“Аз нияту воқеият то хотимаи сил”. Баргузории чорабинии муҳим дар Душанбе


“Аз нияту воқеият то хотимаи сил”. Баргузории чорабинии муҳим дар Душанбе

Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ҳамчун шабакаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи аз сил осебдида барои муаррифии ҳисоботи “Фарқияти марговар, нашри 2” (Deadly Divide 2.0) ва баррасии омодагиҳо ба Вохӯрии сатҳи баланди СММ дар мавзуи бемории сил 2023 рӯзи 25-уми августи соли 2023 дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе чорабинии иттилоотиву адвокатсионие таҳти унвони “Аз нияту воқеият то хотимаи сил” баргузор намуд.

Ин ҳисобот дар асоси таҷрибаи шахсии беш аз 1000 нафар беморони мубталои аз 92 кишвари ҷаҳон, ки бевосита аз ин беморӣ осеб дидаанд ва кӯшиш доранд, то ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли ин масъала ҷалб кунанд, омода шудааст. Дар ҳисобот дастовардҳо аз рӯйи як қатор уҳдадориҳое, ки роҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар Вохӯрии сатҳи баланди СММ дар мавзуи сил дар соли 2018 бар дӯш гирифта буданд, таҳлил гардидааст.

Дар расми рӯнамоии ҳисобот Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, раиси Анҷумани миллии сил, Зиёвуддин Авғонов, котиби масъули Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа, Сафаралӣ Наимов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ва тариқи паёмҳои видеоӣ Лучика Дитию, директори иҷрояи ‘Stop TB Partnership’ (Женева) ва Ҷеймс Малар, мутахассиси шуъбаи дастгирии кишварҳо ва ҷомеаҳо барои таъсиргузорӣ дар ‘Stop TB Partnership’ (Женева) суханронӣ карданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ дар суханрониҳои худ бори дигар зарурати ҷоннок намудани кӯшишҳои муштаракро бо ҷалби тамоми сохторҳои дахлдор барои расидан ба ҳадафи олӣ, барҳам додани сил дар Тоҷикистону ҷаҳон зикр намуданд.

Дар муаррифиии ин ҳисобот, инчунин, намояндагони ҷомеаи аз сил осебдида ва ташкилотҳои ҷамъиятии дар самти мубориза бо бемории сил фаъолияткунанда аз тамоми ҷумҳурӣ ширкат намуданд.


26.08.2023 415

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php