Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати тоҷикон ва таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ


Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати тоҷикон ва таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ

«Истиклолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид».

                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш гардид ва дар ҷаҳон давлати мустақил шинохта шуд. Дар ин санаи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро соҳиб шуда, расман эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти миллати тоҷик кушода шуд. Тоҷикистони азиз соҳибистиқлол шуд, истиқлоли давлатӣ, истиқлоли миллӣ, истиқлолие, ки орзуи ҳар миллати озода мебошад ва бидуни он ҳамагуна дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ пойдор буда наметавонад. Халқи тоҷик дар даврони солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои арзишманди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардидааст, ки назирашро таърих ёд надорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафҳои стратегии халқу давлати Тоҷикистон эълон гардида, бо татбиқи пайгиронаи ин ҳадафҳои олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду тараққиёт ворид гашт. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Бо итминони комил метавон гуфт, ки Истиқлолият ва Ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад».

Мавриди таъкиди хос аст, ки халқи тоҷик бо шарофати Истиқлоли давлатӣ барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат дар муддати начандон тӯлонӣ ба хеле дастовардҳо ноил гашт ва фаъолияти созандаи худро дар ин самтҳои стратегӣ рӯз аз рӯз вусъат бахшида истодааст. Истиқлолияти энергетикӣ барои халқу давлати Тоҷикистон ва рушди минбаъдаи он аҳаммияти сарнавиштсоз дорад.

Имрӯз давлати озоду соҳибихтиёри Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста аст ва ҷаҳониён аз иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи он ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамоянд. Имрӯз садои тоҷиконро аҳли сайёра мешунавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди минтақавию байналмилалӣ ҳарфи саодати башарият мегӯянд ва Тоҷикистони соҳибистиқлол дар радифи давлатҳои муқтадири сайёра дар бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид мақому манзалати шоиста дорад. Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об аз ҷониби тамоми давлатҳои сайёра ҷонибдорӣ ёфта, амалӣ мегарданд, ки ҳамаи ин музафариятҳо самараи арзишманди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои сарвари оқилу хирадманди тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-ро даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуда, тоҷиконро ҷаҳониён ҳамчун миллати соҳиби ташаббусҳои наҷотбахши башарият шинохтанду эътироф намудаанд.

Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳангу ҳунар, суннатҳо ва анъанаву мероси таърихии миллати мутамаддини тоҷик, ки дар ҳоли нестӣ қарор доштанд, дубора эҳё шуда, ба ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ гардидаанд. Ин дастовардҳои таърихӣ бо шарофати замина ва шароитҳои фароҳамнамудаи Истиқлоли давлатӣ, ба роҳ мондани сиёсати ояндабинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корнамоиҳои миллати тоҷик ҷиҳати ҳифзи асолати таърхию миллӣ ба мардуми тоҷик муяссар гардидааст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: «Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи ойину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди нерӯи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати Истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик расмияти сиёсӣ пайдо кард».

Имрӯз давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳар кадом Тоҷикистонро ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта, тамаддуни ҳазорсолаи миллати тоҷикро ба унвони нигини осмони фарҳанги олам эътироф намудаанд. Дар ин роҳи пуршебу фароз ва масири таърихӣ хидматҳои шоиставу ҷовидонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари оқилу фарзона ва асолатпарвару хештаншинос бузург буда, мақоми абадият ва ибрати мондагоре барои наслҳои ояндаи миллати тоҷик аст. Дастовардҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷикро созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳон, аз ҷумла, Созмони омӯзиш, илм ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО ҳамчун мероси қадимаи бостонӣ ба рӯйхати дастовардҳои фарҳангии умумибашарӣ ворид намудааст.

Истиқлоли давлатӣ ва зарурати таҳкими дастовардҳои он моро водор месозад, ки хотираи таърихии халқамонро, ки бо талошу заҳматҳои зиёд эҳё гардидааст, ҳамчун арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ ҳимояву муаррифӣ намуда, мустаҳкам гардонем.

Ҳами тавр, мо тоҷикон роҳу ҷойгоҳи худро дар минтақаву ҷаҳон муайяну устувор кардаем ва бо нигоҳи дурбинонаву иродаи қавии хеш Тоҷикистон – Ватани муқаддасамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонем. Дар ҷаҳоне, ки фазояш зудтағйирёбанда мебошад ва ҳамарӯза амалҳои ғайриинсонию даҳшатборе дар гушае аз он анҷом дода мешавад, амнияту субот доштан, соҳиби давлат будан ифтихору масъулияти бузург ва мояи сарфарозист. Истиқлоли давлатӣ, ки барои мо халқи тоҷик шароити зиндагии озоду арзанда, орому осударо дар ҷаҳони пур аз низоъу бархӯрд фароҳам намудааст, аз мо тақозо мегардад, бо дарки масъулияти ватандорӣ пояҳои ин неъмати бебаҳо – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳимоя намуда, мустаҳкам гардонем.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор

 


28.08.2023 517

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php