ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ОМИЛИ АСОСИИ БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН


ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ОМИЛИ  АСОСИИ БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

9-сентябри соли 1991 дар таърихи муосири халқи тоҷик воқеаи фаромӯшнашаванда ба амал омад, зеро дар ин рӯз дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намуд. Ин рӯз ҳамчун зодрӯзи Тоҳикистони соҳибистиқлол ва ҳамчун санаи дурахшон дар таърихи чандинасраи халқи тоҳик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Дар Декларатсия оид ба истқлолият кайд карда шуд, ки парламенти мамлакат дар асоси меъёру принсипҳои байналхалкии ҳифзи ҳуқуқ ва иродаи ­халкҳо, қарор ­дод, ки давлати соҳибихтиёри тоҷикон барпо карда шавад. Тоҷикистон-қайд карда мешавад дар ин ҳуҷҷат, муносибатҳои худро бо ҳамаи субъектҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар асосҳои неки ҳамсоягӣ барпо мекунад. Тоҷикистони соҳибихтиёр аъзои Иттиҳоди умумиҷаҳонии давлатҳо гардида, дар сиёсати берунӣ барои мустаҳкам кардани сулҳ, амнияти байналхалкӣ ва ҳамкории байни халкҳо фаъолият мекунад. Халқи тоҷик эълони соҳибихтиёрии миллиро бо камоли хурсандӣ ва рӯҳбаландии бузург кабул карданд.

        Аммо мутаасифона, рӯзҳои эълон гардидани истиқлолият бо саршавии нооромиҳо ҳамоҳанг гардид ва моҳи сентябри соли 1991 дар шаҳри Душанбе гирдиҳамоии зиддикоммунистӣ оғоз мегардад. Дар раванди тазоҳурот бори аввал ҳаракати исломӣ мухолифини дунявиро ҳонибдорӣ менамояд. Ҳизби демократии Тоҳикистон, ҳаракати «Растохез» ва дигар ташкилотҳои сиёсиву мардумӣ ба сифати мухолифини бо назари дунявӣ баромад менамуданд. Сарварони ҳаракати исломӣ намояндагони худро ба кӯчаҳо мебароварданд. Онҳо бо мақсади мубориза бурдан бо ҳизби коммунистӣ ва роҳбарияти коммунистӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамлакат муттаҳид гардида буданд. Бо роҳи зери фишор қарор додани роҳбарияти сиёсии мамлакат сарварони ҳаракати исломӣ мавқеи худро дар ҳомеа мустаҳкам менамуданд. Бояд гуфт, ки соли 1991 Ҳизби демократӣ, ҳаракати «Растохез» ва «Ташкилоти ҳавонони озод» қаноти нерӯҳои демократии Тоҳикистонро ташкил намуда, дар муқобили Ҳизби коммунистӣ қарор гирифта бошанд ҳам, аммо дар интихобот ҳамагӣ 30% овозҳоро соҳиб шуда буданд. Бинобар ин, онҳо худро мухолифи ҳукумат эълон намуданд. Моҳи ноябри соли 1991 Раҳмон Набиев дар интихоботи президентӣ бо гирифтани 57% овозҳо ғолибият ба даст овард. Баъди ғолибият ӯ дубора ба фаъолияти Ҳизби коммунистӣ иҳозат дода буд. 30 апрели соли 1992 паси дарҳои пӯшида ҳаласаи фавқулодаи Шӯрои Олӣ баргузор мегардад, ки дар он президент Раҳмон Набиев ба вакилон пешниҳод менамояд, ки дар мӯҳлати ним сол идоракунии президентиро ҳорӣ менамояд. Инчунин дар ҳаласаи мазкур масъалаҳои ташкили нерӯҳои мусаллаҳи ҳумҳуриявӣ ва лоиҳаи нави Конститутсия низ баррасӣ мегарданд. 1 майи соли 1992 Шӯрои Олии Тоҳикистон дар бораи ташкили Комиссияи якҳоя, ки ба ҳайати он намояндагони ҳукумат ва мухолифин бояд шомил мегардиданд, қарор қабул менамоянд. Аммо чунин кӯшишҳо ҳарчанд барои ба эътидол овардани вазъият анҳом дода шуда бошанд ҳам, хеле дер шуда буд ва ҳукумат дигар вазъияти бамаломадаро танзим карда наметавонист.

