба пиряхҳои Помиру Тян-Шон нишаста, обшавии онҳоро метезонад. Масъалаи пешгирӣ аз хушкшавии баҳри Арал метавонад, дар пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим то андозае нақши муассир дошта бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон паёмади манфӣ доштани тағйирёбии иқлимро ба назар гирифта, соли 2002 «Барномаи амали миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро доир ба коҳиши оқибатҳои тағйирёбии иқлим таҳия намуд, ки он самтҳои асосии фаъолияти Тоҷикистонро барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим, зарурати таҳкими иқтидор барои омӯзиши минбаъда ва густариши дониши илмии системаи иқлим ва тағйироти он ва самтҳои асосии ҳамкории байналмилалиро муайян мекунад. Коршиносон тағйирёбии иқлимро монеаи асосии кишварҳои ҷаҳон барои расидан ба Рушди Устувор медонанд. 29-уми ноябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардид. Раёсати фонди мазкурро солҳои 2020-2022 ҷониби Тоҷикистон ба уҳда дошт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста буда, Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ бо ташаббусу ибтикороти бузург ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба обу иқлим барои саодати аҳли башар ҳарф мезанад ва кишвари мо дар ин самт яке аз давлатҳои пешсаф дар миқёси ҷаҳон шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳм гузоштан дар ҳалли масъалаи глобалии иқлим ташаббусҳои зиёдеро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ менамояд, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама мусоидат намудан дар пешгирии паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, бахусус, обшавии пиряхҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад. Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, барои рушди натанҳо як давлат, балки барои пешрафти давлатҳои ҷаҳон ва ҳифзи сайёра аз хатарҳои глобалӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин замина ба ҳалли бисёре аз праблемаҳои вобаста ба об дар сайёра иқдом гирифта шуда, идома дода мешаванд. Махсусан, дар Тоҷикистон корҳои зиёде ҷиҳати таъмини аҳолии мамлакат бо оби ошомиданӣ ба сомон расонда шудааст.
Ҳамин тавр, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи олам бо талошҳои башардӯстонаи худ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст ва дар меҳвари ташаббусҳои Тоҷикистон наҷоти башарият қарор дорад. Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯз дар танзими ҳама равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои ҷаҳонӣ саҳми шоён дорад, махсусан силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об беназир аст. Дар замоне, ки масъалаи оби тозаи ошомиданӣ барои ҷаҳониён дар ҳазорсолаи нав мушкилии ҷиддиеро пеши рӯ овард, Тоҷикистон аввалин мамлакате буд, ки масаъалаи таъмини аҳолӣ ва дастраси ба оби тозаи ошомиданиро дар минбари Созмони Миллали Муттаҳид ба миён гузошт.
Валиев Давлатёр
рӯзноманигори Хадамоти ректор