         Новобаста аз мушкилотҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва оқибатҳои даҳшатноки ҷанги шаҳрвандӣ хиради азалии миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик ѓалаба карда, орзуи ба даст овардани мустакилияти миллӣ амалӣ гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихии соҳибистиқлолии кишварро чунин ба қалам додаанд, ки “... ва дар асл чунин ба даст омадани озодӣ ва истиқлолро касе ҳам тасаввур надошт. Ин истиқлолият ҳадяи бебаҳои таърих буда, устувору пойдор нигоҳ дошта тавонистани он масъулияти таърихии наслҳои имрӯза мебошад”[1].

           Муаррихони варзидаи тоҷик аҳамияти таърихии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар пойдории миллатро ба тариқи зайл хулосабароӣ намудаанд:

1.     Дар натиҷа, дар миқёси ҷаҳон давлати нав бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вуҷуд омад;

2.     Ҳангоми вохӯриҳо ва ҷамъомадҳои байналхалқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ мегардад;

3.     Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян менамояд;

4.     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷӣ мустақилона сиёсати худро муайян менамояд;

5.     Ҳангоми муайн намудани сиёсати дохилиаш озодона дин ва урфу одатҳои мардуми худро ба инобат мегирад ва ѓайраҳо.

Таърихшиносон бо изҳори таассуф қайд карданд, ки “Мардуми ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввал ба қадри ин “ҳадяи бебаҳои таърих” нарасиданд ва барои мустаҳкамию пешравии он накӯшиданд. Дар натиҷа соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ибтидо ба мушкилиҳои сахттарин дучор шуд. Мушкилтарин ва фоҷеаноктарини онҳо ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.”[2]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби хеш “Тоҷикон дар оинаи таърих”[3] аз мушкилоти бузаргтарини он давра ёдовар шуда менависад, ки “Таърихи истиқлолияти сиёсии мо ҳанӯз ҳам саҳифаҳои норавшан ва гиреҳҳои нокушодаи зиёде дорад. Ва муаммои аз ҳама бузургтараш он аст, ки аксарияти иштирокчиёни он, алалхусус ҷавонони бетаҷриба аз оѓоз то анҷоми ҷанг бозичаи дасти душманони дохилию хориҷии миллати тоҷик буданд...”. Ё сарвари давлат бо изҳори нигаронӣ менигорад, ки “Ҷумҳуриҳое, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расиданд, шукри истиқлол намуда, бо ѓайрати дучанд, бо рӯҳу илҳоми нав ба ободу хуррам сохтани ватани аҷдодии худ миён бастанд. Сад ҳайф, ки Тоҷикистон чунин нашуд. Тундбоди воқеаҳо, ки онҳоро бозсозӣ ба ҳаракат дароварда буд, боиси хархаша ва моҷароҳои зиёди сангину нангин дар Тоҷикистон шуданд..... Сатҳи зиндагӣ поён рафт. Ахлоқи ҷомеа таѓйир ёфт. Умеду орзуҳои неки мардум нимкора монд”[4]

Бо шукригузорӣ аз фазои орому осудаи имрӯзаи кишвар ва арҷгузорӣ ба Ваҳдати комили миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳавонон соҳибиқболи зодаи замони соҳибистиқлолии Ватан баҳои баланд дода, дар Паёми хеш ба Маҳлиси Олии кишвар иброз дошта буданд, ки «Ҳавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҳаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳам боиси ифтихори мо мебошад» ва таъкидан роҳбари давлат гуфта буданд, ки «Наврасону ҳавонони моро зарур аст, ки ҳавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҳдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд».

 

ШУЪБАИ ТАРБИЯ

 




[1] Рахмонов Э.Точикон дар оинаи таърих-Китоби якум.Аз Ориён то сомониён.-С.104.


[2] Хамон чо


[3] Эмомалї Рањмон.Тољикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Китоби якум.- Душанбе: «Ирфон», 2009.- С.14.


[4] Эмомалї Рањмон.Тољикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Китоби якум.- Душанбе: «Ирфон», 2009.- С.123.




06.09.2023 661

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php